РОҲСОЗИ АМАЛИ НЕК АСТ!

Сешанбе, 19/11/2019, 19:54

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати  дар амал татбиқ аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ Муборакшоҳ Неъматзода   дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНРА”-и ноҳияи Вахш 300 метр роҳи ҳудуди  маҳаллаи Мусаффо мумфарш карданд.

Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суҳбат ороста, иқдоми шахсони саховатмандро   саривақтӣ ҳисобида, иброз доштанд, ки  ҳар шахси ватандӯст бояд баҳри ободии маҳали зист саҳми арзандаи хешро гузорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *