ҶАВОНОНИ СОҲИБИҚБОЛ

Сешанбе, 26/11/2019-20:52

Солҳои охир ҷаҳони ислом ғӯтавари воқеаҳое гаштааст, ки ҳам аз назари шариат ва ҳам аз назари ақли солим қобили қабул нест.

Имрӯзҳо мо дар  рафтору пайкори баъзе аз ҷавонон, ки хешро пайрави дини  поки Ислом медонанд, ба корҳои ношоиста, равишҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ даст мезананд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нисбати ҷавондухтарон бадахлоқӣ ва рафторҳои ношоиста анҷом медиҳанд, ки ин тоифа гуноҳи азиме  мегиранд, зиёда аз ин, барои чунин рафторашон рӯзе шармандаву шармсор мегарданд.

  Дини ислом дар ҳама  ҳолатҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои ҷамъиятӣ адабро аз беҳтарин хислати неки инсонӣ мешуморад. Ягон  рукни ислом бидуни ахлоқ зуҳур намекунад.

Адаб дар ҳама ҷо ва дар ҳама тарзи муносибат, таҳсил, кор, ҳамсоягӣ дар адабу ахлоқ муқаррар ва муайян мешавад. Ҳар  чизе ки аз ахлоқи инсонӣ берун аст аз ислом нест.

Адо намудани хизмати ҳарбӣ, ҳимояи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди банангу номус аст. Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин амалӣ намудани фармудаи  шариат аст. Зеро Худованд фазилати муҳофизати Ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифз кардани Ватан, ҳимояи марзу бум, ҳимояи волидайн ва хоҳару бародарро дар бар  мегирад.

 Имрӯз баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда, пинҳон мешаванд, ба ҳар роҳу васила мехоҳанд аз  хизмати Ватан- модар фирор кунанд. Чунин ашхос фармудаҳои Худову расулашро  иҷро  намекунад, ки чунин амалро метавон хиёнат ба Ватан  номид.

     Хушбахтона, аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ ба хоҳиши худ ба  хизмати ҳарбӣ  мераванд. Зеро имрӯз  давлати мо   соҳибистиқлол гашта, барои адои хизмат ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки Ватани худро ҳимоя кунад, чӣ дар сархад, чӣ дар хонаву дар деҳа ҳифзи сарҳади давлат қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди меҳанпараст аст.

Вазифаи аввалини ҳар яки мо сафарбар кардан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Уламои ислом мегӯянд, ки: «Як шаб  ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост».

 Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки аз  ҷониби ТЭТ ҲНИ амалӣ мегардад, нобахшиданист. Онҳо бо ин амалҳои зишти худ ҷавонони моро аз роҳ бароварда, бо фиребу найранг, ваъдаҳои болохонадор ба Ироқу Сурия ва дигар минтакаҳои ҷангзада мефиристанд, онҳоро ба несту нобудӣ мерасонад.

     Дар ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) омадааст, ки фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мебаранд:

  1. Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд);
  2. Овози чархрезии занон дар хона;
  3. Овози пойи марзбонон.

Ҷавононе, ки марзбонанд шабҳо бедорхобӣ мекашанд, то дигарон дар амони  бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд. Дигар касе наметавонад  ҷавонон, тоҷикро зери  шиорҳои динӣ  фирефта намуда, дар ҷомеаи навини тоҷикон  тафриқа эҷод кунад.

Чуноне, ки  Пешвои миллат дар  ҳамаи баромадҳояш ба ҷавонон таъкид карда мегӯяд: «Зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ҷавонон ояндасози миллатанд».

Худовандо, тамоми ҷавонони тоҷикро, ки дар  ҳифзу ҳимояи марзу бум хизмат мекунанд, далериву  ҷасурӣ, ҳисси баланди  ватанпарварӣ ато намо.

Муҳаммадӣ Абдуқодиров,

имомхатиби масҷиди

Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *