ВОХЎРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО ХИЗМАТЧИЁН

Душанбе, 24/02/2020-09: 45

Бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Вахш  чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ иҷрокунадаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ,  фаъолони ноҳия ва кормандони бахши фарҳанг ширкат варзиданд.

Қурбоналӣ Юсупов, бо паёми табрикии хеш афсарони сарбози қисми низомӣ-ҳомиёни содиқи марзу буми Ватанро ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тансиҳативу саодатмандиро орзу намуда, баҳри иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматиатон муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *