СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Ҷумъа, 03/01/2020-16:05

Дар литсейи давлатии ноҳияи Вахш семинари омӯзишӣ оид ба «Зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид. Дар ин семинар мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Т. Азизова, намояндаи ШВКД-и ноҳия Сухроб Мирзоев, мушовирони шуъбаи маориф Т. Расулова, С. Баобекова, Н. Зардиева, сархатиби ноҳия Ҳ. Сиҷоатов, омӯзгорони маърифати оиладории муассисаҳои таълимӣ ва фаъолзанон ширкат доштанд.

Коршинос Сайвалӣ Қараев оид ба зӯроварии хонаводагӣ, муноқишаҳои оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлубе, ки ба ҷудоӣ байни зану шавҳар оварда мерасонад андешаҳояшро иброз дошт.

Ҳамчунин Ҳ. Сиҷоатов оид ба ҷудошавии оилаҳо, зӯроварии хонавода, зӯроварӣ нисбати наврасон аз нигоҳи дини мубини ислом аз ояту ҳадисҳо дар назди аҳли нишаст баромад карда, даъват ба амал овард: -Пеш аз оиладоршавӣ ба онҳо муқаддас доштани оилаву оиладориро фаҳмонанд. Ҷавонон бояд донанд, ки пеш ҳама оила масъулияти баландро талаб мекунад. Таъминоти оиларо бар дӯш гирад. Аксарияти волидайн писарам ба хизмати ҳарбӣ наравад гуфта, 18-20 сола оиладор мекунад, ҳол он ки худи ӯ ҷавон ба оиладорӣ омода нест. Пас аз 1 сол кӯдакдор шуд сар мешавад ҷанҷоли оилавӣ аз барои як собун, ё шире, ки кӯдак истеъмол мекунад. Ягона роҳи халосиро дар ҷудоӣ мебинанд. Андеша намекунанд, ки аз оила ҷудо мешавӣ, лекин супоридани алимент дар дӯшат бор аст. Хоҳӣ нахоҳӣ онро месупорӣ. З-ин рӯ, аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандонро насиҳат кунанд, ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон монеъ шаванд. Нагузоранд аз паси ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ кӯдаки маъсуме хору зор ва гарданкаҷ гардад. Волидайни дурандеш бошанд, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки фарзандаш аз пайи ашё ё ғизоӣ кӯдак то ҷудошавӣ расад. Ҳатман кӯшиш мекунад, то оилаи фарзандаш обод бошад.

Ба иштирокчиёни семинар адабиётҳои зарурӣ тақдим карда, ба суолҳояшон посухҳои мушаххас доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *