ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Панҷшанбе, 30/01/2020-11:45

Дар деҳаҳои «Ангурбоғ» ва «Озодии Меҳнат»-и Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар участкаи интихоботии №23 ҳавзаи №35 доир ба интихоботи нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов оид ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ қайд намуд, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умуми ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *