ШУКРИ ВАҲДАТ

Ваҳдати миллӣ нишони миллат аст,

Мулки тоҷик мисли боғи ҷаннат аст.

Сулҳу Ваҳдат ин шиори халқи ман,

Ваҳдати миллат зи ҷонам қиммат аст.

Сулҳу Ваҳдатро сарояд ҳар замон,

Миллати бонангу ори тоҷикон.

Шукри Ваҳдат, шукри ин кишвар кунед,

Ҳар замон шукронаи Сарвар кунед.

Шукри ин арзу самои меҳанам,

Шукри Эзид, шукри ҳамдигар кунед.

Сулҳу Ваҳдатро сарояд ҳар замон,

Миллати бонангу ори тоҷикон.

Сулҳу Ваҳдат дар дилу ҷони ман аст,

Сулҳу Вааҳдат меҳру виҷдони ман аст.

Ваҳдати миллат бихоҳад Ҳайдарӣ,

Сулҳу Ваҳдат амри Яздони ман аст.

Сулҳу Ваҳдат месарояд ҳар замон,

Миллати бонангу ори тоҷикон.

Шарофиддин ҲАЙДАРӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *