Ғазали бахорӣ

Чоршанбе, 25/03/2020-14:30

Гуворо накҳату бўи баҳор аст,

Чи хўш зебоӣ аз рўи баҳор аст.

Хамида то ба зону кокули бед,

Ҳама гул бар сару мўи баҳор аст.

Ғазалхон гашта мурғони хушово,

Аҷаб хурсандию тўи баҳор аст.

Шукуфта ғунчаҳои боғи Фирдавс,

Бубин гулҳо, ки аз кўи баҳор аст.

Нигар тиру камони ҳафтрангаш,

Ба зебоӣ чу абрўи баҳор аст.

Чунон аст шилдироси обҳояш,

Хуш оҳанге, ки аз ҷўи баҳор аст.

Ба зебоӣ рабояд қалби касро,

Нигоҳаш ҷумла бар сўи баҳор аст.

Зарандўзо, зи шеърат гул бирўяд,

Ки ашъори ту мавзўи баҳор аст.

Зарандўз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *