ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…

Ҷумъа, 27/12/2019- 14:31

Дар деҳаи «Зартеппа»-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ бо сокинонидоир гардид.

Дар вохӯрии мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии  маблағи он, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани зиндагии  сокинон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, ҳамагонро ба меҳнатдӯстӣ, саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан ҳидоят намуда, ба шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан машғул шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *