Наврӯз муборак бод!

Чоршанбе, 25/03/2020-14:40

Дар литсейи касбии техники ноҳия Наврӯзи Аҷамро бо тантана ҷашн гирифтанд.

Донишҷӯёни муассисаи мазкур дастовардҳои хешро ба маърази тамошо гузошта, бо ҳафтсину ҳафтшин хони идонаи наврӯзӣ оро доданд.

Шариф Табарзода, директори литсей,  ҳозиринро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, барои беҳтарин дастовардҳо донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандонро бо ифтихорномаҳо сарфароз намуд.

Донишҷӯён бо суруду таронаҳои ҷаззоб хотири ҳозиринро болида карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *