Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Чоргултеппа

 Деҳаи Чоргултеппа аз маркази ноҳия 10 км ва аз Аҷиннатеппаи таърихӣ 1 км дуртар воқеъ аст. Ин мавзеъ таърихи басо қадимӣ дорад. Аз гуфтаҳои таърихшиносон ва мӯйсафедони деҳа маълум гардид, ки таърихи пайдошавии ин мавзеъ ба давраи ҳукумронии Кушониён мансуб аст. Бо сабаби серобӣ, наздик будан ба Чину Ҳиндустон ва шароити хуби зиндагӣ доштан ҳукумрони давлати Кушониён ба худ қарор медиҳад, ки дар Аҷиннатеппа маскан гирад...

Муфассал


 Қизлартеппа

Қизлартеппа аз маркази ноҳия 17 км дур дар ҷамоати деҳоти Оқгаза, ҳозира ҷамоати «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикисон» воқеъ аст. Ин маҳал замоне ба давлати Бохтар дохил мешуд. Дар маҳали Қизралтеппа одамони меҳнатдӯст аз рӯи симою сурат бисёр ҳам дилписанд иқомат доштаанд. Машғулияти дӯстдоштаи онҳо обчакорӣ, зироатпарварӣ ва чорводорӣ буд...

Муфассал


Ёдгориҳои таърихии ноҳи Аҷиннатеппа

Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст.
Аҷиннатеппа аз маркази ноҳия 11 км дур дар ҷамоати шаҳраки Киров ва 15 км дуртар аз шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҷойгир шудааст...

Муфассал


АЗ ТАЪРИХИ ВОДИИ ВАХШ                         

«ВАХШ, ОХШО, ОАХШО»

Вахш, Охшо, Оахшо, номи олиҳаи обучить обёрӣ дар тасаввури бохтариёни қадим. Яқин аст, ки аз калимаи «вахшу» -и форсии қадим баромадааст. Дар забони «Авасто» «Вахш» истилоҳе мебошад, ки маънои луғавияш «сухани гуфташуда» аст, дар забони суғдӣ бо «логос» -и юнонӣ (мафҳум, сухан, гуфтор) ҳаммаъност. Дар забонҳои миёнаи эронӣ «вахш» ба маънои «рӯҳ» истифода шуда, баъзан «оби ҷорӣ» -ро низ ифода мекардааст. Дар сарчашмаҳои ҳиндӣ калимаи «Ваҳшу» номи Амударёст, ки юнониён онро бо калимаи ба он ҳамоҳанги Оксус ном мебурданд.

Дар асри 11 Абурайҳон Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён иде бо номи «вахшҳанг» (вахшҳангом) доранд ва илова мекунад, ки Вахш номи малоикаест нозири об ва махсусан дарёи Ҷайҳун. Минбаъд ва ҳоло номи ин олиҳаи қадимаро танҳо яке аз шохаҳои дарёҳои Панюу Аму, яъне дарёи Вахш нигоҳ доштааст. Ин-шаҳодат медиҳад, ки маҳз дар ҳамин ҷо, яньне дар ҷануби Тоҷикистон эжтиқод ба рӯҳи олиҳаи об - Вахш пойдортар будааст.

 ДАРЁИ ВАХШ

Дарёи Вахш яке аз шохобҳои калони ҳавзаи дарёи Ому. Вахш дар тасаввури мардуми Бохтари Қадим дарёи муқаддасест, ки ҳомии он илоҳа Охшо буда, чун Худои обувать оберё ва файу баракат шуҳрат доштааст. Дар маъхазҳои қадимӣ («Авесто», ҳиндӣ) Вахш маънои «оби ҷорӣ» -ро ифода карда, юнониён онро Оксус ном бурдаанд.

Дар аҳди бостон номи Вахш ба сифати рӯди Вахту дар «Авесто» ёд шудааст. Истилоҳи «вахш» дар форсии қадим маънои «каломи нек» -ро дорад, ки ҳамсанги таъбири муноҷот, дуо ва ниёиш аст. Дар забони суғдӣ низ Вахш ҳаммаънои «сухан, гуфтор» буда, дар ҳаққи илоҳаи ҳаётбахш ва ризқофаранда Охшо муноҷоту ниёиш карданро дорад.

Бажеты мухыққиқон ибораи «Зардушти вахшур» -ро, ки бори маънии паембар, расул ва оварандаи каломи Яздонро мекашад, аз номи рӯди Вахш мепиндоранд.

Ҷуғрофидони араб Ибни Русто Аҳмад ибни Умар дар «Китоб-ул-аълоқа-н-нафиса» овардааст: «Вахшо дарёи азимест, ки аз қисми болои кишвари харлухон пеш меояд, дар кишвари Фомир меравад, сипас ба кишвари Рошт меравад. Пас аз он дар кишвари ал-Кумиз меравад. Сипас он аз байни ду кӯҳ дар сарҳади байни Бошҷирд ва рустоқе аз замини Хуталл-Тамлиёт мегузарад. Ват ин мавзеъ пулест маъруф ба «Қантарат-ул-ҳиҷора» (Пули Сангин), ки басиси он аз Бошҷирд ба Хутал убур мекунанд ».

Ин-гуфтаҳо ба маҷрои кунунии Вахш мутобиқ аст, ки тадриҷан аз водии Вахш ҷорӣ шуда, ба дарёи Ому мерезад. Дар наздикии резишгоҳи дарёҳои Вахш ва Панҷ задатгоҳи қадимии пайравони ойини зардуштӣ - Тахти Сангин қомат афрохта буд, ки ба илоҳаи обучать обёрӣ Охшо нисбат дошт. Мутобиқи маълумоти Ибни Хурдодбеҳ дар «Китоб-ул-масолик ва-л-мамолик» аз дараи Вахгирд (Файзободи ҳозира) рёде бо номи Бохшу (Вахш) ҷорӣ шуда, ба Ҷайҳун мерезад. Мардум дар соҳили он пӯстҳои пашмдори бузро рӯболо паҳн намуда, бо мехҳои чӯбин онро устувор менамоянд. Оби тираву вазнини аз болои пӯст ҷоришуда, ба пашмҳои он регҳои тилло мечаспид. Сипас пӯстро дар зери офтоб ба рӯйи Замин мегузоранд, бахуди хушк шуданаш онро меафшонанд ва тиллорезаҳоро аз рег ҷудо карда мегиранд.«Дар Балх мегӯянд, ки он тилло беҳтарин, тозатарин ва сурхтарини тиллоҳост».

Баъди якҷояшавии дарёҳои Қизилсу, Муғсу ва Сурхоб, баъди ҳамроҳ гардидани дарёи Оби Хингоб Вахш ном мегирад. Дар масофаи 384 км тавассути қаламрави ҷанубии Тоҷикистон ҷорӣ шуда, ба дарёи Панҷ мепайвандад. Дарозии умумии дарёи Вахш 524 км, масоҳати ҳавзааш 39,1 ҳазор-км 2 . Вахш қариб дар тамоми ҷараёнаш аз водии танг ва дараҳои амиқ ҷорӣ мешавад. Дар баъзе ҷойҳо паҳнои тангӣ ба 8-10 м мерасад, ки онро канион мегӯянд. Вахш 170 км болотар аз резистоваш ба водии васеи Вахш мебарояд ва ба якчанд шохаҳо тақсим мешавад, ки паҳнои он 400 метрро ташкил медиҳад. Қисми пасти водӣ аз ботлоқ ва кӯлҳои мавсимӣ иборат мебошад.

Дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа наҳре бунёд шудааст, ки тавассути он ҳамвории ноҳияи Дӯстӣ обёрӣ мешавад. Манбаи оби дарёи Вахш асосан пирях ва барф аст. Давраи обхезӣ - аз май то сентябр ва пастравии об - февраль. Сарфи об ба ҳисоби миёна дар ҷойи ба ҳам пайвастшавӣ бо дарёи Панҷ - 660 м 3 / сония; аз ҳама бисёртар (июл) - 3120 м 3 / сония, камаш (феврал) - 130 м 3 / сония.

Вахш инчунин, бо тирагиву (4,16 м 3 / сония) серминерал будани обаш фарқ мекунад. Сабаби ин дар ҳавзаика дарё паҳн гардидани ҷинсҳои кӯҳӣ буда, аз қисми қӯҳии ҳавзааш ҳар сол 84 млн. тонна ҷинсҳои қӯҳии хурдро меорад, ки 40 дарсади ҷинсҳои таҳшинии дарёи Ому маҳсуб мегардад. Захираи бузурги оби Вахш барои обёрии заминҳо ва истеҳсоли неруи барқ ​​истифода мешавад. Иншооти бузурги обёриаш гидроузели Бойғозӣ (қобилияти обгузарониаш 4260 м 3 / с), ки 40 ҳазор га замини водиҳои Ёвону Обикиик обшор мешаванд), наҳрҳои Вахшу Шӯрообод ва ғайра мебошанд. Вахш 38 дарсади захираи гидроэнергетикаи ҳавзаи дарёи Омуро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нақшаи «Гидропроект» дар Вахш сохтмони 9 неругоҳи барқи обӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки и қтидори умумии истецсоли солонаи нерӯи барқ ​​дар онҳо 34 млрд кВт / соатро ташкил менамуд. Ҳоло дар маҷрои дарёи Вахш нерӯгоҳҳои барқи обии Сарбанд, Норак, Бойғозӣ, Шаршара, Марказӣ, Сангтӯда - 1, Сангтӯда -2 амал мекунанд. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома дорад. Баробари сохтмони неругоҳҳо обёрии заминҳои бекорхобида низ вусъат ёфт. Дар соҳилҳои Вахш шаҳрҳои Норак, Роғун, Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва ғайра воқеъ гаштаанд.

Дар поёноби Вахш, дар мавзеи ба ҳам пайвастшавии дарёи Панҷ барои ҳифзи комплекси минтақаи биёбону тӯғай соли 1938 дар масоҳати қариб 50 ҳазор га мамнуъгоҳи «Полвонтӯғай» («Бешаи палангон») ташкил карда шуд.

ВОДИИ ВАХШ

Водии Вахш дар қисми ҷануби ғарбии Тоҷикистон, дар ҷараёни мобайнӣ ва поёнии дарёи Вахш ҷойгир мебошад. Аз шимол бо водии Ҳисор, аз ҷануб бо Афғонистон ва аз ғарб бо Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Дар ҳудуди водии Вахш шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Панҷ ҷойгиранд.

Дар солномаҳо номи Вахш ба шакли «У-ша» омадааст. Воқеанигори чинӣ Сюан Сзан зикр мекунад, ки водии «У-ша», яньне Вахш дар канораҳои рӯди Фо-сзу (Вахш) ҷойгир буда, ҳудудаш аз Шимол ба Ҷануб 500 ли (1 ли баробари 535 м) ва аз Ғарб ба Шарй 300 литров меояд. Дар солномаи «Таншу» омадааст, ки У-ша дар Шарқ бо Ку-ту-ше (Хуталон) ҳамҳудуд аст. Аз ин мажлумот бармеояд, ки дар асри 7 водии Вахш қисмати миёна ва поёнии рӯдхонаи Вахшро фаро гирифта, бо Хуталон ҳамҳудуд будааст.

Дар маъхазҳои арабии асри 8 Вахш ҳамчун музофоти ҷудогона зикр шудааст, ки дар он харобаҳои қасри ҳокимон воқеъ будааст. Дар «Китоб-ул-масолик-ва-л-мамолик» -и Ибни Хурдодбеҳ, ки муаллифаш соли 846-и мелочь ба Мовароуннаҳру Хуросон сафар намудааст, водии Вахш чун як қисми сарзамини Хуталон ёдоварӣ шудааст. Дар асри 9 ҳудуди атрофи Вахш ва Ҳаловарду Левакандро ҳокимони сулолаи Хуталшоҳии Бойинҷуриён идора мекарданд.

Дар асри 10 водии Вахш бо шаҳрҳои Ҳаловард ва Леваканд бо Хуталон мутаҳҳид шудааст. Дар манобеи арабизабони асрҳои 9-11, ки ба Ибни Хурдодбеҳ («Китоб-ул-масолик-ва-л-мамолик»), Ибни Ҳавқал ​​«Сурат-ул-арз», ал-Мақдисӣ «Аҳсан-ут-тақосим», Ибни Русто «Китоб-ул-аълоқа-н-нафиса» тааллун доранд, шаҳрҳои Ҳаловард ва Леваканд ба водии Вахш мансуб будаанд.

Дар «Таърихи Табарӣ» -и Балъамӣ омадааст, ки дар аҳди қадим минтақаҳои Вахшу Кӯлоби имрӯза то Бадахшон ба Хатлон дохил буданд. Яъне аз шаҳрҳои марказии водии Вахш Ҳаловард аз ҷиҳати масоҳаташ ба Ҳулбук баробар буда, қалъаи мудофиавӣ доштааст, ки аз он Ибни Ҳавқал ​​(«Сурат-ул-арз») ва Ибни Ёқут («Маҷмаъ-ул-булдон») ёд кардаанд.

Дар аҳди Сомониён бозсозӣ гардиданд. Дар ин давра Вахш бо шаҳрҳои Ҳаловард ва Леваканд шуҳрат ёфта, онро Ҷаъфар ибни Довуд ном дастнишондаи Сомониён идора мекардааст. Ин водный бо бойу бӯстон ва киштзорҳои пурбаракат шуҳрат дошта, тоҷирони аҳди Сомониён аз Вахш ва Қубодиён ба Ҳиндустон заъфарон, тиловорӣ, пӯст ва маснуоти ҳунармандӣ содир менамудаанд.

Аз рӯйи бозёфтҳои осори сиккашиносӣ дар асри 7 ва нимаи аввали асри 8 дар водии Вахш тангаҳои мисини мудаввари миёнсӯрох дар муомилот будаанд, ки бажезе он ҳ дар рӯяшон навиштаҷоти суғдӣ ва бохтарӣ доштаанд. Ин тангаҳои мисин асосан дар муомилоти бозори дохилӣ ба корра, дар тиҷорати берунӣ тангаҳои нуқрагин истифода мешудаанд. Ба андешаи сиккашиносон дар шаҳри Ҳаловарди водии Вахш сиккахонае амал мекард, ки дар он аз аҳди Ҳайтолиён то даврони сулолаи туркҳо тангаҳо зарб зада мешуданд.

Бадди заволи давлати Сомониён дар асри 11 дар инста зарробхона тангаҳои нуқрагини аҳди Ғазнавиён ва Қарахониён (бо номи Бӯритегини Иброҳим) -ро сикка мезадаанд. Дар охири асри 12 ва оғози асри 13 дар зарробхонаи Вахш бо номи Мухаммамма Хорезмшон танганыои тило зарб шудаанд, ки дар тиоорати дохилию хориҷӣ нуфузи калон доштанд.

Мутобиқи таҳқиқоти бостоншиносон дар водии Вахш, асосан, ду шаҳри калон Ҳаловард ва Леваканд вуҷуд доштанд, кинҳо дар раванди кишваркушоиҳои араб ва тохтутози муғулон чандин бор хароб гашта, аз нав обод шудаанд. Шаҳри Ҳаловард дар фосилаи ду гузаргоҳ аз шаҳри Арҳанг (17 км аз дарёи Панҷ) ҷойгир буда, маркази водии Вахш ба шумор мерафт. Мувофиқи ақидаи бостоншиносон димнаи бостонии Кофирқалъа - бошишгоҳи подшоҳии аҳди Кушониёну Ҳайтолиён дар Ҳаловард воқеъ буд.

Дар асрҳои 6-7 низ Ҳаловард шаҳристон, куҳандиз ва девору бурҷҳои мудофиавӣ дошт ва атрофашро хандақи паҳну жарф (бараш 57 м) мепечонд. Ибодатгоҳи қадимии Аҷиннатеппа дар фосилаи 40 км қисмати шимолии Димнаи Кофирқалъа воқеъ буд, ҳафрито чандин муҷассамаи буддоӣ, аз ҷумла, муҷассамаи бузурги «Будо дар ҳолати нирвана» -ро (дарозиаш 14 м) пайдо намуданд.

Кофирқалъа маркази маъмурию қабулгоҳи ҳоким буда, маъбади муҳташами бутпарастие бо осори нақшу нигор ва тасвироти назаррабое дошт, ки ҳангоми истилои араб дар асри 8 ба харобазор табдил ёфтааст.

Шаҳри қадимии Ҳаловард низ ба сабаби маркази ойини будоӣ буданаш аз ҷониби арабҳо хароб гашта, шаҳристони нав дар фосилаи 12 км аз қисмати шимолу ғарби Кофирқалъа бунёд шуд ва номи пешинаашро нигоҳ дошт. Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон ба-шарири Ҳаловарди навбунёди аҳди ислом боқимондаҳои шаҳристони Лағмон ё худ Золи Зар (дар фосилаи 23 км аз Қӯрғонтеппа) рост меояд. Масоҳати ин шаҳристон тақрибан 100 гектар буда, атрофи онро қалъа ва бурҷҳои мудофиавӣ иҳота мекард. Ин шашр дар асрҳои 10-13 хеле обод шуда, чор дарвоза ва манораҳои дидбонӣ дошт. Шаҳристони навбунёди Ҳаловард соли 1221 аз ҷониби лашкари Чингизхон саросар хароб шуда, бадди аз истифода мондани наҳрҳои обёрии Кофир ва Ҷӯйбор чандон обод нагашт.

Шайри дигари водии Вахш - Леваканд дар фосилаи як гузаргоҳ аз Ҳаловард ва ду гузаргоҳ аз Пули Сангин воқеъ буд. Бостоншиносон Леваканди асримиёнагиро дар ҷойи шаҳристони Қӯрғонтеппа ва канортари он мешуморанд. Аз рӯйи пиндори бостоншиносӣ шаҳри Леваканд дар аҳди Кушониёну Ҳайтолиён вуҷуд дошта, ҳангоми кишваркушоиҳои ислом аз ҷониби Ҳошим ибни Бойинҷур (подшоҳи сулолаи Хуталоншоҳиён) дар қатори дигар шаҳрҳои водии Вахш идора мешудааст.

Мутобиқи маълумоти Ибни Ҳавқал ​​аз Балху Қубодиён роҳи калони корвонгард водии Вахш ва шаҳрҳои Ҳаловарду Левакандро убур намуда, то Пули Сангин ва аз он ҷо ба Вашгирд (Файзобод), Бадахшон ва Чину Ҳиндустон мерасид. Шаҳрҳо ва рустоҳои водии Вахш тавассути наҳри Кофир ва Ҷӯйбор обёрӣ мешуданд. Аз рӯйи маълумоти бостоншиносон дар канораҳои шарқии дарёи Вахш боқимондаҳои хатти наҳри Кофир падид омадааст, ки он 2,5 км аз шаҳри Сарбанд, аз ҷойи нисбатан баландтар сарчашма мегирифт. Ин-ҳрҳои обёрӣ то асри 13, яъне то замони истилои муғул мавҷуд буда, барои обёрию кишту кишоварзии водии Вахш хидмат мекарданд.

Бозёфти хазинаи Амударё дар водии Вахш таваҷҷуҳи мухлисони осори атиқа ва бостоншиносони англис (О.У.Френкс, А. Каннингем, Далтон ва дигарон) -ро ба худ кашид. Сайёҳону афсарони ҳукумати подшоҳии рус (Н.А.Маев, Н. И. Покотило, Д.Н. Логофет ва дигарон) дар бораи водии Вахш ва убургоҳи дарёи Ому, харобаҳои Тахти Қубод ва қалъаи Тахти Сангин дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 маюлумоти мухтасар дода бошанд ҳам, таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин водӣ тақрибан солҳои 40 асри 20 оғоз ёфт. Бори нахуст ба тадқиқи харобаҳои ҳудуди Вахш, Қубодиён ва Шаҳритуз экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи тамаддуни Шарқ (солҳои 1926 - 1927) бо сарварии Б.П. Денике дар минтақаи Тирмиз мароқ зоҳир намуд.

Таҳқиқоти ҷиддии бостоншиносӣ дар водии Вахш соли 1946 таҳти роҳбарии М.М. Дяконов дар харобаҳои Қалъаи Мири Қубодиён шурӯъ гардид. Бозёфтҳои Қалъаи Мир саҳифаи тозае дар тамаддуни аҳди қадими водии Вахш гардида, таҳқиқотҳои минбаъдаи бостоншиносиро идома бахшид.

Солҳои 1950 - 1951 ҳайати бостоншиносии водии Вахш бо сарварии М. М. Дияконов бори дигар дар харобаҳои шаҳристони Кайқубодшоҳ ва Тахти Қубод (ноҳияи Қубодиён) ҳафриёт анҷом дода, ба бозёфтҳои тоза ноил гардиданд. Шаҳристони Кайқубодшоҳ - ёдгори аҳди Кушониён дорои девори валангори қалъае буд, ки паҳнии он баъзан то 4 метр мерасид. Мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон деворҳои мудофиавии шаҳристони Кайқубодшоҳ 11 бурҷи берунӣ ва 9 бурҷи дохилӣ дошта, дарвозаики шимолии шаҳристон бо бурҷҳои иловагии дидбонӣ иҳота шуда буд.

Бозёфти басо нодир аз ин хароба ҷоми бузурги тилоие буд, ки дар як рӯи он шоҳи кушонии ҷавшанпӯш бо кулоҳи нӯгтез тасвир ёфта, дар рӯи дигари он Охшо дасти ростшро сӯйи назаргоҳи для датхона дароз карда, дар дасти чап сешохаи барҷастае дошт. Дар рӯи ҷом бо хатти юнонии аҳди Кушониён навиштаҷоти «Охшо» сабт шуда буд, ки ба дарёи Вахш будани он далолат мекард.

Андешаҳои М. М. Дяконов дар бораи харобаҳои Тахти Сангин ва шаҳристони Кайқубодшоҳ динайтий чандин бостоншиносро ба банашески воины Вахш ҷалб намуд. Тайи даҳсолаҳои баъдӣ гурӯҳи бостоншиносони водии Вахш бо сарварии А. М. Беленитский, Б. А. Литвинский, Т. И. Зеймал, Е. А.Давидович, Б. Я. Ставитский, В. С. Соловёв, А. Абдуллоев, И. Р. Пичикян ва дигарон дар илми бостоншиносӣ саҳифаҳои тоза афзуданд. Ҳафриёти бостоншиносии Тахти Сангин, ки соли 1976 сараввал таҳти сарварии Б. А. Литвинский оғоз гардида, сипас бо роҳбарии И. Р. Пичикян идома ёфтааст, дар тафсиру таснифи осори фарҳангӣ ва тамаддуну давлатдории аҳди қадими тоҷикон мадад намуд. Ҳафриёти бостоншиносӣ собит кард, ки Тахти Сангин ва Тахти Қубод дар чорсӯи роҳи тиҷоратии Эрону Рум ва Ҳинду Чин воқеъ буда,

Бозёфти аз ҳама ҷолиб маъбади бузурге буд, ки ба шарафи илоҳа Охшо бунёд гардида, дар ҷойи назаррабои бо ҳам пайвастани рудҳои Вахшу Панҷ ва оғоз ёфтани дарёи Ому воқеъ шуда буд. Дар миёнаҷойи маъбади Охшо толори бузурги мураббаъшакле ҷойгир буд, ки масоҳаташ 144 метри мураббаъро ташкил медод. Аз сарчашмаҳои қадимӣ бармеояд, ки дарёи Вахш ва Ому барои қавмҳои ориёӣ руди муқаддас буда, ба илоҳаи он Охшо бохтариёну суғдиён ва хоразмиҳо эътиқод доштаанд. Парастидани Охшо ба бошандагони канораҳои дарёҳои Вахш, Панҷ ва Ому хос буд.

Абурайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки мардуми Ходам иде бо номи «Вахшҳангом» доранд ва Вахш номи фариштаст нозири об ва нигаҳбони дарёҳои Вахшу Ҷайҳун. Ҳамин тариқ, тайи 50 соли охири асри 20 таҳқиқот ва ҳафриёти бостоншиносии водии Вахш, ки дар Қаълаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Аҷиннатеппа, Кофирқалъа ва ғайра сурат гифт, ба таъриху тамаддуни қадимаи тоҷикон саҳифаҳои наву арзишманд афзуд. Аз ёдгориҳои нодиря меъмория таърихӣ дар водие Вахш Теппаи Қӯрғон, Аҷинатеппа, Кофирқалъ, Чоргултеппа, Қизлартеппа, Эшонтеппа, Шаҳраки Кӯҳы, Теппаи Ҳазрати Баракат (ноҳияя Вахш), Қалъаи Мир, Тахтите Сангины, Қалъаи Қубодиёны (ноҳияи Қубодиён), Мадрасай Хоҷ Машҳад, Мақбараи Хоҷа Дурбад, Мақбараи Хоҷа Сартез, Қалъаи Кӯҳна, Бутхона (ноҳияи Шаҳритуз) ва ғайра боқӣ мондаанд, ки аз густариши осори меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар минтақа гувоҳӣ медиҳанд.

Ёдгории табиии Чихуорчашма дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав аз мужажтити водии Вахш аст, ки бо манзараҳои зебо ва оби шифобахшу ошомиданиаш сайёньонро ҷалб мекунад. Аз лиҳози ҷуғрофӣ сатҳи водии Вахш ноҳамвор буда, аз шимол ва ҷануб паст мешавад. Бо ҳамин самт дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон ҷорӣ мегарданд. Аз шимол ва ҷануб то дарёи Пань (110 км) тӯл кашидааст, бараш то 30 км. Масоҳташ 11, 4 км 2 .

Дар ташаккули сохти геологии он асосан таҳнишинҳои давраи полезой ва кайнозой афзалият доранд. Вобаста ба пайдоиши ҷинсҳои кӯҳии таҳнишин дар онҳо сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ бештар вомехӯранд. Ҳоло дар Вахш конҳои нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумла, гил, рег, шағал, гач, оҳаксанг ва ғайра таҳқиқ шудаанд. Дар поёноби дарёи Вахш мамнуъгоҳи «Полвонтӯғай» («Бешаи палангон») ҷойгир аст. Тарҳи имрӯзаи релефи водный дар давраи кайнозой вобаста ба кӯҳпайдоиши алпӣ сурат гирифтааст.

Водиро аз се тараф қаторкӯҳҳои Туюнтоғ, Боботоғ, Оқтоғ, Рангон, Қаратоғ ва Тераклитоғ иҳота кардаанд. Иқлими водии Вахш континентӣ ва субтропикии хушк аст. Тобистонаш ниҳоят гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл 28,9 - 31 0 С, баъзан то 46 0 С), зимистонаш нарм (ҳарорати миёнаи моҳи январ 0,9 - 3 0 С). Аз ин ҷиҳат ба иқлими сарзаминҳои Миср ва Ҳинд шабоҳат дорад. Давраи бесармо - аз 210 то 291 рӯз. Боришоти солона аз 200 - 300 то 361, 7 мм.

Дар водӣ хоки хокистарранг, дар баъзе қитъаҳо шӯрхок, дар ҷойҳои пасти назди сосоилҳои дарё хоки алювиалии бешагӣ ва марғзорию ботлоқӣ мавҷуд аст. Олами набототи водӣ гуногун аст. Дар заминҳои партов набототи биёбонию нимбиёбонӣ (явшон, шӯра) ва рустаниҳои хоклес (рондон, ҷорӯбак, ғеша, нахӯдак, лолахасак, бойчечак), дар тӯқайзори назди соеили дарёи Вахш дарахтони сафедор, дӯлона, туранға (буруҷ), санҷид, буттаҳои газ, инчунин ширинбуя, най, лух, эриантус мерӯянд. Дар боғҳо тут, зардолу олуболу, себ, нок, олуча ва ток нашъунамо мекунанд.

Аз олами хазандагон морҳои заҳрдори кубро, гурза ва мори афъӣ, сусмор, сангпушт бештар ба назар мерасанд. Дар тӯқайзор аз ҳайвонот холгул, заргӯш, гуроз, шағол, кафтор, рӯбоҳ, гурбаи найзор, аз парандагон тазарв, дуғдоғ, муғобӣ, лаклак ва ғайра вомехӯранд.

Дар мамнуъгоҳи «Полвонтуғай» («Бешаи палангон») охирин бабрро соли 1953 дидаанд. Дар кӯлу дарёҳо зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, сихмоҳӣ ва яке аз моҳиҳои қадимӣ - белмоҳӣ ҳастанд. Дар водӣ ҳашароти ба зироат, боғу токпарварӣ, чорводорӣ зиёновар низ паҳн гардидаанд. Аз нигоҳи хусусиятҳои иқлимӣ, шароитҳои водный барои парвариши зироатҳои техник) (пахтаи маҳиннах, анҷибар), меваҳои субтропикӣ (анор, анҷир, хурмо) ва ситрусӣ (лиму) мувофиқ аст.

Дар ҳолати норасоии боришот зироат ва рушди боғу токдорӣ аз обёрии сунъӣ вобастагии зиёд дорад. Бо инш мазсад аз оби дарёҳои Вахшу Кофарниҳон истифод мешавад. Онҳо аз барфу пиряхҳои баландкӯҳҳо ғизо гирифта, нафақат аҳамияти обёрӣ, инчунин манбаи истеҳсоли неруи барқ ​​низ мебошанд.

Дар гузашта тамоми водии Вахшро ботлоқу тӯғайзор ташкил дода, макони дарандагони ваҳшӣ ва ҳашароти газанда буд. Он баъди Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба куллӣ рушд ёфту эҳё гардид. Дар нимаи дувуми солҳои 20-уми асри 20 аз вилояти Ҳисор 460 оила ба ин водӣ ихтиёрӣ омада буданд. Сипас сафи онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ноҳияҳои Ғарм (ҳозира Рашт), Кӯлоб, Сари Хосор, Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан), Панҷакент ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд гардид. Сипас дар асоси қарори Комитеты Марказии Ҳизби Коммунистӣ (б) Тоҷикистон аз 9.11.1932 аз ноҳияҳои Ғарм (ҳозира Рашт), Обигарм, Файзобод, Данғара ва ғайра тақрибан 1000 оила иҷборан ба водии Вахш кӯчонида шуд. Пас аз солҳои 1936 мухоҷир кардани одамон ба як низоми муайян даромад. Муҳоҷир кардани аҳолӣ барои ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ва рушду эҳёи Вахшонзамин мусоидат намуд. Барои корҳои дохилии сохтмон 300 асп, 2000 шутур истифода бурда шуд. Дар муддати кӯтоҳ сарбанди асосии Канали Магистралии Вахш (дарозиаш 18 км), каналҳои Қумсангир (60 км), Оқгаза (17 км), шабакаҳои обёрии бузургу хурд, 2534 адад иншооти гуногуни гидротехникӣ сохта шуданд.

Навбати аввали сохтмон соли 1938 анҷом ёфт. Сохмони Канали Калони Вахш (1933) водиро ба манбаи асосии парвариши пахтаи маҳиннах табдил дод. Солҳои минбаъда заминҳои даштҳои Ӯртабуз, Кофир, Қумсангир, Ангазӣ, Ғаравутӣ, водиҳои Бешкент, Даҳанаву Обикиик, Ёвон ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли 1936 хоҷагиҳои водӣ 39,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуданд ва дар давоми солҳои 1932 - 1936 истеҳсоли умумии он 8 баробар афзуд. Вахш дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз минтақаҳои рушдкардаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ҳоло дар ҳудуди водӣ корхонаву ширкатҳои саноатии ҶС «Элита», ҶС «Сомон-ЛТД», ҶДММ «Сафари Кот-Инвест», ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод», ҶДММ «Насими Вахш», ҶСШК «Равғани Киров», ВКД «Шароб», ҶДММ «Леваканд», ҶДММ «Азия-Восток», ҶДММ «Унверсал» (ноҳияи Вахш), корхонаи хусусии истеҳсоли хишти «Сиддиқ», ҶДММ «Континентал», ҶДММ «Ресандаи Хатлон», ҶДММ «Ганҷи Вахш», ҶДММ «Ситораи Шарқи озод», корхонаҳои коркарди пахтаи «Бахтиёр», «Заргари Тоҷиддин», «Файзалӣ Саидов», ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Котон-Асрор» ва «Котон -Сӯҳроб» , «Фароз» (коркарди решаи ширинбия, ноҳияи Бохтар), «Фурӯзон», «Пахтаи Рушди Хатлон», «Хайридини тоҷир», «Сироҷиддини Илҳом», «Сементи рушди Хатлон», «Техмаш», «Орди рушди Хатлон »,« Коттон-Сорбон »,« Эмом -2010 »,« Пластик », ҶСК« Таъминоти Хатлон », ҶСП« Корхонаи муштараки Тоҷик-Азот », ҶСШП« Эҳёи Сарбанд »(шаҳри Сарбанд), «ҶСШП« Ройи нав »,« Истиқлол - 2010 »,« ҶСК «Химстрой», ҶСК «Тоҷикхимпром», «Махал», Мед »(ноҳияи Қубодиён),« Муҳаммадидрис »,« Равшан »(ноҳияи Хуросон),« Дунёи панир »,« Орди Хатлон »,« Равғани Сомонӣ »,

Барои беҳтар гардидани алоқаи иқтисодии дохилӣ ва бурунмарзӣ роҳҳои водӣ таъмиру тармим гардида, ба шоҳроҳҳои ноҳияҳои дигари Тоҷикистон ва роҳҳои бурунмарзӣ пайваст карда шуданд. Ҳамаи ин барои ба берурдани маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба дараҷаи баланди инкишоф расонидани иқтисодиёти Вахш, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

 ҚАТОРКӮҲИ ВАХШ

Қаторкӯҳи Вахш дар байни силсилаи қаторкӯҳҳои Тияншон ва Помиру Дарвоз, бахшгоҳи водии дарёҳои Вахш ва Қизилсӯ ҷойгир аст. Аз ин ҷо минтақаи ноустувори сейсмикӣ қад-қади ба ҳам пайвастшавии таҳшиниҳои давраи полеозойи Тоҷикистони Марказӣ ва мезокайнозойи Тоҷикистони Ҷанубӣ аз ғарб ба шарқ (Қаратоғ, Файзобод, Оби Гарм, Тоҷикобод) мегузарад. Аз шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб ба масофаи 80 км тӯл кашидааст. Доманаи шимолу ғарбӣ рост фуромада, шимолу шарқиаш моил мебошад.

Баландиаш ба ҳисоби миёна 1500 -2000 м, қуллаи баландтаринаш - Ҳазрати Шоҳ (3141 м). Аз қисми марказии қаторкӯҳи Вахш ба ҷануб кӯҳе ҷудо мешавад, ки Илонтоғ ном дошта (баландиаш то 1769 м), бахшгоҳи водии дарёҳои Қизилсу (181 км) ва Тоҳирсу (149 км) мебошад. Дар ин минтақа то 9 бал (дараҷа) заминларза низ ба қайд гирифта шудааст, баромадани чашмаҳои оби гарм низ хос мебошад. Сохти геологии қаторкӯҳи Вахш асосан аз таҳнишинҳои давраи мезозой иборат аст. Қаторкӯҳи Вахш аз конгломерат, регсанг, оҳаксанг ва гилҳои давраи табошир таркиб ёфтааст. Иқлимаш хушки континенталӣ; тобистонаш гарм, зимистонаш нарми муътадил. Ҳарорати январ аз - 4 о С то - 7 о С, июл аз 22 о С то 24 оС тағйир меёбад. Боришоти солона дар доманакӯҳ то 800 мм, дар баландкӯҳ то 1200 мм. Хоки қаторкӯҳи Вахш қаҳваранги одӣ ва қисман марғзорӣ, даштӣ, баландкӯҳӣ, ҷигарранги карбонатии кӯҳӣ мебошад.

Олами набототаш гуногун буда, вобаста ба релйеф, хок, боришот набототу дарахту буттаҳо хуб паҳн гардидаанд. Аз дарахту буттаҳо дар нишебиҳои кӯҳӣ зарранг, фарк, каданг, арча, писта, бодом, дӯлона, санҷид, хуч, ирғай ва ғайра; аз алафҳо бомус, гандумак, юған, камол, кокутӣ, ҷавак ва ғайра паҳн гардидаанд. Алафзорҳо чарогоҳҳои тобистонианд. Дар қаторкӯҳи Вахш аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, гуроз, шағол, рӯбоҳ; аз хазандаҳо морҳои заҳрдори кубро, гурза, афъӣ, сусмор, сангпушт; аз парандаҳо гунҷишк, парасту, кабк, бедона ва ғайра вомехӯранд.

НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш, ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 6 январи соли 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ гаштааст. Вахш аз шимол ба шаҳри Сарбанд, аз шарқ бо навоҳии Данғараву Фархор, аз ҷануб бо ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва аз ғарб бо ноҳияи Бохтар ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати ноҳия 965,11 км 2 буда, шумораи аҳолиаш ба 1 январи соли 2016-ум 183700 нафарро ташкил менамояд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км 2 -160,4 нафар. Дар ноҳия 2 ҷамоати шаҳрак, 5 ҷамоати деҳот, 20 корхонаи саноатӣ, 3 ширкати сохтмонӣ, ҷамъияти матлубот, корхонаи коммуналӣ, 2 хоҷагии давлатӣ, 1 хоҷагии ҷамоавӣ ва зиёда аз 6000 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст.Маркази ноҳия - шаҳраки Вахш ба ҳисоб меравад.

Ҳудуди ноҳия асосан ҳамвор буда, аз сатҳи баҳр 400 - 500 м баланд аст. Дар қисми шарқиаш баландиҳо воқеъ буда, тадриҷан ба қаторкӯҳҳои Тераклӣ мегузаранд. Сарватҳои зеризаминиаш - масолеҳи бинокорӣ (гил, рег, шағал). Иқлими Вахш континентии субтропикист. Тобистон - гарми хушк, давомнок. Ҳарорати миёнаи июл - 28,9 0 С, гармтаринаш - 43 0 С. Зимистон нарми камбарф. Ҳарорати миёнаи январ - 0,9 0 С. Боришоти солона 260-270 мм. Давраи нашв (аз 5 0 С зиёд) - 300 рӯз.

Дар Вахш бештар хоки хокистарранг, дар қисми ҷануби ғарбиаш шӯрхок дида мешавад. Рустаниҳояш нимдаштӣ (ғешаю ҷорӯбак). Аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, шағол, рӯбоҳ, аз хазандаҳо мор, сангпушт, аз парандаҳо гунҷишк, фароштурук, кабк, бедона ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад. Заминҳо ба воситаи наҳри магистралии Вахш, ки аз он ҷӯю наҳрҳои дигар ибтидо мегиранд, обёрӣ мешаванд. Барои обшӯи заминҳо як қатор пойгоҳҳои насосӣ кор мекунанд ва инчунин чоҳу заҳбурҳо низ канда шудаанд.

Ноҳияи Вахш аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, боғдорӣ, чорводорӣ ва пиллапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Соли 2003 дар Вахш 4 хоҷагии давлатӣ ва 5200 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд буданд. Майкони умумии заминҳои хоҷагӣ 155270 га, аз ҷумла, заминҳои обӣ 22349 га, заминҳои корам 16696 га, пахтазор 9500 га, майдони боғ 842 га, тутзор 80 га, зроатҳои ситрусӣ ва субтропикӣ 45 га, токзор 409 га, чаходҳ 197411 га. Аз зироати ғалладона гандум, ҷав, шолӣ ва ҷуворимакка мекоранд. Обувь ҳавои Вахш барои боғу токдорӣ ва зироати ситрусӣ - лиму мувофиқ аст.

Дар ноҳия (2012) 6 ҳазор тонна гӯшт, 18,2 ҳазор тонна шир, 2 млн дона тухм, 24 ҳазор тонна пахта, 16 тонна пила, 17 ҳазор тонна картошка, 2,8 тонна меваҷот, 51,9 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст , Соҳаи дигари мухими хоҷагии ноҳия - чорводор. Саршумори чорво дар ҳамаи бахшҳо (1.1.2013), ба ҳисоби сар): гов 35320 сар, модагов 18159 сар, гӯсфанду буз 115257 сар, парандаҳо 87544. 

Дар ҳудуди ноҳия корхонаву ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла, ҶС «Элит», ҶС «Сомон-ЛТД», ҶММ «Сафари Кот-Инвест», ҶММ «Беҳрӯзи Мурод», ҶММ «Насими Вахш», ҶСШК «Равғани Киров», ҶДММ « Насими кӯҳсор », ҶММ« Леваканд », ҶММ« Азия-Восток », ҶММ« Унверсал »фаъолият доранд.

Аз ҳудуди ноҳия то роҳи оҳани сербари Тирмиз - Қӯрғонтеппа - Ёвон мегузарад. Роҳҳои автомобилгард Вахшро бо шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе пайвастаанд.

Дар тобеияти беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи мнтақавӣ, маркази тиббии оилавӣ, 13 маркази саломатии деҳот, 6 дорухона, 47 бунгоҳи саломатӣ, маркази давлатии бегдоштӣ (сантарию эпидемеологт), шифохонаи зидди бемориҳои сил, шифохонаи бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия мавҷуд буда, дар онҳо 188 духтури магуломоти олидор ва 601 нафар корманди маълумоти миёнаи тиббидор фаъолият доранд.

Соли хониши 2017/2018 дар ноҳия 64 мактаб, аз ҷумла, 50 муассисаи таълимии умумӣ, 14 мактаби таҳети асосӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, литсей, мактаб-интернат, 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 1 маркази корҳои иловагӣ, маркази технологияи иттилоотӣ ва маркази дарёфти рушди истеходҳо арзи вуҷуд дорад, ки ба онҳо 2003 омӯзгор машғули тадрису таълим мебошанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш 5 хонаи фарҳанг, 15 клуб, 36 адад китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби рассомӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ мағозаи китоб мавҷуданд.

Ҳавзи шиноварии болопӯшида, 1 шазрчаи гимнастикӣ, 1 майдони теннис файолият мебаранд, 1 майони, Дар ноҳия 3672 нафар варзишгар, аз ҷумла, зиёда аз 10 нафар мурабских соҳа, 2 нафар варзишгари унвондор ҳастанд.

Ёдгориҳои таърихии Вахш Аҷиннатеппа, Чоргултеппа, Қизлартеппа, Теппаи Ҳазрати Баракат ба ҳисоб мераванд. Рӯзномаи ноҳиявӣ низ «Вахш» ном дорад.

Аз ноҳияи Вахш

 

 

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top