НАВРӯЗИ ХУҶАСТА

Чоршанбе, 25/03/2020-14:45

Наврӯзи хуҷаста гул ба сар шод омад,

Бо накҳати хуш ба баҳру бар шод омад.

Дар боли насими гарми роҳатафзо, 

Бар меҳани хеш аз сафар шод омад.

Аз ранги сафеду сабзу сурхи алвон ,

Парчам бинамуд ҷилвагар шод омад.

Бо ҷилваи нозуки ҷаҳонорояш ,

Гул пошида дар кӯҳу камар шод омад.

Бишнид садои мурғи ваҳдат дар боғ,

Бикшод ба меҳр болу пар шод омад.

Аз базми таровату камони рангин,

Бар рӯи ҷаҳон бурда хабар, шод омад.

Ҳамрайию ҳамдилию сулҳу созиш,

Савғотии ӯст бар башар, шод омад.

Тоҷе зи гул андар сари дунё бинҳод,

Ин оини халқи тоҷвар шод омад

Аз муҳраи шабнамӣ бикард овезон,

Дар гардани себарга гуҳар, шод омад.

Дар пайраҳае, ки фасли гул бихромад,

Тундар фиканад ашки шарар, шод омад.

Аз хоби зимистонаи бисёр дароз,

Бедор намуда хоки тар, шод омад.

Бар хотири зар гирифтан аз хоки сияҳ,

Бар мазраи кишт  барзгар, шод омад.

Омӯхт ба боғу мурғакони сари шох,

Чакомаи  эҳёву зафар, шод омад.

Бо тантанаи зиёву чашми равшан,

Бахшида ба даҳр зебу фар шод омад.

Бар ҳар дару ҳар маҳфилу ҳар тантанае,

Меҳмони азизу муътабар шод омад.

Чун анънаи ниё ба  базми суманак,

Бонуи ба иффату ҳунар шод омад.

Бинмуда дили ҳазини худро холӣ,

Бо гиряи талх абри гузар шод омад.

У. БИЛОЛ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *