ҲАДАФ-ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Панҷшанбе, 27/02/2020 – 18:17 

Дар  деҳаи «Яккатут»-и Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш тибқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо сокинон вохўрӣ гузаронида, бо иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи дар пешистода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар вохўрӣ раиси ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов О, баромад намуда, сипас суханро ба номзад аз ҲХДТ, Сафарзода Бахтовар Амиралӣ доданд. Ба аҳолӣ фаҳмонда шуд, ки дар рўзи 1-уми марти соли 2020, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, иштирок намуда, барои ояндаи босуботи Тоҷикистон, ояндаи неки худ ва фарзандони худ овоз диҳанд. Иштирок дар интихобот ҳам қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост, ҳам маданияти баланди сиёсӣ доштани мардуми сарбаланди кишварро нишон медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *