БЕҲТАРИН ИНТИХОБОТ

Панҷшанбе, 05/03/2020-09:45

Рӯзи 1 марти соли 2020 субҳи барвақт бо садои додани Суруди миллии Тоҷикистон, ки дар тамоми участкаҳои интихоботӣ садо дод, ҳамчун як рӯзи ид буд. Чун мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба участкаҳои интихоботи хозир шуда, ба номзадҳои арзандаи худ райъ медоданд. Мо низ ҳамроҳи аҳли байт ба участкаи интихоботии маҳалли зистамон рафта, овоз додем.

Аз чеҳраҳои болидаи мардум аён буд, ки дар ин маъракаи муҳими бо табъ болида ва қалби пур аз фараҳ ба интихобот меоянд. Ҳатто дар садои мусиқиҳои ватандӯстона мерақсиданду шодию хушҳолӣ мекарданд. Ҳамчун як фарди ҷомеа аз шодию нишоти мардум дида, беихтиёр ашк аз дидагонам ҷорӣ шуд.

Пеши назар аз лаҳзаҳои мудҳиши ҷанги шахрвандӣ ҷилвагар гашт. Аз як сӯ садои тир, аз сӯи дигар оҳи падарон, нолаи модарон, ҷигари сӯхтаи хоҳарон ва фиғону арӯсон гӯши фалакро мешикофт. Дар як деҳа ҳамсоя бо ҳамсоя, бародар бо баробар, падар бо писар душмани ҳамдигар гашта буданд. Аз ҳар деҳа ҷавонони 20-30 қурбони ҷанги бемаънӣ гардиданд.

Ин ҷанги бемаънии солҳои 1992-1997-ум натанҳо ҷони ҷавононро рабуд, балки ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд овард. Дар водии Вахш бештари хонаҳо сӯхтаву валангор гашта, аз куштаҳо пуштаҳо пур шуд. Дар бораи ин даҳшат садҳо китоб нависем кам аст. Баъзе аз ҳамватанонамон фирефтаи зархаридони хориҷӣ гашта, ба сӯи миллати хеш тир мекушоданд. Онҳо гумроҳ шуда, фармонбардорӣ хоҷагони хориҷиашон буданд. Ҳатто падару бародар, хешу табор барояшон фарқияте надошт.

… Аз он рӯзҳои мудҳиш солҳо сипарӣ гардиданд, вале он ваҳшонияту даҳшатафканиҳо ҳеҷ аз пеши назар зудуда намегардад. Мо-тоҷикон дигар он тоҷикони солҳои 1992-1997-ум нестем. Халқе будем парешону азият дида, дигар намехоҳем, ки он рӯзҳои мудҳишро бинем. Мо-тоҷикон бо ҳамем. Дасти ба дасти ҳам медиҳем, ватанамонро обод месозем. Дар рушду нумуи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорем. Дигар намегузорем, ки нокасу нохалафе ба сӯи миллати тоҷик бо чашми бад нигарад. Кӯр бод он дидае, ки ба сӯят менигарад, меҳанам.

Кош ҳама рӯз чун рӯзи 1 март идона бошаду мардум бо ҳам шодию хурсандӣ намоянд. Чеҳрахандону хушиқбол бош, ҳамватани азизам!!!

Саъдии Вахшонӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *