ПАЁМ-РОҲНАМОИ СОҲАИ МАОРИФ

Панҷшанбе, 30/01/2020-11:29

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соле баргузор гардид, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнвораҳои таърихиро пайи ҳам ҷашн мегирифтанд. Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳоро ба инобат гирифта камбудию норасогиҳоро ба намояндагон ва шахсони сохторҳо муваззаф гардонид. Аз ҷумла соҳаи маориф, ки Пешвои миллат дар сиёсати пешгирифтаи худ дар мадди аввал гузоштааст. Ин ҳама аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи ӯ дарак медиҳад. Дар ҳар як баромадашон такя ба насли наврас ҷавонон намуда, барои омӯхтани донишҳои замони муосир диққати махсус медиҳад. Паёми навбатӣ, мо маорифчиёнро бори дигар муваззаф гардонид, ки баҳри таълиму тарбияи насли наврас ҷавонон аз бар кардани донишҳо аз ҷумла донистани забонҳои русию забони хориҷӣ, доштани донишҳои муосир иттилоотӣ, иноватсионӣ аз худ намудани касбу ҳунар, дарёфти ҷавонони бо истеъдод кушиш ба харҷ диҳем.

Мо-маорифчиён шукрона аз давлати биҳиштосоямон намуда, Паёми навбатиро сармашқи кори хеш карда, аз пайи ислоҳи камбудиҳо, ободонию гул-гул шукуфоии Тоҷикистони офтобиамон мешавем. Ҳадафи мо ташкил намудани муассисаҳои инкишофи кӯдак, ки ин асоси мустаҳкам намудани дониши хонандагон мебошад зиёд намоем. Шукрона аз он дорем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ пурра ба роҳ шудааст ва тарбиятгирандагон низ озодона ҳарф зада метавонанд. Дастгириҳои беандозаи Сарвари давлатамонро ҳамаҷониба қабул намуда, тарбияи насли наврасро бо ибтикори ватандӯстию хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ худогоҳӣ аз бар намудани таърихи гузаштаи худ равона созем. Инчунин наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ  ташвиқу тарғиб месозем. Қобилияти эҷодии онҳоро боз ҳам тақвият бахшида ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, фанҳои дақиқ  ва риёзӣ таваҷҷуҳи зиёд ҷалб намоем. Барои ояндаи насли наврас, бо савод будани миллати тоҷик чораҳои зарурӣ андешида омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ ва барои тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид.

Нигоҳи дигари Пешвои-миллат ба озмуну олимпиадаҳои вилоятию, ҷумҳуриявӣ оид илмҳои табиатшиносию дақиқ, риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибон ҳавасманд карда шаванд, манфиатоваре буд. Барои пос доштани забони шеваю тоҷиконаи хеш мо-маорифчиёнро зарур меояд, ки забони хешро чун модар-ватан дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Миллати куҳанбунёди тоҷик бо лаҳни шевои модарии худ ҳарф мезаданд. Мақсад маърифатнок гардонидани наслҳои оянда мебошад. Бигузор наврасон бо лафзи ширини модарӣ сухандону нуқтадон бошанд. Ин сабаб месазад, ки ҳар як фарди ҷомеа, бо нангу ор барои ватандӯсту маърифатнокии фарзандон саъйю кӯшиш намоянд. Насли ояндасозӣ миллатро ба китобхонӣ ҷалб намоем. Ба онҳо шароит муҳайё созем, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намоем, маданияту мафкураи зеҳнии онҳоро баланд бардорему ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят созем. Ватандӯсту хештаншинос таълиму тарбия додани ҷавонон вазифаи омӯзгор мебошад.

Амалҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллатро расонида кӯмак ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд мардуми шарафманди тоҷикро водор месозад, ки пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.

Соҳаи маориф низ пайгирии ин хислатҳои наҷибу инсондӯстонаи Пешвои миллат буда, пайваста дар арафаҳои идҳои фитриву расмӣ кӯмаку дастгириҳо чи аз ҷиҳати молю иқтисодӣ ба кудакони муассиса-интернат, ба маъюбон, шахсони эҳтиёҷманд, имконияти маҳдуд дошта, аз ҷониби раиси иттфоқи касаба ва соҳибкорони хайрхоҳу саховатпеша таъмин менамоянд. Ғамхориҳои падарона нисбати занону духтарон зиёд аст. Шумораи занҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои гуногун рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ҷиҳати амали намудани фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлатию роҳбари ҷалб мекунанд.  Мо бонувони соҳаҳои гуногун ҷавобан ба ғамхорию дастгириҳои содиқона нисбати занон ва духтарон софдилона хизмати ватану миллатро менамоем. Дар оянда насли ояндасозӣ миллат ки бар души соҳаи маориф мебошад, бовар мекунонем, ки шабонарӯзӣ меҳнат намуда, ба роҳи дурусти инсондӯстиву ҳурмати калонсолон, ҳимоияи марзу буми аҷдодӣ, меҳандӯстиву худогоҳи тарбия карда, Тоҷикистони азизро бо кадрҳои ихтисоманд ва соҳибкасб таъмин намоем.

Тоҷинисо Расулова,

аъзои ҲХДТ аз ТИ «Маърифатчиён»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *