ТАҶЛИЛИ НАВРӯЗ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:36

Наврӯз куҳантарин, калонтарин, маъруфу азизтарин ҷашни мардуми ориёитабор аст. Ин ҷашнро шодию нишот ва зиннати зиндагии мардум  гӯем,  хато намекунем.

Ҳатто, табиат тамоман дигаргун мешавад, тамоми муъҷизоти рӯйи олам аз омадани баҳор баҳра гирифта, эҳё мешаванд.

Ҳама сокинони кишвари азизамон интизори ин ҷашну шодмонӣ буда, омодаанд, ки баҳри пешвозаш сурудҳо бисароянду оѓози баҳорро бо шодӣ пешвоз гиранд, то ки доимо мисли ҳамин рӯз дар  лабонашон ханда бошад.

Наврӯзи байналмилалиро хонандагони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия, бахусус синфҳои ибтидоӣ бо як шукуҳу шахомати хоса таҷлил карданд. Дар ин чорабинӣ хонандагон бо як тайёрии хуб  дида буданд. Кумитаи тадорукот аз ҳунари кадбонугии хонандагон дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

Хонандагон бо суруду таронаҳои наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *