ҲХДТ ҳизби хайрхоҳ!

Панҷшанбе, 30/04/2020-13:40

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо ҷалби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» бо дастгирии сокинони обрўманди деҳаи мазкур барои таъмин намудани оби нушокӣ аз канали обрав бо тариқи матори обкашони ба сокини деҳа, ки оилаи камбизоат мебошад, барои таъмин намудани оби нушокӣ, ҳамзамон ҷиҳати истифода бурдани   об борои заминҳои кишоварзии назди ҳавлигиаш бо тариқи ҳашари дастаҷамъона кашида дода мешавад. Сокинони бо нангу номус тасмим гирифтанд, ки дар ояндаҳои дар пешистода чунин корҳои хайру сахоро ба роҳ монанд. Инчунин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ҳамаи иштирокчиёни вохўрии имрўза оиди самарабахш истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ҳамзамон қоидаҳои  муҳофизат аз сироятёбии бемории сироятии коронавирусро шарҳу тавзеҳ дода, қайд карданд, ки гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *