Ҷумъа, 21/02/2020-16:55
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоботи дар пеш истода, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, дар маҳаллаи «Шуробод»-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳияи Вахш вохӯри баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ номзадҳои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо аҳолӣ шинос шуда, хоҳишу дархостҳои онҳоро шуниданд. Дар назди сокинони маҳал оид ба дастовардҳои бузурги барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумот пешниҳод кардаанд.