Туҳфаҳои арзандаи ҳизбӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш

     Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҷиҳати  анҷоми амалҳои хайр дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем» баҳри  дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи сиҳатии мардум, як автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ду адад асбоби ҳозиразамони ултрасадо ва дигар асбобҳои тиббии барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ лозимаро, ба Беморхонаи марказии ноҳия тақдим намуд.

Боиси ќайд аст, ки таи солҳои зиёд Беморхонаи марказии ноҳия аз надоштани автомашинаи ёрии таъҷилӣ дар расонидани хизматрасонии тиббӣ ба мардум танқисӣ мекашид. Имрӯз мушкилоти мавҷуда бо ғамхории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бартараф гардида, табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз иқдоми болозикр хуш истиқбол намуда изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *