Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

 

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

 

Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Вахш  чорабинии идона баргузор гардид.

 

Дар ин чорабинии хотирмон раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, фаъолони ноҳия ва кормандони бахши фарҳанг ширкат варзиданд.

 

Раиси ноҳия бо паёми табрикии хеш афсарону сарбозони қисми низомӣ-ҳомиёни содиқи марзу буми Ватанро ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик гуфта, ба онҳо пеш аз ҳама тансиҳативу саодатмандиро орзу намуд. Якчанд нафар афсарони фаъоли қисми низомии 45989 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Вахш барои хизмати содиқона ба Модар-Ватан бо сипоснома қадрдонӣ кард.

 


 

СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ

 

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯриҳои судманд бо падару модарон ва хатмкунандагон оид ба дохилшавии доталабон тариқи Маркази миллии тестӣ баргузор гаштанд.

 

Ҳадаф аз гузаронидани чунин семинарҳо дар он аст, ки барои довталабон тариқи ММТ ба муассисаҳо олии касбӣ аз довталаб чусту чолокӣ, донишу маҳорат, одоби муошират, донистани забони модарӣ ва салоҳиятнокиро талаб мекунад.

 

Дар якҷоягӣ бо таблиғгарони муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз довталабон, ки мехоҳанд тариқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоранд, дар интихоби касб   ба хатоӣ роҳ надиҳанд.

 


 

Ғолибонро маҳкум намекунанд (Ҷавоб ба ҳалқаҳои ифротӣ вобаста ба бозгашти бовиқори Гадоев Шарофиддин)

 

Ба ҷасорат ва ҷуръати шахсии Шарофиддин Гадоев, ки шарофатмандона ба Ватан баргаштааст, таъзим бояд кард, тан бояд дод...

 

Муфассал


 

Наҳзат ва ормони қудрату салтанат

 

Муҳтавои матолиби матбуотию расонаии наҳзатӣ баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ дар масири салтанатхоҳӣ ва қудратталабӣ қадам мебардорад ва то имрўз орзуи барпо намудани давлати исломиро дар минтақа дар дил мепарварад. Ин орзу, чи дар хоб ва чи дар бедорӣ раҳбарияти наҳзатиро ҳамсафарӣ карда меояд ва масъулони  ин созмони худхоҳ ва ифротиро оқибат ба дараҳаи ҳунун  мерасонад...

 

Муфассал


БӮИ ХОКИ ВАТАН ӮРО БАСАРЗАМИНАШ  БАРГАРДОНД

Тоҷикистон Ватани ҳамаи тоҷикони рӯи дунё аст. Бешубҳа маҳз ана ҳамин ҳисси Ватандорию хештаншиносӣ аст, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азиз мардуми азияткашида барои ободонию сарсабзии он камари ҳиммат баста бо меҳнати суботкорона фаъолият менамоем…

Муфассал


ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Аз солҳои истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон чандон солҳои зиёде нагузаштааст, вале миллати тоҷик дар ин давраи кутоҳи таърихӣ фоҷиаҳои гуногунеро аз саргузаронидааст, ки идеологҳои онро хориҷиён, аниқтараш душманони ислом ташкил медоданд…

Муфассал


ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ҲАМА МАСЪУЛЕМ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 2-юми августи соли 2011 таҳти №762 ба тасвиб расид…

Муфассал


МАНЗАЛАТИ ХУДСӮЗӢ ВА ХУДКУШӢ АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Амалҳои номақбул, макрӯҳ ва ҳаром маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмонон лозим аст, ки аз онҳо иштиноб намуда, худотарсиро пешаи худ қарор диҳад…

Муфассал


ВАТАН ДОРАМ

Манам доротарин одам Ватан дорам, Ватан дорам,

Ками худро нагӯям кам Ватан дорам, Ватан дорам,

Ватан ин калимаи муқаддас буда, на ба ҳар кас ватандорӣ муяссар мегардад. Мо хушбахтарин шахсиятҳое мебошем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софи беғубор кор ва зиндагӣ дорем…

Муфассал


ДАРАХТШИНОНИ АМАЛИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Дар ноҳияи Вахш хониши сиёси  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамзамон ҷиҳати дар амал  татбик  намудани  сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон...

Муфассал


ДАР РУШДИ ВАРЗИШ САҲМГУЗОРЕМ!

Дар деҳаи «Фидокор»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ва нақшаи бунёдкориву ободонии ноҳия, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалла майдончаи варзишӣ барои наврасон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ва рушди намудҳои варзиш сохта истодаанд, кӯдакон дар вақти холӣ ба корҳои беҳуда машғул нагашта, ба варзиш шуғл варзанд.


ХОКИ  МУҚАДДАСИ  ВАТАН

Миллати тоҷик аз азал дорои тамаддуни бою ғанӣ буд. Барои пешрафту  сулҳу дӯстӣ бо кишварҳои дигар ҳамеша кӯшиш менамоянд ва ба насли имрӯзу ояндаи худ ин масъалаҳоро меомӯзонанд. Ҷавононро ҳамеша ба дӯстию рафоқат нисбат ба давлату миллат раҳнамоӣ менамоянд ва ҷавонони мо низ дар роҳи созандагии Ватон бетараф нестанд.

Шарофидин Гадоев як нафаре мебошад, ки аз халқу Ватани худ рӯ гардонда тӯлӣ солҳои зиёд дар хоки бегона бо гӯруҳҳои тундгаро фаъолият намудааст. Аз чи бошад имрӯз ба сараш ёди Ватан омадааст ва бо пӯшаймонии зиёд баргаштааст ба ин сарзамини нозанин. Аз оне, ки чунин рафтор намудааст, тарки хоки Ватан кардааст, аз сидқи дил пӯшаймон аст. Ба ҷавонон, ба насли ояндаи худ рӯ оварда, даъват ба амал меорад, ки ба ягон гапу калочаҳои мардуми бегона бовар нанамоянд. Дар Ватани худ, дар назди падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабои худ истода, ба хоки муқаддаси Ватани худ софдилонаю содиқона хизмат намоянд.

Зери сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, номбардори сарзамини нозанини худ, ки онро ном Тоҷикистон аст, бошанд.

САБОҲАТ, рӯзномаи «Вахш» 


САД     ШУКР, КИ  МАН ВАТАН ДОРАМ

Бале, ин маъно, аз он ифода меёбад, ки  мо соҳиби хонаю дар ҳастем, Ватан дорем чӣ парво дорем.

Ба воситаи синамою сомонаҳои интернетӣ мо дида истодаем, ки чӣ қадар одамони рӯи ҷаҳон дар орзӯи Ватан доштану осуда зиндагӣ кардан ҳастанд, лекин ин на ба ҳамаи онҳо муяссар мегардад.

Вақте  ки ба Ватан баргаштани Шарофиддин Гадоев, як нафар раҳгумзадаи миллати худро шунидам бисёр шод гаштам. Аз он шод гаштам, ки боз як ҳамватани мо аз он гуруҳҳои ифротгар  берун баромада, назди мо, ба  Ватани худ баргаштааст.  Меҳри ватану ватандорӣ дар дили ӯ хона карда, қалбашро ба ин хоки муқаддас бедор намуд, дилаш ба ин диёр  сӯхт, эҳсос намуд, ки ӯ тоҷик аст, на хоини миллат. Миллате, ки ин сарзаминро то ба имрӯз соҳиби карда истодааст, баҳри ободии ин диёри маҳбуб сина сипар карда, дар тамоми ҷабҳаҳо ҷасурона меҳнат менамояд.

Шарофиддин Гадоев хатогии худро фаҳмид. Фаҳмид, ки  дар танҳоӣ ҳеҷ гоҳ ба мақсад наметавон расид. Фирефтаи ҳар гуна гуруҳҳои иғвоандозу ҷангҷӯй набояд шуд. Бегона бегона ҳаст. Ҳеҷ гоҳ ӯ барои ободоии мо талош намеварзад. Мақсади хоҷагони беруна ба даст овардани боигарӣ ва ғулом худ кардан ва муттаҳам сохтани дигар миллат мебошад.  Ҷавонони мо бояд аз ин амалҳои ғайр бехабар намонанд, дурандеш бошанд, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.  Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри ободию  шукуфоии ин сарзамин бо меҳнати дучанд қушиш намоем, ҷоеро, маконеро обод созем.

Мо боварӣ дорем, ки Шарофиддин Гадоев ҳам бо ҳамин мақсадҳои нек ба Ватан баргаштааст ва ба дигарон низ ҳеҷ гоҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба ин роҳи бад раванд. Ватан ватан аст, мо бояд онро пос дорем, аз душманони беруна онро ҳифз намоем, пайи ободии он сарҷамъ бошем.

Рӯзномаи «Вахш»


Босмачиёни асри ХХI

Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳо, рафтору кирдори онҳоро ситоиш кардан, бо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гашт...

Муфассал


Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад...

Муфассал


Д.Назиров: Табаддулоти Кабирӣ барои мансаби раиси ҳизб (Ё чаро муртадгӯиро аз наҳзат омӯхтем)

Мусоҳибаи  Давлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳои  норавшани раҳбарияти наҳзат ва даст доштани Кабирӣ...

Муфассал


КАБИРӢ ҲАМХУНИ ИБРОҲИМБЕКИ БОСМАЧӢ ?

Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд...

Муфассал


Кабирӣ босмачии замони муосир

Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд...

Муфассал


Кабирии босмачӣ

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд...

Муфассал 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холи зерин озмун эълон менамояд.

Воҳидҳои сохтори дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

 1. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- 1 ҷой, музди маош- 846,0 сомонӣ

 2. Мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш 1 ҷой, музди маош 660,0 сомонӣ…

Муфассал


ВАҲДАТ- МАРОМИ МОСТ

“Паймони милли Тоҷикистон”, ки аз тарафи мухолифин таъсис дода шудааст, бо роҳбарии Муҳидин Кабирӣ собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардида буд, боз бо даъвоҳои  “Демократия”, “ Озодӣ”, “Интихоби озод” ва ғайра мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳои  Ғарбро ба худ ҷалб намояд...

Муфассал


 

ҶАВОНО САР МАТОБ АЗ ПАНДИ ПИРОН

 Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд: Сураи «Моида» ояти 32. Ҳар оина шахсе як шахси дигарро дар рӯйи замин ба қатл расонад, ҳамчунин аст, ки ҳамаи рӯйи заминро ба қатл расонида бошад.

Ва ҳар оина як шахсро аз дасти қотилон озод кунад, ҳамчунин аст ҳамаи рӯйи заминро озод карда бошад…

Муфассал


 Гуфтугӯйи рӯ ба рӯ ё бечоранолии мӯ ба мӯи оқои Кабирӣ

Сад ҳайфи вақти қиматбаҳо, ки дар тамошои гуфтугӯйи Кабирӣ сарф шуд. Ин лофзаниву худболиро надида будем. На дар гуфтор чизе буд, ки бардошт намоӣ ва на дар рафтор, ки таҳлил намоӣ. Бечоранолиро бо танқид иштибоҳ гирифт. Чунон аз вазъи Тоҷикистон фосила гирифтааст, ки   фикр мекунӣ дар бораи кишварҳио Африқо  сухан мегӯяд...

Муфассал


 МАЪРӮЗАИ

Сардори  Раёсати  молияи  ноҳияи  Вахш   «Дар  бораи  самтҳои асосии  сиёсати буҷетӣ- андозӣ  ва  хароҷотҳои маҳаллии  лоиҳаи  Буҷети  маҳаллии  ноҳияи Вахш  барои  соли 2019».

Дар соли  2018  сиёсати молиявии  ноҳияи Вахш пеш аз ҳама ҷиҳати  иҷрои  дастуру  супоришҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҷиҳати  расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар  корҳои  муайян ба анҷом  расонида шудаанд...

Муфассал


 Наҳзатиҳо – гурӯҳе сангдилу бешараф

Мусалламан, инсони солимфикр ва соҳибназар ҳамеша пухтакор аст. Зеро ӯ ҳар суханашро мулоҳиза мекунад ва оқибати ҳар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегӯяд ё ба иҷроиши амал даст мезанад. Шояд ҳамин тарзи суханронӣ ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эҳтироми хосае доранд...

Муфассал 


Паём-санади муҳим

Паёми навбатии  Пешвои миллат  тамоми ҷабҳаҳои  мухталифи ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун таккондиҳандаи рушди соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Маҳз  тавассути  Паём ба  сокинони кишвар аз фаъолияти яксолаи давлату ҳукумат  иттилоъ  дода шуда, нақшаҳо  барои  соли оянд тарҳрезӣ  мегарданд...

Муфассал


Сафедхоӽони сияӽном 

Маҷӯ Бедил, илоҷи сарнавишт аз гиряи ӽасрат,

Ба мавҷи бода натвон шуст, ӽаргиз хатти соғарӽо.     

Дирӯз маⱪолае ба дастам расид бо номи “Бо як ⱪарори миллӣ, тамоми ⱪурбониӽои замони тоталитарӣ сафед карда шаванд”, ки ба ⱪалами раиси ПМТ М. Кабирӣ мансуб аст. Маⱪоларо чанд маротиба такрор ба такрор хондам, аз ӽама тааҷубовар барои ман ин буд, ки ин суханӽоро кӣ мегӯяд...

Муфассал


 ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ

 26-декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон Паёми навбатии худро ба мардуми шарафманди кишвар ва маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирад...

Муфассал 


 Аз ҷаласаи назди раиси ноҳия

 АНДОЗРО БОЯД СУПУРД

 Ҳамарӯза Ҷаласаи назоратӣ назди раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло оид ба иҷроиши нақшаи андоз баргузор мегардад.

 Дар ҷаласаи мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолони ноҳия ширкат меварзанд...

 Муфассал


 Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем…

 Эмомалӣ Раҳмон

 ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

 Аҳли маорифи ноҳияи Вахш бо мақсади шарҳу татбиқи Паёми навбати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми декабр ироа гардид, гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳои  судманд доир намуданд...

 Муфассал


 Мутахассисон зиёд ва муллоҳо камтар бошанд

Фаъолияти тахрибкорона ва душманонаи Муҳаммадиқболи Садриддин бар зидди Тоҷикистон идома дорад. Ин дафъа вай дар як матлаби ахиран дар сомонаи ифротии худ нашр кардааш кӯшиш кардааст, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро беасос туҳмат кунад ва дар назари хонандагон манфӣ нишон диҳад. Аммо яқинан М.Садриддин ба ин мақсади нопоки худ намерасад, зеро мардуми кишварамон алакай чи махлуқ будану то кадом андоза бадандешу сиёҳдил будани ӯро тавассути навиштаҳояш медонанд. Навиштаҳои ин палидаки мутаасиб танҳо бар зарари Тоҷикистон ва мардуми кишварамон мебошанд...

Муфассал


 Наҳзатиҳои ифротӣ, то ба кай мардумфиребӣ ?!

Мутаассифона, дар шароити ҳассоси байналмилалӣ, рӯйрост шудани дахолати геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби  нерӯҳои ифротии кишварҳо барои муташанниҷ сохтани вазъияти сиёсӣ, махсусан, дар давлатҳои тозаистиқлол, хавфи авҷ гирифтани ҳаракатҳои экстремистӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ зиёд шуда истодааст...

Муфассал


 

Ҷашни Сада

Баъди  соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои кишварамон  пешравиҳои назаррас ба амал омаданд ва имрӯз ҳамчунин  пешравиҳо бо як суръати баланд идома  ёфта истодаанд.

Аз  нав эҳё гардидани суннату анъанаҳои кадимаи фарҳанги миллиамон боиси он гардид, ки миллати тоҷикро дубора кишварҳои ҷаҳон шиносанд ва ин раванд як дастоварди бузургест барои халқи куҳанбунёди тоҷик...

Муфассал 


Сиёсати тиҷоратомез ва ё тиҷорати сиёсӣ 

Имрӯз бо яке ҳамкурсонам вохӯрдам, ки аз яке аз деҳаҳои Ҷиргатол ба пойтахт барои гирифтани дипломаш омада буд. Тибқи муқаррарот баъди се соли корӣ аз рӯи ихтисосаш метавонад нусхаи аслии дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ҳамин тавр, мо вохӯрдем ва якҷоя гаштугзор кардем. Аз пешравиҳои пойтахти мамлакат бениҳоят ба ваҷд омада буду, бо хурсандиву ҳаяҷону эҳсосот оид ба зебогиву пешрафти кишвар сухан мегуфт...

Муфассал   


Дидбони ҳуқуқи башар ё язнаи наҳзатиҳо

Дар қишлоқҷойҳои мо матале аст, ки мегӯянд, ки «к… и хуб ҳам қанат аст» . Дар намунаи наҳзатиҳо, дида мешавад, ки язнаи хуб Стив Свердлов ҳам барои наҳзатиҳои ғарбнишин қанат шудааст. Аниқтараш хонум Шабнам Худойдодова хуб ва бунёдӣ кӯшиш кардааст, язнамулло, ки дар маҳалҳои мо ба ҷойи хар аст, мушовиру муҳофизи наҳзат дар ин ташкилот шавад. Ҳар сол аз замоне ки ин язна аз давлати хонум ба ин мақом расидааст, бо гузориши сусту заъиф тавҳину таҳқирро ба миллат раво мебинад...

Муфассал


Наҳзатиҳо – қотилони зиёиён

Дар бораи қотилию ғоратгариҳои роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар қадар гӯем ва нависем боз ҳам кам аст. Зеро ин гурӯҳи хиёнаткор барои миллату давлати Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта он қадар бадбахтию   бенизомӣ оварда буданд, ки чунин ҳолатро халқи тоҷик дар тамоми тӯли таърих надида буд...

Муфассал


Падар чӣ гуна, писар намуна

Ду рӯзи охир ҳодисаи оддии вайронкунии қойидаи роҳ дар ш.Хоруғ хабарсоз шудааст, ки омилу гунаҳкори асосӣ Ифтихор Худоёров, падари Наврас Худоёров мебошад.  Чанд далел аст, ки бар ин фарзия далолат мекунад...

Муфассал


Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад

Мақоли маъруфест, шояд дар овардани шакли дурусташ иштибоҳ намоям, лекин аниқ ба ин маънист, ки «чашидани заҳр камоли аҳмақист». 
Миллати тоҷикро як бор дар ин роҳ бурданду заҳр чашониданд. Ончунон сахт омад, ки 150 ҳазор фарзандаш қурбонии ин «чошнӣ» гардид.

Ин заҳр дар симои наҳзатиҳои террорист  ва мафкураи ифротию ҷоҳилонаи аз қаъри асрҳо барои Шарқ меросмонда зуҳур кард. Ақлҳоро ба ҳаде тира сохт, ки ҳатто бар ҷаҳонбинии дунявии баъзе равшанфикрон, зиёиён ва аҳли илму адаби тоҷик чира гашт...

Муфассал


 

ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ

Ба андешаи коршиноси мо, таъқиби рӯирост аз ҷониби наҳзатиҳо дар аввали солҳои 90-ум сабаби аз Тоҷикистон фирор кардани намояндагони халқҳои ғайримусалмон гардид.
Соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ манъ шуда буд... 

Муфассал


 Ҳанӯзам наҳзатиҳо доранд ав-ав

Наҳзатиёни беномусу ватанфурӯш баъди фош шудани рӯи аслии онҳо низ кӯшиши боз ноором намудани Ватани маҳбубамонро доранд. Ба ин мақсади нопоки худ асло нахоҳанд расид. Ин паёмро ҳамаи мо шаҳрвандони Тоҷикистон ба кулли наҳзатиён ва хоҷагони хориҷии онҳо расониданием...

Муфассал


 ТАВБАИ ДОДОҶОН АТОВУЛЛОЕВ БАРОИ 25 СОЛИ МУБОРИЗААШ

Додоҷон Атовуллоев, яке аз мухолифони собиқадори ҳукумати Тоҷикистон, дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук барои 25 соли муборизааш тавба кардааст. "Ягона роҳ тавбаю надомат кардан, аз ХУДО ва ХАЛҚ омўрзиш хостан аст. Тавбаи насӯҳ,” – навиштааст роҳбари ҷунбиши "Ватандор”. Додоҷон Атовуллоев афзудааст, ба ҳеҷ ваҷҳе бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари кунунии оппозитсияи тоҷик эътилоф нахоҳад баст...

Муфассал


Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин

(Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин:

Тарс бузургтарин гуноҳ аст)

Соати 12:45-и 08-уми декабри соли 2018, дар сомонаи вафодораш Муҳаммадиқболи Садриддин аз гуфтаҳои банда Баҳодур Саидов, ки дар Олмон мебошам ва ба кӯри Юнус хуб маълум аст, иқтибос овардааст, ки  «ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд...

Муфассал


Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин

(Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин:

Тарс бузургтарин гуноҳ аст)

Соати 12:45-и 08-уми декабри соли 2018, дар сомонаи вафодораш Муҳаммадиқболи Садриддин аз гуфтаҳои банда Баҳодур Саидов, ки дар Олмон мебошам ва ба кӯри Юнус хуб маълум аст, иқтибос овардааст, ки  «ба ҳукумати Тоҷикистон маълум шуд, ки дигар мардуми ба дод омадаро наметавон аз ҳабсу зиндон тарсонд...

Муфассал


Паём.нет ё овозарасони кампирҳои лаби об

Дар маҳаллаи мо расм шудааст, ки ҳар овозаи аз ҳақиқат дурро ба кампирҳои лаби об пайванд медиҳанд. Паём.нет, ин сомонаи ифротии беурзаву нангро низ ба хабаррасони дурӯғҳои ёвагӣ ҳавола мекунанд. Чунончи, хабаре паҳн кардаст бо номи “Саъдӣ командир”-ро кӣ кушт?», ки таҳлили сатҳии он нишон медиҳад, ки чӣ туҳмате ки бофтааст ба сари шахсиятҳои муътабар рехтааст...

Муфасса 


Мулло-ҷорӯби дастархон

(Сухане чанд андар гуноҳҳои кабираи Маҳмадсаид Ризоӣ)

Эшону мулло ҷорӯби дастархон мебошанд, гуфтаи ҳакимест, ки басо нишонрас хислати разилонаи шахси чалласавод ва ёғии собиқадори Маҳмадсаид Ризоиро бозгӯӣ мекунад. Даврони бесару сомонӣ М.Ризоӣ, ки  шуъбаи фарҳангро дар ҳизби мамнуи террористӣ иҷро мекард, сари минбар мебаромад ва аз иршоди исломӣ таблиғ мехонд...

Муфассал


 Макри Бурҳонов дар ниқоби мазҳаббозӣ

(Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Шуъбадабозӣ ва кӯлоҳпӯшонии Маҳмудхон Аббосович Бурҳоновро дар муҳити тиҷоратии кишварҳои Халиҷи  Форс ҳама медонанд. Шахсест орӣ аз ҳама усулу меъёрҳои инсонӣ. Чун дар бозорҳои ин кишвар ҷалғўза мефурӯшад ва боз ҳам дар байни савдогарони русзабон ба сифати каҷзабонӣ ба ҳайси мутарҷим миёнҷигарӣ мекунад, айёриаш ба ҳама худиву бегона маълум аст. Чун аз пайсаҳои дуздӣ ҷайбаш пур шуд, дар фикри сангадозӣ ба миллат ва ба арзишҳои давлатӣ кард...

Муфассал


ИНТЕРНЕТ. ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН 

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ҷавонон неруи фаъоли ҷомеа, созандаи ояндаи дурахшони давлату миллат буда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд...

Муфассал


Доираҳои манфиатҷӯ ва ғаразҳои аҳримании онҳо

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд...

Муфассал 


КУМАК БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МУАССИСА ИНТЕРНАТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар арафаи  иду ҷашнҳои милливу давлатӣ мувофиқи имконият   ҷиҳати расонидани дасти кӯмак ба  шахсони ниёзманди ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону барҷомондагон, маъюбону бепарасторон  саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии  «Ҳоҷӣ- Шариф» - и шаҳри Бохтар  ба аёдати тарбиятгирандагони   мактаб-интернати ноҳияи Вахш  рафта,  ба онҳо туҳфаҳои  солинавӣ тақдим карданд.


Бобоҷон Қаюмов, худфурӯхтае ки одамгарӣ дар вуҷуди ӯқирон овардааст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Дар матни ҷомеа пайдо гардидани ашхоси булаҷаб ва мураккаб ба монанди Бобоҷон Қаюмов (Б.Қаюмзод), ки дар хатти иштибоҳии наҳзат умрест  худиву бегонаро ҷоҳилона мефӯрушад,  хатои фоҳиши табиат содир шудаааст. Ҳамчун пайомади ин муносибат, сарфи беҳудаи вақт дар тарбияи ин афрод аст.  Чун шогирди сарсупурдаи М.Ҳимматзода дар обу лой кардани маблағи гурезагон маззаи маблағи дуздиро чашид, фанду фиреби облойкуниро хеле хуб омӯхт.  Ҳилаи шаръии мадрасаҳои динии ҳамсоякишварро таҷриба кард...

Муфассал


Бӯйи гӯзе, ки барои Мирзои Салимпул боди роҳат аст

Хеле вақте шуд, ки падари дурӯғгӯёни тоҷик – Мирзои Салимпул (хоҳишмандам хато нашуморед «л» хонед) бекор монда буд. Пайи хабаре буд, ки аз он моҷаро ҷӯр кунад, ба савдо занад ва нафси худро каме ҳам бошад ором созад.

Хабари наваш чизе нест. Вазни гӯзеро дорад, ки ҳатто то ба машоми Салимпул расидан бодаш мебарад. Вале ӯ бо тамоми қуввае, ки дорад ин гӯзро дар пати бинии бадомӯхташ нигоҳ медораду онро чун бӯйи атриёти фаронсавӣ азиз медорад.

Бале, дар Хоруғ ҷинояткоре даст ба амали ғайриқонунӣ задаасту аз ҷониби мақомот боздошт шудааст. Акнун тақдири ӯро қонунгузорӣ ҳал мекунад. Гунаҳгор аст, ҷавоб мегӯяд. Гунаҳгор нест, ҷавобаш медиҳанд. Роҳи сеюм нест. Он ки сею чору даҳ нафар ҷамъ меоянду озод намудани ҷинояткореро тақозо мекунанд, барои вазъият дар маҷмӯъ таъсире надорад. Давраи қумандонию бузургсолории ҷинояткорон кайҳо гузаштаву фаромӯш шудааст...

Муфассал


 

Изҳороти ҷамъияти “Нур” кори дасти террористон аст

Яке аз ҷинояткорони наҳзатӣ - Муҳаммадиқболи Садриддин, ки тибқи хулосаи коршиносони равоншинос ба ҳолати махсуси ташвишовари шаҳвонӣ гирифтор аст, вақтҳои охир ба масъалаи сатру ҳиҷоби занҳо сахт часпидааст. Бештари навиштаҳояш дар расонаҳои хабарӣ дар ҳамиин мавзуъ мебошанд.

Баҳси ҳамешагии М. Садриддин сатру ҳиҷоб аст. Тамоми матолибе, ки интишор медиҳад, ба ин ва ё он ваҷҳ ба ин масъала бастагӣ дорад. М. Садриддин як марди мутаассиби мазҳабист, ки берун аз мазҳаб дунё ва инсонро тасаввур намекунад. Ҳатто тасаввур кардан намехоҳад, ки дар дунё ба ғайр аз сатру ҳиҷобу  риёкории динӣ ҳазорон мушкилу масъалаҳо вуҷуд доранд, ки заруртару муҳимтаранд.  Бо ҳиҷобу сатр кардан, ҳамарўза намоз хондану рўза доштан, тасбеҳ ба дасту аммома ба сар гирифтан, масҷидро хона кардан чӣ масъала ҳал мешавад...

Муфассал


МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  Одилҷон Маҳмадов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва бахшида ба солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

 

Зимни баргузории мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов оид ба саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

 

Дар идомаи чорабини занони маҳал ин иқдоми неку ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои ба таври муассир аз нав эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои хешро баён карданд.

Сайри Вахш

Бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, маҳфили адибону ҳунармандони Фархор  дар ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангии «Сайри Вахш» баргузор гардид.

Меҳмононро хонандагони МТМУ№56-и ноҳия бо шеъру таронаҳои ватандӯстона истиқбол гирифта,  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Фариштамоҳ Зоҳидзода аҳли нишаста хайру мақдам гуфта, навбатро ба шоирону санъаткорон дод, ки онҳо бо шеъру суруд, таронаҳои дилнишин ва рақсҳои ҷолиб,  табъи ҳозиринро болида гардониданд.   

Дар охир ба шоирону санъаткороне, ки аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварда буданд, бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд. 


 

Паёмаки солинавӣ ба наҳзатиҳои террорист

Дар сомонаи интернетии «payom.net» паёми солинавии раҳбари паймони зидди миллии Тоҷикистон Кабириро мутолиа намуда  ба чунин хулоса омадам, ки дар ҳақиқат ин хоини миллати тоҷик дар рӯй доштааст. Ҳангоме, ки Кабирӣ дар давлатҳои исломӣ қарор дошт давоми ин солҳо ягон маротиба нашунида будем, ки ин хоин фарорасии соли нави мелодиро ба мардум шодбош гуфта бошад ва аз «ислом» сухан мекард.

Акнун, ки дар яке аз давлатҳои Аврупо, Олмон ҷойи зисти худро ихтиёр кардааст бо мақсади худнишондиҳи, ба ҳилаю найранги навбатӣ даст зада, фарорасии соли навро яке аз фурсати мувофиқ дониста   ба чоплусию хушомадгӯи гузаштааст. Гӯё, ки ин «наҳзатӣ» барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ ва ба даст овардани маблағҳои муфт аз «хоҷагони хориҷияш» акнун «масеҳи» шуда бошад...

Муфассал


РОҲБАРИ НАҲЗАТӢ – ДУЗДУ ҒОРАТГАРИ МАРДУМ

Зеро миллати дар тули таърих ҷафодидаи тоҷик дар раванди ҳастии худ ба ин гуна ҳодисаю воқеаҳои мудҳишу даҳшатбор борҳо дучор шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин ҳодисаю воқеаҳое, ки барои бадбахт сохтани мардуми роҳандозӣ шуда буданд, ба мисли ҳаводиси хунину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта ва воқеаҳои баъдии алоқаманд ба онҳо ҳамлаи нохалафона ва зарбаи ҷонкоҳтар набуданд. Чунки миллати тӯли ҳазор сол аз истиқлол ва соҳидавлати маҳруми тоҷик дар солҳои 90-уми садаи ХХ ба истиқлолияти комили сиёсӣ расид. Ҳарчанд, ин гуна ҳаводис, ки ҳамеша бар зидди миллати тоҷику тоҷикият ба хотири даст наёфтан ба давлату давлатдорӣ аз ҷониби аҷнабиён роҳандозӣ карда мешуданд. Аммо, ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бархе аз нафарони тангназару кӯрдил ва манфиатҷӯю хиёнаткор рӯйи кор омаданд... 

Муфассал


ТААССУБИ МАЗҲАБӢ ВА МИСОЛЗАНИИ ДУНЯВӢ

Тафовутҳо ва умумиятҳо»-ро мурур кардаму беихтиёр хаёлам ба суҳбати тозаи видеоиаш рафт. Суҳбати видеоии ахири М. Садриддинро дирӯз дар Ютуб тамошо намуда, бори дигар яқин кардам, ки ин мард ба дараҷае мутаассиб ва хурофотист, ки дар сурати пайдо кардани одитари имкони қудрати сиёсӣ ва низомӣ ҳазорон ва ҳатто миллионҳо нафарро ба хотири ақидаи пӯсидаи асримиёнагиаш қурбон месозад (ва аз ин амали нангин ҳатто мижжааш хам намехӯрад). Агар бовар надоред, суҳбати видеоиашро бодиққат тамошо кунед. Албатта, агар зеҳни озод, пӯё ва ҷӯё дошта бошед, дар акси ҳол, мисли М. Садриддин ҳамаро яксон ба куфру илҳод муттаҳам мекунед...

Муфассал


ФИРОРИЕ НАҲЗАТӢ ДАР ПАЙИ ҲАВАСҲОИ ТИҶОРИИ ХОНАВОДАГӢ 

Аҳли ҳол дақиқ медонанд, ки ин раҳбари сиёсӣ, ки имрӯз доираҳои наҳзатӣ ӯро ба унвони шахсияти харизматик васфу ситоиш мекунанд (ва чун бут ба парастиши ӯ машғул шуда, бо эҳтирому садоқати бепоён «Устод»-аш ном мебаранд), дар ибтидои роҳи сиёсӣ бо тиҷорат ва тафаккури тиҷорӣ шомили ташкилаи сиёсӣ гардидааст. Дар зимн, тафаккури хонаводагӣ ва хостҳои тиҷорӣ дар таърихи сулолаҳои динӣ ҳодисаи наву тоза нест. 

Бо таваҷҷуҳ ба таърихи сиёсии ислом ва адабиёти марбут ба ин самти исломи сиёсӣ, диёнати исломӣ дар бистари худ хонаводагаро аст. Шаҷарабандии сайидзодаҳо, эшонҳо, махдумҳо, хоҷаҳо ва амсоли инҳо махсусияти хонаводагии диниро нишон медиҳанд ва ТТЭ ҲНИ ҳам, ки побанди мафкураи исломи сиёсист, наметавонад аз насабпарастии арабӣ-исломӣ ҷудо бошад. Ҷангу низоъҳое, ки баъди марги паёмбари ислом дар доираҳои ҳукмрон ба вуқӯъ пайваст, ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки ғасби қудрат ва хонаводагӣ кардани он аз марҷаоти усулии салатанати динӣ маҳсуб меёбанд...

Муфассал


ЧАНДЧЕҲРАГӢ Ё САҲНАСОЗИҲОИ РАҲБАРИ ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТ

Яке пулу мол, яке давлату савлат, яке ҳунару истеъдод ва яке шару шур ва оҳу ноларо ва бо он ҳама ҷаҳонро пур аз шеван мекунад. Ё ба тарзи дигар зиндагӣ саҳнаест, ки ҳар нафар дар он муддате нақшеро амалӣ месозад. Вобаста аз ин ки ин нақш чи арзише дар арзишшиносӣ ё чӣ ҷойгоҳе дар дидгоҳҳои мардумӣ касб мекунад, он нафар, ки ин нақшро офаридааст, маҳбубиятеро дар дили ҳамзамонони худ ба вуҷуд меоварад. Дар ин росто онҳое, ки офаринандаанд ва соҳибистеъдоданду рисолати фардӣ, инсонӣ ва миллӣ доранд нақши хешро ба тарзи табиӣ анҷом медиҳанд. Зеро ҳадафи онҳо дар маҷмӯъ бароварда кардани ниёзҳои инсонӣ ва ё бо роҳи ақлу хираду истеъдод офаридан, бунёд кардан ва ё эҷод карданӣ амале ё офаридаест, ки тавонад мушкили башариро саҳлу сода гардонида, зиндагии инсониро аз ин ё он ҷиҳат таровату маънии тозае бахшад. Дар ин росто нафароне, ки дар тули таърихи башар садҳо кашфиётро анҷом дода, амалан дар сарнавишти тамадуни башар саҳми сазовор гирифтаанд метавон баршумурд. Ин нафарон будаанд, ки бо неруи андеша ва хираду эҷод садҳо ва ҳазорон кашфиётро ба миён оварда, зиндагонии инсониятро аз мароҳили таваҳҳуш ба мароҳили тамаддун овардаанд. Воқеан ин нафарон дар тамадуни башар сарнавиштсозанд ва воқеоти муҳими маънавии тамадуни инсон бо зиндагонӣ ва кору амали ҳамин гуна шахсиятҳо гиреҳ хӯрдааст. Ин гуна шахсиятҳо як ҳадаф доранд. Ҳадафашон анҷоми амале, ки барои инсоният дар маҷмуъ манфиатовар бошад. Бо ин роҳ рисолати хешро анҷом медиҳанд ва дар тамадуни инсонӣ худро ҷовидона месозанд... 

Муфассал


 

Ҳамҷинсбозони беҳиҷоб, ки сатру ҳиҷобро меъёри либоспӯшӣ медонанд

Аҷаб. Зиндагӣ зидду нақиз аст. Ҳолатҳоеро ба мушоҳида мегирӣ, ки аслан интизорашро надоштӣ. Фарде чунон рафторро ба дигарон раво медонад, ки худаш дар ботину зоҳир ба ин кор мухолифи  шадид аст. Худаш дар Аврупо ҳай ҷунбон-ҷунбон бо либоси  ғарбӣ, аъзои баданро метаконаду  мечунбонаду каҷ мегӯяд.

Худ миниюбкаро мепарастаду ба дигарон маҳдудкуниро дуо мекунад. Мардумро ба бероҳа мебарад. Аврупоро «дор-ул-ҳарб» мегуфтанд ва макони фасод, худ он ҷо ҷой гирифтанд,  бо либосҳои бараҳна мегарданду ба шариат пушти пой заданд. Ин ашхосро дар урфият мунофиқ гуфтандӣ. Мана мисоли зинда...

Муфассал


Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарбаланд!

Дар деҳаи «Миробод»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ширкат варзида,  дар назди ҳозирин  ба сухан баромада, иброз дошт, ки маҳз бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба халқи шарифи тоҷик имконият пайдо кардаанд, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро фаромӯш накарда, аз нав онҳоро эҳё кунанд.

Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ин икдоми неки ояндасозро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, миннатдории хешро барои дастгирӣ ва аз нав эҳё кардани ҳунарҳои қадимаи миллӣ баён намуданд.


ШУКРИ СУЛҲУ ШУКРИ ВАҲДАТ МЕКУНЕМ

Тоҷикистон ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро дӯст доштан ва барои муқаддасоти он арҷгузори кардан вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд:

«Ҳуббул ватан минал имони», яъне ватандорӣ аз гӯшаи имондорист. Барои ҳар қавму миллат Худованди мутаол аз байни он қавм шахси баруманд ва бофарҳанг аз он миллат баргузида мешавад.

Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз Яздони пок давлати тинҷу осоиштаро бо шарофати шахсияти бузург чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон насиб гардонидааст. Парвардигори азимулшаън дар Қуръон Карим сураи Иброҳим ояти 7-ум мефармояд: «Лаин шакартум лаазиданакум ва лоин кафартум ина ъазоба лашадид», яъне ҳар оина бандагони Худо шукргузор бошанд, Худованди бузург неъматашро доимӣ ва мустаҳкам мегардонанд. Ва агар ношукрӣ кунанд, бандагонро дар азоби шадид (сахт) гирифтор мекунад

Муфассал


ТАВБА ё розрез ба хотири 150 000 нафар қурбониёниҷангибародаркуш

ИБТИДОИ соли 1993 маро ба Теҳрон даъват карданд. Дар яке аз бӯстонсароҳои ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия ҷамъ омадем. Дар як ҷаласа баъди баҳсу мунозираҳо вазифаҳо ва самти фаъолият муъайян гардид.

Ба ман пешниҳод шуд, азбаски ман дар Маскав таҳсил кардаам ва дӯстони зиёде дар байни журналистон ва сиёсатмадорони Россия дорам (он замон чанде аз ҳамсабақонам аз МГУ дар дастгоҳи раиси ҷумҳури Россия фаъолият доштанд) дар Маскав фаъолият бинамоям.

ТАҚРИБАН моҳи августи 1992, баъди шинохтани чеҳраҳо ва нақшаҳои ҳаммайдонон, ман аз оппозитсияи ҳамон давра ҷудо шуда будам. Ҳатто огоҳӣ доштам, ки бо ҳамроҳии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар "рӯихати сиёҳашон" афтодаем ва агар онҳо пирӯз мегаштанд, моро ба қатл мерасониданд. Киллерҳо низ омодаи "фас" буданд...

БОЗМЕГАРДЕМ ба маҷлиси Теҳрон.

Вақте навбати сухан ба ман расид, гуфтам:
-Ман ҳама гуноҳҳоятонро як ба як мегӯям, агар ба гардан гиред ва тавба кунед, ман бо шумоям.
Аз Шодмон Юсуфу Тоҳири Абдуҷаббор сар кардам. Ором гӯш андохтанд ва ҳар гоҳе, "рост, рост" мегуфтанд. Тӯраҷонзода низ, гарчанде эҳсос мекардам, ки аз эродҳоям хушаш намеомад, (агар қаҳри Ҳазрат биёяд, чеҳрааш сурх мегардад) вокуниши ҷиддие накард. Навбат ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода расид. Чун хатоҳояшро баршумурдам, таркид:

Муфассал


Як тавсия ба кӯри Юнус

МубаллиғванасиҳатгаринаҳзатиҳокӯриСайидюнусБурҳонов 

дар дуруғбофию туҳмат кардани ҳамватанон то дараае ба ҳадди ифрот расидааст, ки  навиштаҳояш дигар сару нуг надоранд ва аз қиссаҳою афсонаҳои хаёлӣ ҳам бештар ғайривоқеианд. Масалан, дар яке аз матлабҳои охирини худ, ки зери унвони “Як тавсияи бародарона ба оппозисюн” дар сомонаи ифротиаш нашр кардааст, аввал аз қисмати як ҷавоне ки мавриди таваҷҷуҳи вай будаасту баъд гӯё тағйир ёфта духтарбоз шудааст, бо ҳасрат қисса мекунад. Баъд ба насиҳати ҳаммаслакони наҳзатии худ мегузарад, ки чи гуна бояд мубориза баранду беҳтараш “миёна” бошанд. Пас аз ин ба шоир Бозор Собир мечаспад ва таҳқир мекунад. Дар охир мақолаи пойдарҳавою бемантиқашро бо оёти қуръонӣ зеб медиҳад.

Аслан, ин насиҳатномаи навиштаи ҳазарати кур ба худаш дахл дорад. Зеро дар ҳамин як матлаби кӯтоҳ ҳадди ақал дар ду маврид ба ҳадди ифрот  расиданашро исбот кардааст. Аз ҷумла, зимни мисоли овардааш дар бораи ҳамон ҷавоне ки ба гуфти кури Сайидюнус аввал ботақво будаасту баъд духтарбоз шудааст, ифротӣ будани вай баръало маълум аст. Ё вақте ки ба шоири миллат Бозор Собир туҳмат мезанад, дараҷаи баланди ифротӣ буданашро нишон медиҳад.

Муфассал


РОҒУН-АРСАИ НОМУСИ НАНГИ МИЛЛАТ 

Боиси хушнудӣ аст, ки  имрӯзҳо дар кишвари биҳишосоямон шурӯъ аз  таҷлили Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  то инҷониб саропо  ид болои ид  аст. Ҳама ин аз сулҳу суботи   миллати тоҷик  шабоҳат  медиҳад. Агар  саҳифаи таърихро  варақгардон намоем,  он рузҳое, ки  халқи азияткашидаи  тоҷик  паси сар намуд, ҳеҷ  аз гушаи  хотирот  намеравад.

Муфассал


 Дар соҳили дарёи нур

Вақте офтоб ғуруб  мекунад,  гармии   рӯзонаро ҳавои    салқини роҳатбахши бегоҳӣ иваз  мекунад. Фишори як рӯзи  зиндагӣ, ки  бешак, ба дарё шабоҳат дорад, кам гашта, нармии ҳавои муътадили  шом ва эҳсоси фориғӣ аз ташвишҳои рӯзи рафта ба инсон сабукӣ  эҳдо мекунад. Оҳиста-оҳиста рафтуои    мардум дар ҷодаҳо коҳиш ёфта, дар чойхонаву тарабхонаҳо мардум мешинанд, суҳбат меороянд, рӯзи рафтаро таҳлил мекунанд ва куфти рӯзгорро мебароранд.

Муфассал


ДУНЁ ҲАМЕША ДАР ТАЛАБИ МАРДИ ҚОБИЛ АСТ

Ба гузаштаи таърихи  халқи тоҷик назар андозем, мебинем, ки  чи  қадар тағйироту  табадулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рух додааст. Ҳукми тақдир будааст, ки  миллати  сарбаланду  худогоҳи  тоҷик бо вуҷуди шуру ошубҳои замона, боду боронҳои айём тавонист, ки асолати миллии  худро нигоҳ дорад. 

Муфассал


Генерал Хуршед Маҳмадзода-меҳандӯстиасилвасипардармуқобилиқувваҳоииртиҷоӣ

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ дар хориҷа тавони дидани комёбиҳои Ватанро надоранд. Хаффошони хориҷӣ дар мисоли як муноқишаи маишӣ дар ш.Хоруғ, ба шахсияти генерали ҷангӣ ва марди асил Хуршед Маҳмадзода дарафтидаанд. Дар ин ҳамлаҳои нораво ва душманонаи таблиғотӣ сомонаи ифротгароёни фирорӣ «Паём.нет», ки мансуби ҳизби террористии «ҲНИ» мебошад пешдастӣ дорад.

Муфассал


ДОМАНИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ

Чуноне, ки тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, нимаи моҳи октябри соли 2018 конфронси байналмилалӣ Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб, таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳрии Мисри Араб Абдулфатоҳ ас-Сисӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур аз 73 кишвари ҷаҳон муфтиён, сафирону намояндагони баландпояи Мисри Араб, кумитаҳои дин ширкат доштанд. Ҳамчунин дар ин конфронс раиси Шӯрои уламои Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш қайд кард, ки вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад».

Муфассал 


Оғӯшу таҳпӯшхариҳои КабирӣҲумайроро мухолифи давлат кард

Ҳумайро гуфтааст, мухолифи низом аст, низоме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ба ин маънӣ, худро мухолифи давлату ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаву шарҳҳоеро ҳам барои худсафедкунӣ пеш овардааст. Аммо он чӣ ки аз гуфтугӯи ӯ бармеояд, комилан чизи дигар аст.

Матлаби гуфтугӯи тарҳрезишудаи Ҳумайрои Бахтиёр бо Кӯри Юнус (муаллиф ё ташаббускори ин суҳбатро дар Тоҷикистон айнан ҳамин тавр мешиносанд)-ро, ки дар пойгоҳи такфирӣ-иғвобарангези “Кимиёи саодат” нашр шуд, хондам.

Муфассал


Сайидюнуси наҳзатӣ мардумро ба қонуншиканӣ даъват мекунад

Сайидюнуси наҳзатӣ, ки дар зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурдааст, аз ҳар имконияту фурсате истифода мекунад, то амали душманонае бар зидди Тоҷикистон анҷом диҳад, аз ҷумла вақтҳои охир мавзӯи Бадахшонро бештар мавриди ҳадафи нопоки худ қарор медиҳад. Ин дафъа ҳам фурсатро аз даст надода,  дар сомонаи ифротиаш мақолае зери унвони «Волоияти қонун, ҳарфи ҳаққест, аммо…»-ро ба нашр расондааст, ки ба масъалаи ВМКБ дахл дорад.

Муфассал


Усули фирқагароӣ дар «Кимиёи саодат» (Ҳушдор ба намояндагони дин)

Кури Саидюнуси Истаравшанӣ, масъули фирории сомонаи «Кимиёи саодат» дар ҷавоб ба олимони шинохта ва рӯҳонияти расмии Тоҷикистон, сангпартоии нораво дорад.

28-уми октябри соли 2018 дар саҳифаи «Кимиёи саодат» мақолаи «Уфули фирқагароӣ» мақолае чоп карда, бо иқтибос ба муҳаррири нашрияи «Атлантик»-Ҳасани Ҳасан, дар бораи таназзули фирқагароӣ ё ба истилоҳе ҷангҳои мазҳабӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ишораҳои сатҳӣ ва ҷоҳилонае доштааст.

Муфассал


ҲАНГОМАСОЗИИ НАВБАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ БАДАХШОН

Ахиран сомонаи ифротии «Кимиёи саодат» мусоҳибаи хабаргузории «Tasnimnews»-ро бо «коршинос» Хурсанд Хуррамов таҳти унвони «Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оғохон бошад» интишор дод. Ин нафар хостааст ба масоили ахири Бадахшон расидагӣ намуда, дар робита бо он изҳори назар кунад. Ба изҳориназарҳои Хурсанд Хуррамов, ки ба манфиати наҳзатиҳост, иҷмолан посух медиҳем:

Муфассал


БАРҚИ РОҒУН ШАРҚРО ПУРНУР КУН

Тоҷикон шукрона аз он мекунанд, ки Худованд барояшон неъматҳои бешумор ато кардааст. Кӯҳсори пур аз ганҷ, обҳои мусаффо, замини ҳосилхез, меваҳои шаҳдбор ва ниҳоят манбаҳои неруи барқ, ки аз номҳояшон ба миллати мо башорат доданд.

Норак-аз калимаи «нор», ки маънояш оташ, гармиро доросту ба ҳамагон маълум аст. Маҳз дар ҳамин макон сохтмон бузурги неругоҳи обии Норак сохта шуд.

Калимаи Роғун-роғ, яъне ба маънии рушноӣ дар байни мардум маъмулу машҳур гаштааст. Гӯё ин номҳо ишорае буданд, ки манбаи ну рва рушноиянд.

Сохтмони НОБ-и Роғун ҳанӯз дар замони Шӯравӣ оғоз гардида бошад, ҳам давраи ривоҷу равнақи ин сохтмон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт. Маҳз бо ташабусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони пуриқтидори аср неруи тоза гирифта, чархаи якуми он ба истифода дода мешавад.

Агар заҳмату талошҳои бевоситаи Раҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, мо-тоҷикон ба бораи Роғун ҳарф намезадем. Бо корнамоиҳои ин Фарзанди фарзонаи миллат сохтмони Роғун ба майдони корзори аср табдил ёфт.

Муфассал


РОҒУН-ҲАЁТУ МАМОТИ МОСТ

16-уми ноябри соли 2018 чархаи аввалини НОБ-и Роғун ба фаъолият шурӯъ намуда, рӯшноии ин Кохи нур аз ҷумҳурии мо то ба давлатҳои ҳамсоя интиқол меёбад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ин рӯзу ин соатро интизор буданд. Ҳар як фарди ватандӯст аз пайки ин нишот қалбаш аз фараҳ лабрез мегардад. Кулли мардуми шариф пиру барно боварӣ доранд, ки ин рӯзи таърихӣ, яъне 16-ноябри соли 201-ум дар саҳифаи таърих бо хати зарин сабт хоҳад гашт.

Бигзор НОБ-и Роғун мероси бошад, барои наслҳои оянда ва наврасони ҷавонон аз шуҷоатмандию далерии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирфита, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Имрӯзҳо атрофии НОБ-и Роғун дар тамоми вохӯрию суҳбатҳо ба аҳли ҷамоатчигӣ, бахусус пирони 70-80-сола сухан меравад. Дар ҷавоб чунин иброз медоранд, пирони барнодил, ки: «Ба истифодадиҳии НОБ-и Роғун, ин як қахрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Рӯи сурху сари баланди халқи тоҷик Роғун мебошад. Фарзанди фарзонаи миллат дар рӯзгори аҳолии Тоҷикистон равшанӣ ахдохт», чунин андеша доранд, пирони рӯзгордидаи ноҳияи Вахш.

Муфассал

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top