ОБОДИИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ФАРДИ МЕҲАНДӮСТ

Чоршанбе 23/10/2019 20:39

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи дастури супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷамоати шаҳраки Киров вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ва гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш  бо фаъолон, имомхатибон ва саҳмдорони хоҷагӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрии дар он аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату ҳукумат, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, беталаф ҷамъоварии ҳосили бо ранҷ парваридаи аҳли заҳмат, аз он ҷумла тиллои сафед, иҷрои нақшаи даромади буҷет, ва  ба ҳашари умумӣ баромада, маҳали зисти хешро тоза намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

А. Солеҳова

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *