СУХАНРОНИИ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш, Қурбоналӣ Юсупов ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сешанбе  5/11/2019 – 16:48

Ҳамдиёрони  азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон бо шукргузорӣ аз суботи сиёсӣ ва оромии ҳамешагӣ дар ватани  азизамон бо садоқати баланди ватандорӣ 25-умин солгарди  қабули санади олии ҳуқуқии кишвар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гашта истодааст.

Тавассути ин санади олии ҳуқуқии кишвар, ки ҳамчун Бахтномаи миллат низ арзёбӣ гаштааст, Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон 28-умин солгарди он  дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардид, эътироф ва баён гардида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқии кишвар ба таври равшан муайян карда шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро бо бузургтарин дастоварди Истиқлолияти кишварамон, 25-умин солгарди қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод  мегӯям.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат  яке аз дастовардҳои бузурги даврони  соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, бо шарофати қабули он рӯйдодҳои нав дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон  оғоз гардиданд.

Гарчанде нахустин Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон 6 ноябри  соли 1994 қабул гардида бошад ҳам, аммо аз минбари Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва баррасии он оғоз ёфта, муҳимтарин нуқтаҳои оини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол тарҳрезӣ  шуданд.

Натиҷаи омӯзиш аз таҷрибаи  давлатдории ниёгон ва мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон, талошҳои пайваста ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷмӯи онҳо дар Қонуни асосии кишвар ифода ёфта, роҳи дурахшони миллати моро муқаррар намуд.

Конститутсия ҷомеаро мутаҳҳид сохт ва сарҷамъӣ таҳти сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири асри XX – фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва ба амал татбиқ намуд. Ин таҷрибаи нодир оламиёнро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзишу татбиқ дар арсаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Мувофиқи таҳлилҳои Созмони амнияту  ҳамкории  Аврупо Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар қатори панҷ Конститусияи беҳтарини аъзои ин созмон эътироф гардида, дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Русия бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Агар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, қариб дар ҳамаи онҳо идеяҳои инсондӯстона таҷассуми худро ёфтаанд. Ҳатто дебочаи Конститутсия, ки қисмати муқаддимавии он ҳисоб мешавад, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳуқуқи инсон муносибати хоса пешбинӣ шуда, озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудаанд.

Ҳамрадиф бо ин, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон кардааст.

Аз ин ҷост, ки калонтарин боби  Конститутсия ба масъалаи  ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, сеяки ҳаҷми умумии Конститутсияро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили Конститутсия бо назардошти принсипҳои инсондӯстона дар арафаи 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидани Қонуни авф ва тавассути он ба озодӣ баромадани 20 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз амалӣ гардидани ин меъёрҳои Санади олии ҳуқуқии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ, такмили давлатдории навини тоҷикон тасмим гирифта шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди низоми ҳуқуқии ба арзишҳои миллӣ асосёфтаро пеша кардааст, бо назардошти пешрафти соҳаҳои  гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйироту иловаҳо ба миён омад.

26 сентябри соли 1999  тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки омили асосии таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, чанд падидаи муҳими давлативу ҳуқуӣ ва сиёсиро ба хотири пешрафти кишвар рӯи кор овард.

Яке аз падидаҳои муҳимтарин дар давлатдории навини мо –  Парламенти касбӣ дар кишвар маҳз дар натиҷаи ҳамин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия рӯи кор омад, ки таҷрибаи  фаъолияти  пурсамари ин мақом    дар  муддати сипаригардида аз дурустии ин  ислоҳоти конститутсионӣ шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани равандҳои сиёсиву иқтисодии кишвар 22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Бо назардошти ба миён омадани зарурати таърихӣ ва ба вуқӯъ пайвастани бархе аз тағйироти сиёсӣ  дар ҷаҳони муосир  22 майи соли 2016  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат баргузор гардид, ки дар он пеш аз ҳама манфиатҳои ҷавонони Тоҷикистон ифода карда шуд.

Фароҳам шудани ҳуқуқи ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо  ифодагари он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбанд  роҳи бебозгаштро пеша кардааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди ислоҳоти конститутсиони баҳои сазовор дода, зикр намуда буданд, ки:  «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи  воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки алҳол  дар кишвар барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои  ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароит мувофиқу созгор буда, марҳилаи тозаи  корҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақикии тамаддуни миллӣ бо руҳияи  баланди ватандорӣ идома дорад, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солхои рушди    деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти кишварамон ба хотири истиқболи бошукӯҳи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда  ва тантани суботу оромиш дар партави нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ва Бахтномаи давлату миллат  Тоҷикистон ба сӯи музаффариятҳои бузург ва дастовардҳои беназир қадам зада, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мавқеъ ва мақоми арзандаро дарёфтааст.

Боварии комил дорем, ки ин Бахтномаи миллат солҳои тӯлонӣ баҳри шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол  ва равнақи ҳамешагии бахшҳои мухталифи он хидматгузорӣ хоҳад намуд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумо ҳамдиёрони  азизро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сароғози давлату давлатдории навини  мо ва номаи бахти миллатамон мебошад, табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ ва хушбахтиро  орзу менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *