ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

Шанбе, 25/04/2020-12:20

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар кўчаю хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳия аксияи ҳизбї таҳти унвони         “Хона ба хона” ташкил карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID-2019 буда, аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар ноҳияи Вахш варақаҳои иттилоотї дастрас карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Худойдод Ёров мудири Шўъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни баргузории ин аксия шаҳрвандонро хотиррасон кард, ки хушбахтона дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *