Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷамоати шаҳраки Вахш

Ҷамоати шаҳраки Вахш 27-уми декабри соли 1937 ташкил шуда, ба ҳайати ноҳияи Қӯрғонтеппа дохил буд. Масофа аз маркази вилояти  Хатлон, шаҳри Бохтар то шаҳраки Вахш 15 км-ро ташкил медиҳад. Шаҳраки Вахш аз ҷониби меъмор Карамов тарҳрезӣ шуда, он дар давраи соҳибистиқлолӣ бо биноҳои наву замонавӣ симояшро ба куллӣ тағйир додааст.

Аҳолии ҷамоати шаҳраки Вахшро дар соли 2017-ум 15180 нафар, аз инҳо 7724 нафар зан ва 7175 нафар мардон ташкил медиҳанд. Аз ҷамоати мазкур дар мусофирати меҳнатӣ 281 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Аз шумораи умумии аҳолӣ 10511 нафар тоҷик, 4512 нафар ӯзбек, 102 нафар рус ва 55 нафарро миллатҳои дигар ташкил медиҳанд.

Дар ҳудуди ҷамоат 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи техникии № 60 ва 1 маркази корҳои иловагӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 1735 нафар,  №2 1352 нафар, №56 954 нафар хонанда, литсейи ноҳиявӣ 468 нафар ва литсейи техникии №60 422 нафар донишҷӯ ва дар маркази корҳои иловагӣ 251 нафар талаба, дар умум 3830 нафар толибилмонро дар бар мегирад.

Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ҷамоати шаҳрак дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон, мизу курсӣ, воситаҳои техникӣ ва асбобу ашёи таълимӣ таъмин мебошанд. Илова бар ин дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Вахш 4 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки ба 690 кӯдакон таълиму тарбия медиҳанд. Ҳамчунин дар ҷамоати мазкур 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 1 беморхонаи касалиҳои пӯст, 1 маркази даҳонпизишкӣ ва маркази даҳонпизишкии хусусӣ фаъолият менамоянд.

Солҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур ҳамагӣ 1 дорухона фаъолият менамуд, вале дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи дорухонаҳо ба 16 адад расидааст, ки ин аз дастовардҳои замони нав дарак медиҳад. Сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоати шаҳраки Вахш нисбат ба солҳои пешин дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтару беҳтар ба роҳ монда шудааст. 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top