Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳия

Ҳикматуллоҳ Раҷабзода Ҷаббор 5-уми майи соли 1957 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Москва), дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасиаш дар ҳамин деҳа гузаштааст. Мавсуф соли 1964 дар мактаби миёнаи №7 ба номи Саидқул Турдиеви ноҳия таҳсил карда, соли 1974 таълимгоҳи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад.

Соли 1975 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1979 бомуваффақият ба охир расонида, соҳиби ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мегардад.

Ҳикматуллоҳ Раҷабзода соли 1979 дар мактаби миёнаи №21-и деҳаи Пахтакори ноҳия ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз менамояд. Баъдан ӯ соли 1982 ба мактаби №14-и деҳаи Советобод гузашта, аввал муаллим ва аз соли 1983 ҳамчун ҷонишини директори мактаб ба фаъолият мепардозад.

Солҳои 1986-1988 дар вазифаи мушовир шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш, солҳои 1988-1989 ҷонишини директори мактаби миёнаи №35, солҳои 1989-1993 нозири шуъбаи морифи ноҳия, солҳои 1993-2000 ҷонишини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш кор кардааст.

Мавсуф аз моҳи январи соли 2000 то соли 2005 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш, солҳои 2005-2009 мудири шуъбаи маорифи ноҳия, солҳои 2009-2010 мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия, солҳои 2011-2014 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ва моҳи майи соли 2014 то ин ҷониб мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Вахш шуда кор карда истодааст.

Ҳикматуллоҳ Раҷабзода соли 2009 барои дар соҳаи маориф содиқона кор ва фаъолият намудааш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top