НАМЕГУЗОРЕМ НАСЛИ ҶАВОНУ ОЯНДАСОЗ ШОМИЛИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ГАРДАНД

Душанбе, 18/11/2019, 10:35

Мо бояд андеша кунем вақте, ки Паёмбари Худо Ватанашро дӯст медорад, мо умматонаш бояд ба ӯ пайравӣ намуда, Ватани худ, Пешвои миллатамонро дӯст дорем ва марзу буми Ватани азизамонро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошем. Фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, эҳтироми калонсолон, эҳтиром ба оиладорӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллиамон тарбият намоем, ки фардо дар ғафлат намонем.

Ҳар шахсе, ки заррае дар вуҷуди худ ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллӣ дорад, ба худ савол медиҳад, барои чӣ дар ҷомеаи мо заноне пайдо шудаанд, ки аз сар то по либоси сиёҳ, ҳиҷоб пӯшидаанд, ё ҷавононе ҳастанд, ки новобаста ба синну сол ришҳои дароз монда, аз меъёр мегузаранд. Пас пурсида мешавад, ки либоси миллии тоҷикӣ чи айб дорад?. Магар модару модаркалонҳоямон, аз дин дур буданд? Баръакс, фикр мекунам, диндории онҳо поку беолоиш буду намозу рӯзаашон самимию беғаразона ва сидқан бетамаъ буд. Дини мубини ислом дини покиву озодагӣ буда, бояд сурату сирати инсон низ ба он мувофиқат намояд.

Боиси қайд аст, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи аксарияти ҷавонон ба масҷидҳо, хусусан рӯзҳои ҷумъа, асосан ба хотири шунидани панду насиҳат сурат мегирад. Яъне, ҷавонон асосан ба ислом, панду насиҳатҳо ва маслиҳату нишондодҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳ доранд, ки дар ин роҳ дар сатҳи аввал худи имомхатибони масҷидҳо бо маърифату бо илм ва намуна дар зиндагӣ бошанд, ки ба ҷавонон роҳи некро дар зиндагӣ нишон диҳанд.

Ман ҳамчун сокин аз ободию созандагиҳои Пешвои миллатамон дар ин 28 соли сипаришуда ифтихор мекунам. Ҳар шахсе, ки ин заҳмату меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллатро намебинад, ба қадри он намерасад, ё бетарафӣ мекунад душмани миллат ё хоини Ватан мебошад.

Созандагию бунёдкориҳои дар чанд моҳи охир дар ободии ноҳияи Вахш амалишудаистода, дар даврони ягон нафар собиқ раисони ноҳияи Вахш вуҷуд надошт. Бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қурбоналӣ Юсупов дар ду канори роҳи мошингард чароғҳо, сохтмони дарвозаи Вахш идома дошта, чарогакҳои наву замонавӣ насб гардид. Ҳамаи ин созандагию бунёдкориҳои раиси ноҳия аз садоқат,  меҳру муҳаббат ба Ватану миллати худ мебошад.

Соли 2021 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, таҷлили сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғояи сиёсиву мафкуравии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки ин ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама мо ба қадри неъмати бузургу бебаҳо, ваҳдати ҷовидонаи халқи худ бояд бирасем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Чунки ин қарзи фарзандӣ ва рисолати ҳар фарди кишвар мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи иди бузурги миллӣ – 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳии сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Бухарест Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз унвонҳои олии фарҳангию сиёсии Ҷомеаи Аврупо «Пешвои асри XXI» қадрдонӣ шуд.

Дар соли 2012 Пешвои миллатамон ҳамчун сарвари дурандеш, хирадманд, сулхҷӯ, сиёсатмадор дар қатори 500 нобиғаи ҷаҳон ҷой гирифт ва ифтихори баланди миллати мост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми зиёрати хонаи Худо – Каъбаи мукаррама гашта, дар он ҷо аз Худованди бузург фақат орзую дуои тинҷиву ободии Ватани азизу миллатамонро кардааст.

Нурмаҳмад Ниёзӣ дар ҳақи Пешвои миллат гуфтааст:

…Ту ҳамонӣ, дигар нашуд суханат,

Мамлакатро ба ваҳдат овардӣ.

Ту ҳамонӣ, ки хун шудӣ сад бор,

Миллатеро ба давлат овардӣ.

Ояндаи ин миллати куҳанбунёд ва гулгуншукуфон дар дасти ҷавонону наврасон аст. Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд, қодиранд давлатро ба пеш баранд. Мо-калонсолон аз ҷавонону наврасон умеди нек дорем ва дуогӯи шумоем то шумо Тоҷикистонро ба кишвари абарқудрату пешрафтаи олам  табдил диҳед. Ҳамаи мову шумо дар якҷоягӣ шоҳсутуни Тоҷикистони ҷавонем, ки метавонем бо ин мустаҳкамӣ бинои боҳашаматеро бунёд кунем. Мо- аҳли ҷомеа наслҳои худшиносу худогоҳи ин Ватан ва ватанпарвару меҳандӯстро ба камол расонем. Мо-тоҷикон, як миллатем, бо ҳамем, аз як наслем, ки кибру ғурур ва кинаву адоват дар қалб надорем. Дар сар тоҷи заррини худро дорем. Мо миллате мебошем, ки  давомдиҳандагони  давлати бузурги  Сомониён  ягона  давлате, ки зиёда аз ҳазор сол пеш ҳамчун давлати тоҷикон девони вазирону вазоратҳо дошта, барои тамоми дунё як шакли намунаи ибрату тартиби давлатдорӣ боқӣ мондааст. Мо тавонистем ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мардуми сулҳдӯсту ваҳдатпарварем. Сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ пойдор аст. Мо-мардуми сарбаланди тоҷик бояд ба ҷаҳон исбот намоем, ваҳдати миллиро дар Ватани азизамон нигоҳ дошта метавонем.

Фақат дар якҷоягӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

Эргаш Гумаев,

Шаҳрванди фахрии ноҳияи Вахш,

сокини деҳаи «Пешқадам»,

Ҷамоати деҳоти «20 солагии

Истиқлолияти Тоҷикистон»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *