МАҲФИЛИ АДАБИИ «ГУЛБАРГ»-И НОҲИЯ

Бо ташаббуси шоир Акрами Ризом соли 1994 дар маркази ноҳияи Вахш маҳфили адабии «Гулбарг» ташкил карда шуд. Дар муддати 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили мазкур ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ҳамин буд, ки ду нафар узви фаъоли маҳфил – Акрами Ризом ва Гулҷаҳони Ҳалим бо эҷоди асарҳои арзандаи худ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Маҳфили адабии «Гулбарг» зиёда аз 20 нафар навқаламонро дар як марказ муттаҳид намудааст, ки онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳо ва омӯзгорону кормандони ноҳия мебошанд. Соли 2016 дар миёни иштирокчиёни конференсияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ду нафар узви маҳфили «Гулбарг» – Ашӯргули Солеҳова (Шабафруз) ва Манзура Шарифова ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Дар фаъолияти самараноки маҳфил саҳми роҳбари он – Акрами Ризом ва мушовири он Шарофиддини Ҳайдарӣ хеле назаррас мебошад.

Солиёни зиёд аст, ки маҳфили адабии «Гулбарг» дар аксар чорабиниҳои фарҳангию оммавии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.

Маҳфили адабии «Гулбарг» бо мақсади такмил бахшидан ба сулҳу амнияти кишвар ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, вусъати ҷаҳонбинии ҷавонон ва тарбияи ахлоқии онҳо, пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстримистӣ, ҳамзамон иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба нақши адибон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки мувофиқи нақша ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳои ноҳия вохӯриҳо анҷом диҳад. Маҳфили мазкур дар як моҳ чор маротиба, ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар китобхонаи марказии ноҳия баргузор гардида, дар он навқаламон маҳсули хомаи худро ба муҳокимаи устодон пешниҳод менамоянд. Ҳар як аъзои маҳфил  дар зарфи 20–25 соли охир муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *