ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА МАВЗЕЪИ ТАЪРИХИИ АҶИНАТЕППА

Панҷшанбе,15/10/2024-12;55 Бо дастгирӣ ва роҳнамои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳайати миссияи Бонки Осиёии Рушд ба мақсади баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” аз мавзеъи таърихии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дидан намуданд. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории “Рушди сайёҳии фарҳангӣ дар минтақаи Хатлон” дар ҳошияи Нақшаи генералии ҳамгироишудаи сайёҳии Душанбе, минтақаҳои атрофи…

Идомаи хониш ... ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА МАВЗЕЪИ ТАЪРИХИИ АҶИНАТЕППА

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ

Панҷшанбе, 15/10/2024-10:12 Дар Ҷамоати деҳоти “Машъал” вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо сокинон баргузор гардид. Зимни мулоқот бо аҳолӣ оид ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, расму оини мардумӣ, ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ ба дарсҳо, беталаф ғундоштани ҳосили пахта, пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии обу барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,…

Идомаи хониш ... ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Панҷшанбе, 15/10/2024-09:55 Вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш бо иштироки муовинони раиси ноҳия Муҳаммадӣ Шарифзода, Гулҷаҳон Мамадализода, иҷрокунандаи вазифаи мудири маориф Кенҷазода Гулбаҳор Кенҷа дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 баргузор гардид. Ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳо, кишти зироатҳои тирамоҳӣ, беталаф ғундоштани ҳосили пахта, таълиму тарбияи насли наврас, касбомӯзии ҷавонон, ҳунаромӯзии духтарон, тарғиби либосҳои…

Идомаи хониш ... ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

КОНФЕРЕНСИЯИ XVII ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

14/10/2024-16:35 Конференсияи XVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш доир гардид. Дар кори конференсия муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Мавлон Юсуфӣ Хайринисо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, муовини раиси ноҳияи Вахш Муҳаммадӣ Шарифзода иштирок намуданд….

Идомаи хониш ... КОНФЕРЕНСИЯИ XVII ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

ДУ БАРОДАР БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

02/10/2024-13:12 Ду бародар Ҳасану Ҳусейн, сокинони Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон  пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умуумии №14-и ноҳияи Вахш ба сафи родмардони Ватан – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, то қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии худро дар назди Ватан – Модар сарбаландона иҷро намоянд. -Ман бо ифтихор мегӯям, ки ҳар яке аз мо дарси худшиносию ватандӯстӣ…

Идомаи хониш ... ДУ БАРОДАР БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ХИДМАТ БА ВАТАН-МУҲАББАТ БА МЕҲАН АСТ

02.10.2024-13:05 Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар шахс ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллату давлат мебошад. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Ватан мисли модар аз фарзанди худ танҳо…

Идомаи хониш ... ХИДМАТ БА ВАТАН-МУҲАББАТ БА МЕҲАН АСТ

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД

02.10.2024-13:00 Дар Муассисаи ғайридавлатии тиббии коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар имрӯз волидайни даъватшавандаҳо, кормандони ташкилоту муассисаҳо, занону модарон, ҷавонон собиқадорон ба гусели наваскарон омаданд. Ҷавонмардони шуҷои ноҳияи Вахш бо ҳисси баланд меҳандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд. Дар чорабинии сиёсӣ-фарҳангии Рӯзи даъватшаванда раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ…

Идомаи хониш ... ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБАКИСТОН ДИДАН КАРД

28/09/2024-17:08  26 сентябр, аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда, оид ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба карданд. Ҳайатро дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулбаҳор», ки дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон воқеъ аст, муовинони раиси вилояти Сурхондарё, раиси шаҳри Термиз ва дигар шахсони расмӣ бо тантана истиқбол…

Идомаи хониш ... РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТИИ “АЙРИТОМ” ДАР ШАҲРИ ТЕРМИЗИ ӮЗБАКИСТОН ДИДАН КАРД

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

28/09/2024-17:03 Дар Маҷмааи фарҳангии “Офтобак”-и ноҳияи Вахш аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба гирифтани грант барои ташкил намудани сехи чакандӯзӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтани бунгоҳи тиббӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи хишти пӯхта, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмаки молиявӣ…

Идомаи хониш ... ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ “КӮЛОБ”

28/09/2024-17:00 28 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш боздид намуда, бо пахтачинон суҳбат карданд. Роҳбари хоҷагӣ иттилоъ дод, ки дар ҳудуди 1000 гектар пахта кишт карда шуда, то имрӯз 1000 тонна чида, ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шудааст. Дар чиниши аввал аз ҳар як гектар то 10 сентнер ҳосил рӯёнида истодаанд….

Идомаи хониш ... БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ “КӮЛОБ”