АҶИННАТЕППА

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи тахқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст.

Аҷиннатеппа аз маркази ноҳия 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров ва 15 км дуртар аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.

Соли 1959 дар масофаи 3 км аз роҳи Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз тарафи олим Т. И. Зеймал кашф гардидааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан Аҷиннатеппа набуда, ин унвон солҳои 40-уми асри 20 ба он дода шудааст. Тибқи ривояти мардуми маҳал солҳои 40-уми асри 20 дар натиҷаи боридани боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз мањаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлӯ хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷиннатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияаш аз аҷина аст.

Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом мерасад.

Аҷиннатеппа бинои росткунҷашакли вусъаташ 100 х 50 метр, баландиаш 6 метр мебошад. Аз ду қисмати мутаносиб иборат буда, бо роҳрав қисмҳо ба ҳам мепайванданд, ки қисмҳоро дар рафти таҳқиқ шартан «дайр» ва «маъбад» номгузорӣ кардаанд. Дар миёнҷои «дайр» ва «маъбад» ҳован ҷой дорад. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона бино ёфта, бино аз похса ва хишти хом, таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст. Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори биноҳои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд.     Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбаздор будаанд. Дар маркази нимаи «дайр» ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19 х 19 м), ки дар атрофи он ҳуҷраҳо, ибодатгоҳ, толор, биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро  роҳрав ба ҳам мепайваст. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор, нақшу нигор, муҷассамаи бисёр дошт.

Ҳангоми ҳафриёт порчаҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 метр, ки дар маркази бино воқеъ буд, ёфт шуд. Поёни деворҳо, рӯи суфаҳо ва пояи ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Дигар биноҳои дайр ва ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доранд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 14-метраи якпаҳлӯ хобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддоиҳои нишаста ёфт шудаанд.

Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангу бор додаанд. Тасвироти Аҷиннатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна ба ҷо оварда шудааст. Нақши иблис, роҳиб ва одамони одӣ низ ҳастанд. Дар вақти ҳафриёти Аҷиннатеппа бисёр бозёфти шайъӣ – сафол, маснуоти шишагӣ ва филизӣ, сиккаҳо ёфт шуданд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷиннатеппа тақрибан 100 сол фаъолият дошта, ба тахмин дар солҳои 40-уми асри 8 дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. ҳафриёти Аҷиннатеппа аҳамияти илмӣ дорад. Аҷиннатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра тадқиқ карда шудааст.

Минбаъд дар роҳи корвонгарди аз Балх ба сӯи шоҳроҳи Шумон (Ҳисор), Вашгирд, Ғуркан (Ғарм), Чин, Ҳулбук, Фархор, Бадахшону Ҳиндустон ҷой дошт ва ба тоҷирони ҳинду ва чинӣ хизмат менамуд.

Ёдгории таърихии Аҷиннатеппа дар қатори се ёдгории таърихию фарҳангии вилояти Хатлон, ки дар Роҳи Бузурги Абрешим мавҷуданд (Хоҷа Машҳад (ноҳияи Шаҳритуз), Тахти Сангин (ноҳияи Қубодиён) ва Ҳулбук (ноҳияи Восеъ), ба феҳристи номинатсияи ЮНЕСКО ворид гардидааст.

ЧОРГУЛТЕППА

Деҳаи Чоргултеппа аз маркази ноҳия 10 км ва аз Аҷиннатеппаи таърихӣ 1 км дуртар воқеъ аст. Ин мавзеъ таърихи басо қадимӣ дорад. Аз гуфтаҳои таърихшиносон ва мӯйсафедони деҳа маълум гардид, ки таърихи пайдошавии ин мавзеъ ба давраи ҳукмронии Кӯшониён мансуб аст. Бо сабаби серобӣ, наздик будан ба Чину Ҳиндустон ва шароити хуби зиндагӣ доштан ҳукмрони давлати Кӯшониён ба худ қарор медиҳад, ки дар Аҷиннатеппа маскан гирад. Кӯшониён бо мақсади назорат бурдан ва аз ҳуҷуми душманон нигоҳ доштани Аҷиннатеппа мехоҳанд, ки дар чор тарафи он теппаҳои баланд созанд. Бо ин мақсад ҳукмронии давлати Кӯшониён аз қувваи ғуломон, маҳбусони дар ҷангҳо асирафтода истифода мебарад ва аз гирду атроф хок кашида, дар чор тарафи Аҷиннатеппа теппаҳои баланд сохтаанд. Аз он давра номи Чоргултеппа пайдо шудааст.

Дар натиҷаи кандану кашидани хок ва баланд намудани теппаҳо дар атрофи теппаҳо чуқуриҳо пайдо шудааст ва ин чуқуриҳо ҳукмдорону бекҳои минтақаро аз ҳуҷуми душманон нигоҳ медоштанд. Ин теппаҳо ба якдигар бо роҳи зеризаминӣ (тунел) пайваст буданд, ки то ҳоло ин роҳ мавҷуд аст.

Дар вақти кандани ин теппаҳо ва сохтани иншоотҳои нав аз таги замин хиштҳои чоркунҷаҳои сабук, тангаҳои мисини ҳамон давра, ҳатто ҷумакҳои хатти об ёфт шудаанд. Ин бозёфтҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин теппаҳо натанҳо ҷои зист, маркази маъмурии идоракунии минтақа ҳисоб меёфтанд, балки дар он ҷойҳо бозори ҷаҳонӣ низ ташкил карда мешудааст. Савдогарони Чину ҳиндустон ва дигар давлатҳои гирду атроф дар ин минтақа ҷойгир шуда, истеҳсолоти худашонро ба ин бозор мебароварданду мефӯрухтанд.

Дар назди деҳаи Чоргултеппа то ҳоло ду теппаи дигар мавҷуд аст, ки яке аз онҳоро ҳамчун зиндон барои маҳбусон истифода мебурданд. Аз Чоргултеппа то Аҷиннатеппа роҳи зеризаминӣбуда, аз он ҳукмдорон бо роҳи кӯтоҳ ва бехавфу хатар ба бутхона рафту омад мекардаанд. Баъди барҳам хӯрдани сулолаи Кӯшониён ин деҳа ба чарогоҳ ва заминҳои кишту кор табдил ёфт. Дар солҳои азхудкунии водии Вахш солҳои 1930-1940 ҳангоми канда шудани канали об, ки аз теппа 400 метр болотар воқеъ аст, барои аз нав барқарор кардани об ба ин деҳа маҳбусонро ҷалб намудаанд. Он солҳо дар ин теппаҳо калонаи маҳбусон ҷойгир шуда буданд.

ҚИЗЛАРТЕППА

Қизлартеппа аз маркази ноҳия 17 км дур дар Ҷамоати деҳоти Оқгаза, ҳозира Ҷамоати «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикисон» воқеъ аст. Ин маҳал замоне ба давлати Бохтар дохил мешуд. Дар маҳали Қизлартеппа одамони меҳнатдӯст аз рӯи симою сурат бисёр ҳам дилписанд иқомат доштаанд. Машғулияти дӯстдоштаи онҳо обчакорӣ, зироатпарварӣ ва чорводорӣ буд. Дар ин маҳал мардони шуҷоъ ва занҳои зебою ҳунарманд бо меҳнати ҳалол зиндагии худро пеш мебурданд. Замоне мешавад, ки зиндагии онҳо вазнин шуда, мардони ин маҳал баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ барои мардикорӣ ба давлатҳои ҳамсоя мераванд. Акнун тамоми вазниниҳои рӯзгор ба дӯши занон меафтад. Занҳо ба ҷои мардон ба саҳро баромада, рӯз то бегоҳ меҳнат карда, заҳмат кашида зиндагии худро пеш мебурданд. Баъд аз кори саҳро ба хона омада, ба шуғли занонаи худ: рӯбучин, пухтупаз ва тарбияи фарзанд машғул мешуданд.

Мусофири манғитие назараш ба ин диёри хурраму зебо меафтад, ки мардумаш орому осудаҳол зиндагӣ доранд. Қисми зиёди мардумро занони зебою солим ташкил медиҳанд. Онҳо монда нашуда, соатҳои дароз дар саҳро кор мекарданд. Занони ин маҳал он марди мусофирро хуш пазируфта, иззаташро ба ҷо меоранд. Баъди баргаштан ба диёри худ, он манғити мусофир дар бораи ин хуррамдиёр ба ҳамдеҳагони худ қисса мекунад.

Ҳамдеҳагони марди манғит рӯзгори беҳад қашшоқона доштаанд ва аз шунидани ин қисса дар дили ҳар яки онҳо ҳаваси аз худ намудани ғаниматҳои муфт пайдо мешавад. Бо маслиҳати ду-се роҳзан лашкар ҷамъ оварда, нақшаи ба хуррамдиёр ҳамла оварданро тартиб медиҳанд. Муҳорибаи шадид оғоз шуда, чанд шабонарӯз давом мекунад. Баҳри дифои диёри азизи худ гулдухтарони ҷасуру далер яроқ ба даст гирифта, бар зидди манғитиҳо меҷанганд ва лашкари манғитиҳои хунхорро торумор мекунанд. Қосиди манғитиён ба маҳалли худ баргашта, дуюмбора лашкар љамъ оварда, боз ҳуҷум мекунанд. Ин дафъа лашкари манғитиҳо тамоми мардуми деҳаро аз дами теғ мегузаронанд. Занону духтарони боиродаи ин диёр то нафаси охирин бо манғитиён меҷанганд ва дар ин муҳориба шаҳид мешаванд. Аз ин рӯ, ин мавзеъ номи Қизлартеппаро гирифтааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *