Ҷумъа, 22/11/2019, 19:17
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия вохӯрии гурӯҳи кори мақомоти иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо занон ва оила, мудири САҲШ, имомхатибон ва кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо волидайн баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Алишер Неъматзода, сардори ШВКД-и ноҳияи Вахш, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Т. Азизова, мудири САҲШ-и ноҳия Раҳимова, сархатиб Ҳ. Сиҷоатов ва мушовири шуъбаи маориф Тоҷинисо Атозода баромад карда, оид ба пешгирии ҷинояту чинояткорӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задан ба қаллобӣ, дур мондан аз таҳсил андешаҳои хешро иброз доштанд.
Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дар он аст, ки падару модар вазифадоранд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба онҳо касб омӯзанд, то дар оянда касберо аз худ карда, ба ватан садоқатмандона хидмат намоянд.