Душанбе, 27/01/2020-16:16
«Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтӣ оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кўмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
Дар ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба бақои оламу одам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Имрӯзҳо бархе аз ҷавонони гумроҳ бинобар сабаби надоштани ҷаҳонбинии маънавӣ ва маълумоти кофӣ дар бораи терроризм ва экстериризми байналмилалӣ худро ба гурӯҳҳои террористӣ ва ё аз мафкураи сусти онҳо истифода бурда, ба он гурӯҳҳо ғайридинию мазҳабӣ шомил месозанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:
- Надоштани маълумот оид ба терриризм ва экстерризм;
- Ҳисси молу сарват;
- Надоштани ҳиссиёти ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ;
- Надоштани ҳисси эҳтиром ва дӯстдорӣ.
То ҳол касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом сабаб рух додаст.
Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи бераҳмона ва оқибатҳои даҳшатбори он ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри ХХ1 гардидааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои таъмин боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъалаи мубрази рӯз иброз доштаанд: «Имрӯз терроризм ва экстеризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро дорад ба миён овардааст».
Террорист-шахсест, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад.
Экстремист-шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои номатлуб ва амалҳои якравию тундравӣ аст. Экстремист аввалан амалҳои моро тағйир дода, тавассути накукориву аҳкоми динӣ, пандҳои маънавии худ дар дили ҷавонон ҷой мешавад ва ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил месозанд.
Дар ҷаҳони муосир ҷалби ҷавонон аз тариқи шабакаҳои интернетии «Одноклассникӣ», «Фейсбук», «В контакте», «Имо», «Вайбер», «Ватсап» ва ғайра хеле осон аст. Гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои интернетӣ бо ҷавонон шинос шуда, онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Ба қавле худро фидоии дини ислом муаррифӣ карда, суҳбатҳои дуру дароз месозанд. Ҷавононе, ки саводи кофии динию дунявӣ надоранд, зуд фирефтаи онҳо мешаванд. Ба гуфтаи онҳо бовар карда, аз пайи ҳавову ҳавас ва сарват шуда, андешаҳои хом доранд. Дар ақли онҳо фақат чи тавр пайдо намудани сарват чарх мезанаду халос. Аксарияти ҷавонони ҷалбшуда, бо воситаи интернет ба дом афтодаанд. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ 3,5 миллиард истифодабарандагони интернет ба қайд гирифта шудаанд, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад.
Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дар воқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқӯъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта, аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.
Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремистӣ дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо мебошад.
Фатҳулло Пайков,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи «Бибиойиша»
Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»