ҲИФЗИ САРҲАД БЕҲТАРИН ИБОДАТ АСТ

Ҷумъа, 21/02/2020-18:20

Дар дини мубини ислом калимаи ибодат ва парастиш як маҳфум ва доираи кушоду васеъ дорад. Бисёр корҳо ва аъмоли дунявӣ ба сабаби дуруст кардани ният ва ислоҳ кардани зовият нигоҳ натанҳо ибодат балки беҳтарин ва афзаларин ибодат назди Парвардигор ҳисобида мешавад.

Инсон ниятҳои дуруст мекунад, агарчи дар он фоидаҳои дунявӣ зиёданд, лекин ҳифзи сарҳад дар назди Худованд ба монанди намозу рўза, тиловати Қуръон ва ибодат ба шумор меравад.

Инсон ба тиҷорат машғул мешавад, тиҷорат кардан як амри мубоҳ аст. Яъне на савоб дораду на гунаҳ танҳо ба шахс фоидаи дунявӣ меорад. Лекин агар ба нияте тиҷорат кунад, Яздони пок нафақаи зану фарзанд ба он шахс воҷиб мегардонад.

Посдорӣ ва нигаҳдории сарҳад ва марзу буми кишвар худ яке аз корҳои беҳтарин ва афзалтарин мебошад. Агарчи як кори дунявӣ бошад, лекин дар ҳақиқат як ибодати бузург назди Парвардигор аст. Чунки сарбоз ба нияти амни мардум, осоиши ҳаёт ва орому осудагии халқи кишварро нигаҳбон аст. Шаб бедорхобӣ мекашад, то посбони марзу буми диёр бошад. Осудаи афсар осоиши тамоми аҳолист. Дар яке аз ҳадисҳои Расули Худо низ оварда шудааст: «Ду чашме, ки рўзи қиёмат оташи дўзах ба онҳо ҳаром аст, яке аз тарси Худо шабҳо ашк мерезад, дуввум чашме, ки дар роҳи Худо посбонӣ мекунад».

З-ин рў, ҳимояи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст. Пас, биёед ҷавонони азиз, дар ҳимояи онро омода бошем. Нагузорем, ашхоси бегонае марзи кишварро убур созад ва осоиши мардумро халалдор созад.

Ин Ватан аз мост ва мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз месозем ва баҳраш ҷони хешро фидо мекунем.

Саид Давлатов,

имомхатиби масҷиди ба номи

«Абўбакри Сиддиқ»-и Ҷамоати

деҳоти Тоҷикобод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *