ОБОДИИ МЕҲАН ҚАРЗИ ВИҶДОНИ МО

 Сешанбе, 07/01/2020 – 08:17

Бо мақсади  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён»-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ баргузор гардид ва дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз ҷумла қайд шуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтааст. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.   

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳамагон фаҳмонида шуда, таъкид гашт, ки саҳм гузоштан дар рушду пешрафти кишвар вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи виҷдонии мо мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *