Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳия

Абутолиб Раҳмонов 16-уми январи соли 1985 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3  таҳсил карда, соли 2002 онро сарбаландона хатм менамояд. Ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав ба факултаи информатика шуъбаи САКА супорида, соли 2007 Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси муҳандиси системаҳои техникӣ хатм мекунад.

Аз соли 2007 то соли 2011 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба ҳайси омӯзгори фанни информатика кор кардааст. Дар зарфи фаъолияти омӯзгориаш дар озмунҳои «Омӯзгори сол» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидааст. Аз соли 2011 тариқи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш ба мансаби мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ба кор  шурӯъ кардааст. Мавсуф ҳамчун мутахассис то соли 2013 кор намуда, сипас аз моҳи декабри соли 2013 тариқи озмуни барои дохил шудан ба магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, моҳи декабри соли 2014 онро бо ихтисоси «Идоракунии давлат» хатм намудааст. Баъди хатми донишкада бо роҳхати Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Вахш ба мансаби пештарааш  –сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия муддате фаъолият намуда, аз 9 январи соли 2015 ба мансаби мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия таъин шуда, то ҳол дар ин мансаб фаъолият дорад.

Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия фаъолияти худро дар асоси Низомномаи шуъба, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон, Дастурамали коргузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия аз 4 мансаби давлатӣ иборат мебошад, яъне мудир, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис.

Дар шуъба тибқи дастурамали мансабӣ вазифаҳо ба кормандони шуъба тақсим карда шудааст. Асосан кори шуъба қабул намудани муроҷиат, дархост ва таклифҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани қабули шаҳрвандон аз тарафи раис, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, қабул ва назорат намудани мактубҳои воридотӣ, бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва муросилот намудани онҳо ва бақайдгирии қарорҳои раиси ноҳия мебошад.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top