Истифодаи самараноки замин

Шанбе, 25/04/2020-12:30

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалї Раҳмон, дар деҳаи «Меҳробод»-и  Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳия ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигї, хоҷагиҳои деҳқонї ва заминҳои ёрирасонї президентї сўҳбату вохўриҳо баргузор намуданд.

Дар рафти вохўриҳо маълум гашт, ки аксарияти сокинони ин ҷамоат аз ин обу ҳавои мусоиди кишварамон истифода набурда, нисбати заминҳо беаҳамияти зоҳир менамоянд. Дар ҳудуди заминҳои наздиҳавлигї, ки масоҳаташон 0,15 га-ро ташкил медиҳанд, мушоҳида намудем, ки то ҳол ягон намуди зироатҳо кишт карда нашудаасту илова бар ин гову молҳояшон гашту гузор карда истодаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳастанд шахсоне, ки маърифати истифодабарии заминҳоро надоранд.

Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани сўҳбат бо аҳолї барои пешгирї аз сироятёбии бемории КОРОНАВИРУС ва риояи мунтаззами гигиенаи шахсї ва ҷамъиятї, инчунин ҳангоми баланд пайдо шудани нишонаҳои ин беморї саривақт муроҷиат намудан ба духтур ва дигар паҳлуҳо ба онҳо фаҳмонида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *