ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАХШ ҚУРБОНАЛӢ ЮСУПОВ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВИИ НОҲИЯВӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони    азиз!

Меҳмонони    арҷманд!

Дар  партави  сиёсати  хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол то сол пояҳои Истиқлолияти  давлатӣ боз ҳам қавитару  устувортар   гашта  истодаанд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир  шарти  муҳими  ҳастии  давлату миллат  аст.

Тули  28-соли  Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду  комёбиҳои  бузурги  сиёсиву иқтисодие  ноил  гардид,  ки  дар  таърихи  давлатдории  навини тоҷикон бо  ҳарфҳои  заррин  сабт  хоҳад  шуд.

Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае баргузор мегардад, ки мардуми сарбаланди кишвари азизамон бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  хусуси  эълон  намудани солҳои 2019-2021 –  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сайеҳӣ ва тарғиби ҳунарҳои  мардумӣ  вусъати  тоза  бахшида  истодаанд.

Дар  лаҳзаҳои  таҷлили  ҷашни  барои миллатамон муқаддас  ҳамагон шоҳиди  боз  як  руйдоди муҳими таърихӣ  дар  кишварамон   мегардем.

Бо иштирок ва пахш намудани тугмача аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми сентябр  чархаи  дуюми яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар  минтақа  ва  ҷаҳон  Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун ба кор андохта мешавад, ки тантанаи ин иншоот тантанаи истиқлолияти энергетикӣ дар кишварамон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб  Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани дуюмин чархаи Неругоҳи Барқии Обии Роғун самимона табрик гуфта, ба Шумо тансиҳативу  хонаободӣ,  иқболи  баланд ва  беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуда, орзу менамоям, ки  ситораи иқболи давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша дурахшон бошад.

Гарчанде  дар  масири таърих 28-сол муддати чандон тулонӣ набошад ҳам, дастовардҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ин муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардаи миллати тоҷик беҳамто мебошад.

Ифтитоҳи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ таҳкимбахши  Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар пойтахти ватанамон шаҳри Душанбе қомат афрохтани ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, ки дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин манораи Парчами давлатӣ дар ҷаҳон ворид карда шуд,  боиси  сарфарозии ҳар яки мо мебошад.

Сохтмони иншоотҳои бузурги аср Нерӯгоҳҳои  Барқии  Обии  «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Кулма – Қароқорум, Нақбҳои       Шар – Шар,  Истиқлол ва Озодӣ шурӯъ гардида,  бунёд  карда  шуданд.

Ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кулоб ва аввалин чархи Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун дар таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат дар бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудан ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар заминаҳои воқеиро фароҳам овард,                                           

Ҳамдиёрони   азиз,

Дар муддати 28-соли соҳибистиқлолӣ, тавассути ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имконият ва шароити мувофиқ барои рушд фароҳам оварда шуда, дар ҳаёти мардуми ноҳия дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд.   

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ якчанд иншоотҳои нави замонавии иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш моҳи августи соли 2010 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10  дар Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон барои 1200 нафар хонанда дар ду баст ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои зарурии таълимӣ таъмин гардид.

Дар ин сафар аз тарафи роҳбари давлат дар ҷамоати мазкур санги асос барои бунёди муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббии ноҳия гузошта шуд.

Дар доираи сафари кории навбатии худ  сарвари  давлатамон ба ноҳияи Вахш моҳи августи соли 2013 дар вазъияти тантанавӣ ва бо буридани лентаи  рамзӣ  ба  фаъолияти  муассисаи таълимии ғайридавлатии  коллеҷи  тиббии  ноҳия  бо  фарогирии  1200  нафар  донишҷӯ расман  оғоз  бахшиданд.

Дар  доираи  чорабиниҳо  ба  ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  16-уми августи  соли   2017  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ноҳияи Вахш  сафари  корӣ  доир  намуда,  дар ҷараёни  сафари  кории  худ  ба  бунёди коллеҷи  аграрии  ноҳия  дар  шаҳраки Вахш  ва  беморхонаи  тиббии  замонавӣ ба  номи   “Сино”   бо   75   ҷойи   хоб   ва   40 ҷойи   корӣ   дар   Ҷамоати  деҳоти  20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон санги асос гузоштанд. 

Дар  ин  муддат  дар  ноҳия  корҳои бунёдкорию  созандагӣ  вусъат  гирифта, то  ин  давра:

– 19 адад  мактабҳои  нави  замонавӣ,         

 –   25  адад   бунгоҳҳои   тиббӣ,

–  15  адад   корхонаҳои   саноатӣ,

–  10 адад   биноҳои   маъмурӣ,

–  1  адад   бонки   тиҷоратӣ,

–  1 адад   толори   варзишӣ

–  4  адад   майдончаҳои   варзишӣ,

–  22  адад   нуқтаи  фурӯши   сузишворӣ ,

–  2 адад  тарабхонаҳои  замонавӣ,

–  1  адад  меҳмонхона,  

–  3  адад  бозори  чорво,          

– 16  адад  коргоҳҳои  хурди  дӯзандагӣ,       

–   280 адад маркази  фурӯши  маҳсулотҳо

Дар маҷмӯъ зиёда аз 385 адад иншоотҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди  истифода  қарор  дода  шуданд.     

Дар натиҷаи ин ҳазорҳо нафар шаҳрвандони  ноҳия  бо  ҷойҳои  корӣ таъмин    гардиданд.

Ҳозирини    гиромӣ,

Ҳоло   мардуми  шарифи  тоҷик  бо ҳидояти Сарвари маҳбуби худ азм доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистонро  дар   фазои  сулҳу  осоиши  комил,  зери ливои  ваҳдати   миллӣ  бо  дастовардҳои арзандаи   меҳнатӣ   таҷлил   намоянд.

Бо ин  мақсад  имрӯзҳо  дар  асоси Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  22  майи  соли 2018  №1059  дар  тамоми гӯшаву канори  ватани   азизамон  корҳои ободониву    созандагӣ     бо   маром  ҷараён   дорад,   ки  ин  бунёдкориҳо  аз  фардои  дурахшонтари   Тоҷикистони соҳибистиқлоламон   шаҳодат  медиҳад.

Дар  асоси нақшаи – чорабиниҳои таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Вахш  ба ифтихори истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии   Тоҷикистон  бунёди  342  адад иншоотҳо   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти ноҳия пешбинӣ гардидааст, ки дар марҳилаи имрӯза 110 адади ин  иншоотҳо мавриди  истифода  қарор  дода  шудаанд

Бо истифода аз  ин  фурсати   муносиб ман аз  фаъолон,  шахсони   саховатманд, соҳибкорони  баору   номус  ва  тамоми мардуми   сарбаланди   ноҳия   даъват  ба амал  меорам, ки бо шукргузорӣ аз тинҷию   оромӣ   ва  суботи  сиёсӣ  дар ватани   маҳбубамон,   бо  ҳисси  баланди ватандорӣ  чун  ҳамеша   саҳми  арзандаи худро  дар   ободу  зеботар  намудани  ҳар  як   гушаву  канори  ноҳия,  бахусус  деҳоти   он  гузоранд.

Бо   чунин   ниятҳои  нек  ва  бо  орзуи ҷовидонагии Истиқлолияти  давлатиамон бори  дигар  тамоми   мардуми  ноҳияро  ба ҷашни  мубораку  муқаддаси  миллиамон табрик   мегӯям.

Бигузор Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамеша  пойдор ва  мардуми  шарафманди  Тоҷикистон бо  роҳбарии  фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  сарбаланду  сарфароз бошанд.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба мардуми  шарифи  ноҳия  сари  баланду нерӯи  тоза  ва  комёбиҳои  навро  орзу намуда, ҷашни бузурги 28-солагии Истиқлолияти  давлатии   Тоҷикистонро ба  ҳамаи  Шумоён  табрику  таҳният  мегуям.                                                                                                                                                                                                  

Сарбаланду саодатманд бошед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *