Сухани табрикотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов, дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 23 марти соли 2020

Душанбе, 23/03/2020-14:25

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва оромии ҳамешагӣ дар кишвари азизамон, ки аз заҳматҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам        Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ба   сарзамини   соҳибистиқлоламон зеботарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи хуҷастапай қадамҳои файзбори худро ниҳода истодааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фаро расидани   Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу  хонаободиро орзу намуда, таманнои онро менамоям, ки чун ҳамасола Наврӯзи имсола низ ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракатро арзонӣ биёрад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврӯзи  имсола низ  дар доираи ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллатамон оид ба эълон гардидани  солҳои 2019-2021  ҳамчун  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҷлил гашта истодааст.

Маҳз тавассути тарѓибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ арзишҳои милливу фарҳангии миллати  мо дар замони имрӯзаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз карда мешавад.

Бо назардошти арҷгузорӣ ба ин ташаббуси наҷибона  дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола дар мувофиқа бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни байналмилалии Наврӯз  барои солҳои 2020-2021 тасдиқ гардид.          

Вобаста ба ин ба Вазорату Кумитаҳо ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзӣ Ангора ва Рамзи  наврӯзиро дар саҳни биноҳо насб намоянд.

Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми  мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Дар баробари ҳамаи ин бо ифтихор бояд қайд кард, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбари давлатамон Наврӯзи бостонии ниёгонамон чун бузургтарин мероси тамаддун ба феҳристи созмони байналмилалии  ЮНЕСКО  шомил гардид.

Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баҳри гиромидошти он аз ҳар яки мо масъулияти баланди ватандорӣ ва худшиносӣ  талаб карда мешавад.

Аз ин лиҳоз ҳар яки мо бояд бо чунин ҷашни беҳамтои миллиамон ифтихор намуда,  онро бо шодию нишот истиқбол намоем.

Акнун Наврӯзи ҷаҳонафрӯзи мо дар арсаи байналхалқӣ барои рушди робитаҳои фарҳангӣ, тақвияти дӯстии байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат нақши созанда хоҳад бозид.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни давлатҳои дигар гиромӣ шудани Наврӯз дар он аст, ки дар тӯли асрҳо дар баробари  рушди маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдорӣ, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги ҳамкориву дустӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат хизмат намудааст.

Бо ифтихори баланд бояд қайд намуд, ки мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахт ҳастем, ки ин суннати деринаро бо рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Аз наврӯзномаҳои ниёгонамон огоҳ ҳастем, ки гузаштагонамон ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайвандгари табиату инсон, айёми покиву сафо ва муҳаббату дӯстӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мекарданд, ки он мувофиқи илми ситорашиносӣ ба нахустрӯзи офаринишу баҳор,  шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва ниҳоят ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.

Аз ин рӯ гузаштагони мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни  камназир шодбош мегуфтанд.

Яке аз суннатҳои бисёр  шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда  макони зисту  рӯзгор, сару либоси хешро аз нав тозаву озода намуда, ҳамдигарро бо чеҳраи кушод ва оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Аз қадим мардуми форсизабон бар он назар буданд, ки Наврӯзро ҳар гуна пешвоз гирӣ,  солат ҳамон гуна ба охир мерасад.

Аз ин лиҳоз кӯшиш мекарданд, ки ин ҷашнро бо фараҳу шодмонӣ таҷлил намуда,             дар ҳар хонавода хони наврӯзӣ ороста, якҷоя ҷашнро таҷлил мекарданд, ки то соли дигар бо ҳам сарҷамъ бошанд.

Дар арафаи  ҷашни  Наврӯз  аёдати хешу табор ва аз аҳволи  ниёзмандон хабардор шудан  дар фарҳанги мардуми мо хело ҳам   муҳим арзёбӣ гардида, аз  ҷумлаи амалҳои хайру савоб дониста мешавад.

Дар ин лаҳзаи тантанаҳои  Наврӯзӣ бори дигар ёдрас мешавам, ки чунин амалҳои хайру савоб нисбат ба ниёзмандон аз мадди назари  ашхоси боҳиммати ноҳия  дур нахоҳад монд.

ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ! 

Ҳоло мардуми шарифи тоҷик бо ҳидояти Сарвари маҳбуби худ азм доранд, ки             ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар фазои сулҳи комил, зери ливои ваҳдати миллӣ бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ  таҷлил намоянд.

Бо ин мақсад имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон корҳои ободониву созандагӣ  ҷараён дорад, ки аз вусъати тоза ба сӯи фардои дурахшонтари Тоҷикистони азизамон дарак медиҳад.

Дар ноҳияи Вахш низ дар асоси нақшаи таҳияшуда сохтмони 342 адад иншоотҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  соҳибкорони маҳаллӣ ва шаҳрвандони алоҳида ба нақша гирифта шудааст, ки дар   доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

ДӯСТОНИ АЗИЗ,

Мо аз он ифтихор дорем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

Чунки маҳз обу замин аз унсурҳои асосии табиат ба ҳисоб рафта, рӯзгори ҳамешагии инсоният аз истифодаи самараноки он вобастагии калон дорад.

Бо истифода аз файзу баракати Наврӯз бо дасту дили гарм барои ободонӣ ва хуррамии Ватани азизамон  бикӯшем то ин, ки рузгорамон ҳамеша сарзабзу пурсаодат бошад.

Бо чунин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ самимона табрик мегуям.

Бигзор  Наврӯзи  имсола низ ба фаъолияти кории мо   фатҳу нусратҳои бузург ва ба хонадонамон бахту саодати тоза биёрад.

САРБАЛАНДУ ХОНАОБОД БОШЕД !

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *