ЧОНФИДО АЗ БАҲРИ МИЛЛАТ МЕКУНЕМ

Панҷшанбе, 09/04/2020-08:00

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш рўзи 1 апрел бо иштироки раиси ноҳия Ќурбоналӣ Юсупов, волидайн ва дигар масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати оғоз гардидани маъракаи  даъвати баҳории ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» ҷамъомади тантанавӣ  баргузор  гардид.

Ќурбоналӣ Юсупов, раиси ноҳияи Вахш дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз љумла ќайд карданд:

-Хизмат дар сафи Ќувваҳои Мусаллаҳи Љумхурии Тољикистон, ҳимоя аз марзу буми Ватан-Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буду ҳаст ва ин рисолат азалӣ мемонад. Хизмат дар сафи Ќувваҳои Мусаллаҳ  пеш аз ҳама  мактаби мардонагӣ ва ҳар ҷавонмарди  асил бояд онро гузарад, дар он обутоб ёфта,  ҳамчун сарбози ҳақиқӣ ба камол расида, баҳри ҳимояи Ватан  омода гардад, ҳар ҷавонмарди асили сарзамин бояд пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари чашм эҳтирому нигоҳ дошта, дар таҳкими  онҳо саҳмгузор бошад.  Ҳамеша бо меҳри Ватан, миллат, давлат, забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша  тайёр бошанд.

Сипас ба наваскарон сару либоси варзишӣ, ба ҳар як волидайн даъватшаванда бо маблаѓи 500 сомонигӣ ҳамчун туҳфаи раиси ноҳия Ќурбоналӣ Юсупов дастрас карда шуд.

Сафарбарнамоии 38 нафар ҷавонон дар нахустин рӯзи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ   гувоҳӣ  медиҳад. Зеро аллакай шумораи дар меъёри даъват муқарраршудаи даъватшавандагон аз комиссияи тиббӣ гузашта, барои сафарбарнамоӣ омода ҳастанд ва дар рӯзҳои наздиктарин ба муҳофизати Ватан фиристода хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *