Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия

Бобохон Шарбатов 21-уми марти соли 1968 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш солҳои 1985-1986 таҳсилро дар совхозтехникуми ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) идома медиҳад. Баъди як соли таҳсил ӯро барои хизмати ҳарбӣ даъват менамоянд солҳои 1986-1988 хизмати Модар-Ватанро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ сарбаландона адо мекунад. Пас аз хизмати ҳарбӣ солҳои 1988-1990 таҳсилро дар совхозтехникуми мазкур идома дода, соҳиби маълумоти миёнаи махсус мегардад.

Солҳои 1990-1992 фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҷонишини котиби Кумитаи комсомолии хоҷагии ба номи Киров ноҳияи Вахш оғоз менамояд. Солҳои 1992-1993 дар вазифаи раиси хазинаи ташаббусҳои ҷавонони «Сиёвуш»-и назди Кумитаи комсомолии хоҷагии бо номи Кирови ноҳияи  Вахш, солҳои 1993-1994 корманди масъули шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар, солҳои 1994-1995 мудири шуъбаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва фарҳангии Шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 1997-1998 сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 1998-2000 муовини мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 2000-2003 сардори Идораи кор кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, солҳои 2003-2004 мудири шуъбаи таҳлилӣ, иқтисодӣ ва дурнамои комплекси агросаноатии Кумитаи иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҳукумати вилояти Хатлон, солҳои 2004-2010 директори Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Бобохон Шарбатов дар ин давра ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба шакли ғоибона таҳсил карда, соли 2005  донишгоҳи мазкурро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ мегардад.

Баъдан ӯ солҳои 2010-2011 дар вазифаҳои мудири шуъба оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, солҳои 2014-2015 директори мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Вахш, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияӣ Вахш шуда кор кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2015 то ба имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш кор мекунад.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top