СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

Ҷумъа, 22/11/2019, 19:15

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Вахш бо иштироки коршиносон, имомхатибон, омӯзгорони фанни маърифати оиладорӣ ва фаъолзанон семинарии омӯзишӣ оид ба «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории семинарҳо дар он аст, ки пеши роҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад. Зӯровариро аз байн бурда, корро дар маҳалҳо ҷоннок карда, маърифати оилаву оиладориро ба ҷавонон омӯзанд.

Ҳамчунин Сайвалӣ Қараев, коршинос оид ба масоили мухталифи ҳалталаб  мубодилаи афкор намуда, ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ тақсим кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *