ПАЁМ-РАҲНАМОИ МО

 Шанбе, 25/01/2020-17:59  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти «Машъал»-и ноҳия вохӯрӣ баргузор карданд. Дар он оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат ва Барнома пешазинтихоботии ҲХДТ сӯҳбат намуда, аз ҷумла афзуданд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, пайваста ҲХДТ бо мардум кор мебарад. Таъкид шуд, ки шаҳрвандони бонангу номусро лозим аст бар зидди ин гуна афрод муборизаи беамон бурда, ҳар порча замини зархезу файзбори хешро ҳамеша ҳифз намоянд.

Ҳамчунин, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *