ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЭМИН ДОРЕМ

Панҷшанбе, 23/01/2020-10:12

Вазифаи аввалини ҳар як падару модар ин тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Воқеан вақте фарзанд ба амалҳои ношоиста даст мезанад боиси ташвишу изтироби волидайн мегардад. Зеро мо эҳсос менамоем, ки ҳанӯз ҳам душманоне дар рикоб дорем, ки сулҳу оромии Ватани азизи моро халалдор сохтан мехоҳанд.

Бо чунин амалҳои ноҷавонмардона, яъне ҷамъ овардани чанд ҷавони бетаҷрибаву гумроҳ ва ба роҳи бад равона сохтани онҳо, мехоҳанд шаҳрвандони Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ваҳшитарин афрод ба қалам диҳанд. Шояд афроду гурӯҳҳои бадхоҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дарун ба дарун сӯхта, нақшаҳои нав ба нав мекашанд, то чанд нафар ҷавонони гумроҳи ақлгумкардаро аз роҳ бароварда, даст ба амалҳои зишт зананд. Дақиқан ҳамин андеша метавонад дурусттарин назар бошад, ки ин афроди ҷиноятпеша аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар пинҳону мустақаранд, барои ин ҷинояти қаблан тарҳрезишуда махсус гумошта шудаанд. Дастандаркор ва тарҳрези ин ҷиноят ТТЭ ҲНИ ва ҳамдастону ҳаммаслакони аъзои ин ҳизбанд, ки аз дур истода ба сӯи миллати хеш санги маломат мезананд.  Аъзоёни ин ҳизби нохалаф қувваи дурусту созандаеву ақлу хираду фаҳмиши накуе надоранд. Сари ҳар қадам «талош» меварзанд, ки аз ҳар имконияту шароити фароҳамбуда «истифода» намоянду номи Тоҷикистону миллати тоҷикро бад карданӣ шаванд. Чун имкони ба даст овардани мансабҳои роҳбарикунандаро дар кишвар аз даст доданд, акнун чун каждуми «аламдида» мехоҳад гаштаву баргашта қасд бигиранд ва неш бизананду заҳр пошанд. Чунки дигар дақиқан медонанд, ки барои расидан ба пасттарин вазифаву мансабе дар Тоҷикистон барои хоинон роҳ нест.

Имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Вахш дар баробари ҳамаи сокинони кишвар амалҳои зишти ин ноҷавонмардони ақлгумкардаро, ки аз дур истода, тавассути сомонаҳои интернетӣ ҳарзагӯи мекунанд маҳкум менамоем. Хело дардовар аст, ки ин афрод номи миллатро доғдор месозанду риштаи умри фарзандони миллату шаҳрвандони давлати худро канда месозанд. Ин афроди ҷиноятпеша ва роҳбарону хоҷагони ҷоҳталаби ақлгумкардаашон чӣ гуна метавонанд орому озод нафас бикашанд, вақте боз риштаи ҳаёти чанд нафари дигареро канданду дасти иддаеро олудаи хуну ҷиноят намуданд? Аслан ҷойи аҷобат нест, ки боз ҳам орому озод нафас бикашанду азоби виҷдон надошта бошанд ба хотири ин аъмоли наҳсу шуми худ ва зердастонашон. Зеро дар ниҳоди шахсе, ки худи виҷдон набошад, чӣ гуна ин шахс метавонад азоби виҷдон дошта бошад? Дар ин бора ва дигар аъмоли бехирадонаву разилонаи ноҷавонмардонаи аъзову пайравони ҳизби наҳзат метавон саҳфаҳои зиёдеро пур сохту ҳарфҳои бешуморе гуфт. Вале чун ин нохалафони мардумозору ватанбезор дигар наметавонанд маъниеро аз ҳарфе дарк намоянд ва наметавонанд фаҳмишу эҳсоси дурусти инсоние дошта бошанд, чандон сазовор нест, ки барои садбораву ҳазорбора шинос кардани чеҳраи торики ин нокасон қувваи ҷисму зеҳнро бар ҳадар сарф намуд.

Танҳо ҳаминро бояд илова намуд, ки ба шумо аъзову пайравони ноодами ҳизби наҳзати ҷинояткор нишон диҳем, ки ҳеҷ вақт ҳеҷ амалкарду сухани шуморо фарзандони содиқи ин меҳан беҷавоб намегузоранд ва ҳамеша то замоне, ки дар вуҷудатон ҳамон оташи кинаву ҳасодат ва душманӣ нисбат ба Миллату Ватан аланга мезанад, аз боду ҳавои Тоҷикистони азиз нафаскашидан бароятон ҳаром аст.

Мо-тоҷикон даст ба дасти ҳам дода, ин Ватанро обод месозем ва интихоботи вакилонро бо таври шаффоф мегузаронем, ба номзадҳои арзандаи райъ медиҳем.

Тоҷикистон ба пеш!

Дар зери парчами партафишон!

Бо Эмомалӣ Раҳмон!

Гулшани Сипеҳр

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *