БА ҚАДРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ РАСЕМ

Чоршанбе 23/10/2019 21:43

Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро сахт ба ташвиш гузоштааст, ин зуҳуроти номатлуб, омили пурдаҳшат ва хатарэҷодкунандаи терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷаҳони муосир мебошад.

Агар садди роҳи шомилшавии ҷавононе, ки имрӯз ба чунин гурӯҳҳо мепайванданд, нагардем, фардо дер хоҳад шуд. 

Ашхосе, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгарою тундрав пайвастаанд на дину мазҳаб ва на Ватану миллат барояш қадр дорад. Ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт беш аз пеш зирак бошем. Маҳз бо сабабҳои фавқуззикр айни замон баъзе кишварҳои мусалмонӣ ба майдони бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо табдил ёфтаву мардуми бегуноҳ дар азобанд. Дар кишвари мо барои мардум тамоми шароит муҳайёст, ки озодона фаризаҳои диниро ба ҷо оранд. Касе ба масҷидравию намозгузорӣ, рӯзадорӣ ва ҳаҷравии онҳо монеъ намешавад.

Дар даврони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият мекард, ҳоло бошад дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз чор ҳазор масҷид фаъолият карда истодааст, ки дар он мусалмонони Тоҷикистон озодона намозгузорӣ менамоянд. Ҳамаи масҷидҳо ба таври замонавӣ сохта шуда, дар он ҳама шароитҳо барои адои итоату ибодат фароҳам оварда шудааст.

Дар айни замон ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, аз дӯкону мағозаҳо озодона адабиётҳои диниро дастрас намуда, дониши динии худро такмил диҳад. Ба замми ин, китоби муқаддаси Қуръон дар замони соҳибистиқлолӣ бо алифбои кириллӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ тарҷума шуд ва дастраси хонандагон гардидааст, ки ин ҳам боиси ифтихори ҳар як фарди мусалмони Тоҷикистон мебошад.

Дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, ки «Шумо итоати Худо кунед, итоати Паёмбар кунед, дар байни худ ба хунрезиву ҷангу ҷанҷолу ихтилоф роҳ надиҳед. Агар Шумо ихтилоф меандозед, ҷанҷолу хунрезӣ мекунед, қувваи шумо меравад, хору заиф мешавед».

Одамизод бояд дар давоми умраш фақат илму дониши худро сайқал диҳад. Дар урфият мегӯянд, ки аз гаҳвора то ба гӯр илм омӯз. Яъне, касе, ки соҳибилм аст, бомаърифат аст, ботамкину таҳаммул аст ва чунин инсонҳо нисбати ҳар як ҳодисаю амалҳои нохуш дурандешона амал намуда, хулосаи дуруст мебарорад.

Расули Акрам гуфтааст: «Утлубул илма ва лав биссин», яъне донишро бояд ҷӯйӣ, ҳарчанд он дар  Чин аст, ки илм одамро ба моҳ мебарад.

Дар замони Расули Худо (с) як яҳудӣ гўсфандонашро ронда меомад, ки мусалмононро дида, гуфт: «Лоилоҳа иллаллоҳ, Муҳаммаду- р – расулуллоҳ». Яъне калима арз карда, мусалмон шуд. Ин ҳолатро мусулмонон дида гуфтанд. Яҳудӣ барои он, ки мо гӯсфандонашро нагирем, калима арз кард. Ва ӯро куштанд.

Вақте гӯсфандони ӯро гирифта пеши Паёмбар (с) омаданд, хаёл карданд, ки ғанимати бисёр оварданду Паёмбар (с) хурсанд мешавад. Аммо Паёмбар (с) ғамгин шуду гуфт, ки оё шумо қалби ӯро шикофта, дохилашро назар кардед, ки ӯ кофир аст? Шиносномаи мо ин калимаи шаҳодат аст. Касе, ки калима арз мекунад, дигар мо ӯро ҳаққи кофир гуфтан надорем. Агар ягон хиёнат ҳам кунад, мо ҳаққи ӯро куштан надорем. Барои ҳамин бузургони мо дар гузашта гуфтаанд, ки «Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост».

Дар замони Расули Худо (с) як одам гуфт, ки ман ҷиҳод меравам. Расули Худо пурсид, ки падару модар дорӣ? Гуфт, бале. Расули Худо гуфт, бирав хизмати падару модаратро кун, ҷиҳоди беҳтарин ҳамин аст.

Ба андешаи ман тамоми мамлакатҳои ҷангзадаи дунё тинҷиву оромии Тоҷикистонро дида, орзуи тинҷу ором будани ватани хешро мекунанд.

Аз берун мусулмононро ғайримусулмон фиреб дода, байни худ ҷанг меандозанд. Дар Афғонистон тайи чанд даҳсолаҳост, ки гурӯҳҳои ба ном ҷиҳодӣ ва ба ном ҳомии ислом, даст ба қатлу куштори якдигар зада, кишварро хароб ва мардуми мусалмони Афғонистонро овора карда истодаанд. Оё мусалмонӣ ҳамин аст? Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ ва моҷароҷӯ ҷамъ омада, аз номи дини мубини ислом мусалмононро фиреб медиҳанд, ки гӯё онҳо «дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карда истодаанд».

Оё ҷиҳод ҳамин аст, ки мусалмон мусалмонро бикушад? Хуни якдигарро бирезанд? Мардуми бегуноҳро қатл намоем? Паёмбар (с) гуфт, ки «Ислом дини раҳм аст, дини улфат аст, дини дўстӣ аст, дини сулҳ аст, дини ваҳдат аст».

Агар таърихи гузашта ва даврони соибистиқлолии Ватани азизамонро муқоиса кунем, ҳар як мақсаду мароми Пешвои миллат фақат ба созандагию ободӣ ва ваҳдати миллӣ равона гардидааст. Меҳру муҳаббати ватандориро Роҳбари давлатамон омӯзем. Як гӯшаи ватанро ободу зебо гардонем, ин аст ҷиҳоду дӯст доштани Ватан- модар. 

Пас, мо бояд ба қадру қиммат ва заҳмати Пешвои миллатамон расем. Ба қадраш нарасидан, фикр мекунем ин баробар ба хиёнат ба Ватану миллат аст.

Аслиддин Раҷабов,

имомхатиби масҷиди ба номи

«Шайх Раҳматулло»-и деҳаи

«Ҳосилобод», Ҷамоати шаҳраки

«Киров»-и ноҳияи Вахш

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *