САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ НЕРӮИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

Ҷумъа, 27/12/2019- 14:24

Вохӯрии навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Янгиҳаёт»- и ҷамоати шаҳраки Киров дар мавзӯи сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ доир карда шуда, дар он масъулин қайд карданд, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзами боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Инчунин, дар идома Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикивстон, ки рӯзи 26 декабри соли 2019-ум ироа гардид, дар он як қатор масъалаҳои муҳими ҷомеа аз ҷониби  Раиси муаззами ҲХДТ баррасӣ шуданд ва самтҳои дигар афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *