КОРҲОИ ТАБЛИЃОТЇ

Шанбе, 25/04/2020-12:22

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади пешгири аз бемории сироятии Коронавирус  имрўз бо донишҷуёну хонандагони Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш   суҳбату вохўрї доир намуд. Бояд қайд кард, ки дар ин муассиса тамоми шароитҳои зарури ҷиҳати пешгирї аз бемориҳои  сироятї  муҳайё  гардида, донишҷуёну хонандагон ҳама  пурра аз ниқобҳои  зидди вирусї   истифода менамоянд. Ҳамзамон дар рафти  вохўрї  Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳия  Худойдод  Ёров   қайд карданд, ки  имрўз  ҳар як сокини  сайёраро месазад, ки ҷиҳати пешгирї аз ин бемории сироятї   қоидаҳои муқарраргардидаро бе чуну чаро риоя намуда,   саломатии худ ва наздикони худро  муҳофизат  созанд. Дар охир ба ҳама устодону донишҷуёни  маводҳои таблиѓотї тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *