Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ НОҲИЯ

Абдуллозода Саидбек Абдулло соли 1967 дар қишлоқи Будёни ноҳияи Данғара, дар оилаи механизатор таваллуд шудааст. Солҳои 1974-1984 дар мактаби №11-и ноҳияи Данғара таҳсил намуда, соҳиби маълумоти миёнаи умумӣ мегардад. Солҳои 1984-1991 таҳсили худро дар Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон давом дода, соҳиби ихтисоси агроном мешавад. Солҳои 2010-2014 дар факултаи гидромелиоративӣ, шуъбаи заминсозии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил карда, дорои маълумоти дуюми олӣ мегардад.

Аз соли 1985 то 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат намудааст. Аз соли 1991 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси испектори сифати маҳсулоти Раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Кӯлоб оғоз менамояд.

Солҳои 1991-1993 агрономи калони стансияи муҳофизати растаниҳои ноҳияи Данғара, солҳои 1993-1996 сариқтисодчии совхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Данғара, солҳои 1996-1997 сарагрономи ҳамин хоҷагӣ, солҳои 1997-1998 ҷонишини сардори ситоди №14969-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1998-2005 ҷонишини директори ҶДММ «Равғани Киров»-и ноҳияи Вахш, мутахассиси КДФ «Зарзамин»-и Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, солҳои  2005-2007 раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Сарбанд, солҳои 2007-2010 раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Вахш, солҳои 2010-2015 раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Қӯрғонтеппа шуда кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 2015 то имрӯз муовини якуми раиси ноҳияи Вахш мебошад.

Мавсуф аз соли 2000-ум узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Аз моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз участкаи интихоботии №3-и шаҳраки Вахш интихоб гардидааст.

Оиладор ва соҳиби 6 нафар фарзанд мебошад.


МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ

Фариштамоҳ Зоҳидзода 8-уми марти соли 1965 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадаст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш солҳои 1981-1985 дар корхонаи пахтатозакунии №6-и ноҳияи Москва фаъолияти кориашро оѓоз менамояд.

Солҳои 1985-1990 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе таҳсил карда, донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси омӯзгори химия ва биология ба итмом мерасонад. Дар солҳои 1990-1995 ба ҳайси омӯзгори фанни химия ва биологияи мактабҳои №1 ва №56, солҳои 1995-2001 мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва омӯзгори фанни химия ва биологияи мактаби №56 шуда кор кардааст. Солҳои 2001-2005 дар вазифаи директори мактаби №1-и ноҳияи Вахш, солҳои 2005-2006 муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва солҳои 2006-2009 директори мактаби №56 ноҳияи Вахш таъин шуда кор кардааст.

Солҳои 2009-2011 дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи илм ва маорифи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, солҳои 2011-2012 сардори Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон шуда, адои вазифа намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2012 то ба имрӯз дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш кор мекунад.

Мавсуф оиладор буда, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш низ мебошад. 


МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ

Абдуқаҳҳор Файзуллозода аз моҳи июли соли 2012 дар мансаби муовини раиси ноҳияи Вахш кор мекунад. Ӯ 16 апрели соли 1961 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст.

Соли 1983 Политехникуми ордени Байрақи Сурхи Меҳнатдори шаҳри Душанбе ва соли 2008 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисос муҳандис-гидромели-оратор хатм мекунад.

Мавсуф солҳои 1977-1983 корманди Раёсати сохтмон ва таъмирии ноҳия, 1983-1984 корманди Трести «Вахшобсохтмон», 1984-1986 устои калонаи сайёри механиконидашудаи №3-и ноҳия, 1986-1987 мудири ҷойисти мошинҳо (гараж)-и сайёри механиконидашудаи №3-и ноҳия, 1987-1989 прораби сайёри механиконидашудаи №3, 1989-1991 прораби калонаи сайёри механиконидашудаи №3, 1991-1993 мудири шуъбаи заводи асфалту бетони калонаи сайёри механиконидашудаи №3, 1993-2001 сардори калонаи сайёри механиконидашудаи №3, 2001-2007 сардори Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия, 2007-2012 сардори Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдусалом» кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 2012 то ба имрӯз дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Вахш (оид ба соҳаи сохтмон ва мелиоратсия) фаъолият дорад.

 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top