Наврӯз муборак бод!

Чоршанбе, 25/03/2020-14:40 Дар литсейи касбии техники ноҳия Наврӯзи Аҷамро бо тантана ҷашн гирифтанд. Донишҷӯёни муассисаи мазкур дастовардҳои хешро ба маърази тамошо гузошта, бо ҳафтсину ҳафтшин хони идонаи наврӯзӣ оро доданд. Шариф Табарзода, директори литсей,  ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, барои беҳтарин дастовардҳо донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандонро бо ифтихорномаҳо сарфароз намуд. Донишҷӯён бо суруду таронаҳои ҷаззоб хотири ҳозиринро болида…

Идомаи хониш ... Наврӯз муборак бод!

ТАҶЛИЛИ НАВРӯЗ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:36 Наврӯз куҳантарин, калонтарин, маъруфу азизтарин ҷашни мардуми ориёитабор аст. Ин ҷашнро шодию нишот ва зиннати зиндагии мардум  гӯем,  хато намекунем. Ҳатто, табиат тамоман дигаргун мешавад, тамоми муъҷизоти рӯйи олам аз омадани баҳор баҳра гирифта, эҳё мешаванд. Ҳама сокинони кишвари азизамон интизори ин ҷашну шодмонӣ буда, омодаанд, ки баҳри пешвозаш сурудҳо бисароянду оѓози баҳорро бо шодӣ пешвоз гиранд, то…

Идомаи хониш ... ТАҶЛИЛИ НАВРӯЗ

ИДИ САДОҚАТУ САМИМИЯТ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:34 Наврӯз дар ҷаҳон қадимтарин ҷашни соли нав аст, ки решаи таърихии онро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан лозим меояд. Ҳатто,  Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ситорагони илмҳои дақиқ пайдоиши Наврӯзро аз аҳди Каюмарс, яъне аз оғози офариниши Одам медонанд. Абурайҳони Берунӣ ба як ҷиҳати «Рӯзи умед» эътибор додааст, ки ба эътиқоди урфӣ «дар ин рӯз барои заминиён саодатро…

Идомаи хониш ... ИДИ САДОҚАТУ САМИМИЯТ

ГУЛПАРВАР

Чоршанбе, 25/03/2020-14:32 Баҳор-фасли зебои сол аст. Баҳор бо омад-омади хеш ба қалбу руҳи инсон тавоноии дигаре мебахшад. Баҳорро фасли зиндашавии табиат низ меноманд. Зеро дар ин фасли сол тамоми мавҷудоти рўйи олам гулу гиёҳ, долу дарахт, сабзаву майса сабзида, ба машом бўйи баҳор-Наврўзи оламафрўзро меорад. Сокини  Ҷамоати шаҳраки Киров Саидпошо Ҷононова, ба парвариши гулҳои хонагӣ машѓул аст, 200-намуд, гулҳои хонагиро…

Идомаи хониш ... ГУЛПАРВАР

Ғазали бахорӣ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:30 Гуворо накҳату бўи баҳор аст, Чи хўш зебоӣ аз рўи баҳор аст. Хамида то ба зону кокули бед, Ҳама гул бар сару мўи баҳор аст. Ғазалхон гашта мурғони хушово, Аҷаб хурсандию тўи баҳор аст. Шукуфта ғунчаҳои боғи Фирдавс, Бубин гулҳо, ки аз кўи баҳор аст. Нигар тиру камони ҳафтрангаш, Ба зебоӣ чу абрўи баҳор аст. Чунон аст шилдироси…

Идомаи хониш ... Ғазали бахорӣ

Сухани табрикотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 23 марти соли 2020

Душанбе, 23/03/2020-14:25 Ҳозирини гиромӣ! Ҳамдиёрони азиз! Бо шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва оромии ҳамешагӣ дар кишвари азизамон, ки аз заҳматҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам        Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба   сарзамини   соҳибистиқлоламон зеботарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи хуҷастапай қадамҳои файзбори худро ниҳода истодааст. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фаро…

Идомаи хониш ... Сухани табрикотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 23 марти соли 2020

ПАЙКИ НАВРЎЗ

Ҷумъа, 20/03/2020-12:30 Баҳор ва Наврўз калимаҳои ба ҳам алоқаманд буда, бо шунидани ин сухан пеши назари кас манзараҳои сарсабзу хуррам ва шукуфон намоён мешавад. Дар ин мавсими шукуфтанҳову рустанҳо табиат қабои сабзро ба бар карда, ташвишу серкории марди деҳқон дучанд мегардад. Аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, иди Наврўзӣ байналмиллалиро ба тамоми мардуми шарафманду заҳматкашӣ Тоҷикистон…

Идомаи хониш ... ПАЙКИ НАВРЎЗ

БАҲОР ФАСЛИ ЗЕБОИ СОЛ

Ҷумъа, 20/03/2020-12:28 Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, бахшида ба фарорасии  иди Наврўзи байналмиллалӣ, ба Шўъбаи Вазорати Корҳои Дохилӣ дар ноҳияи Вахш раҳсипор шуда, кормандони ин мақомотро бо табрикнома ва суманаки наврўзӣ табрик намуда, дар ин фасли зебои сол ба онҳо хушбатию сарбаланди орзу намуда, дар корҳои минъбадаашон бурдбориҳо таманно намуданд.

Идомаи хониш ... БАҲОР ФАСЛИ ЗЕБОИ СОЛ

БАҲОР ФАСЛИ ШУКУФТАНҲО

Ҷумъа, 20/03/2020-12:26 Чун баҳор мерасаду табиат ба  шукуфтан оѓоз мекунад, мардуми шарафманди тоҷик низ ба корҳои ободиву созандагӣ, машѓул мешаванд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш кормандони мақомоти судиро бо фарорасии фасли арўси сол, яъне баҳор ва иди Наврўзӣ байналмиллалӣ муборакбод намуда, онҳо ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми заҳматкашӣ вахшонзамин ин фасли дилафрўз ва Наврўзӣ…

Идомаи хониш ... БАҲОР ФАСЛИ ШУКУФТАНҲО

НАВРЎЗ МУБОРАК!

Ҷумъа, 20/03/2020-12:24 Бахшида ба ҷашни иди Наврўзӣ байналмиллалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ба як қатор мақомотҳо рамзи наврўзӣ, яъне  суманакро  ҳамчун ҳадяи баҳорӣ ва табрикномаи Наврузӣ пешниҳод намуданд. Ба Прокуратураи ноҳияи Вахш ташриф оварда, кулли кормандони ин мақомот ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафи Тоҷикистонро бо омад-омади ин иди аҷдодӣ таҳният гуфта, бо шеърхонии…

Идомаи хониш ... НАВРЎЗ МУБОРАК!