Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷамоати шаҳраки Киров

Ҷамоати шаҳраки Киров 16-уми апрели соли 1938 ташкил ёфтааст. Ҷамоат аз 15 кӯча, 20 деҳа иборат буда, дар он 5506 хоҷагӣ бо шумораи 40590 нафар аҳолӣ, аз ҷумла 20538 мард, 20052 зан истиқомат мекунанд.

Муассисаҳои таълимии ҷамоат ҳамагӣ 12 ададро ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии ҷамоати мазкур омӯзгорон 357 нафар, аз он 163 нафар зан, дорои маълумоти олӣ 257 нафар, аз ҷумла занон 100 нафар, 7900 хонанда, аз инҳо 4237 нафар писар, 3663 нафар духтарон мебошанд.

Дар МТМУ-и №6 сохтмони 4 синфхонаи иловагиро ба маблағи 48 ҳазору 841 сомонӣ бо саҳмгузории аҳолии шаҳрак ба тарзи ҳашар сохта ба анҷом расонидаанд.

Дар МТМУ №22-и ҷамоати шаҳраки Киров сохтмони бинои дуошёнаи 8 синфхонаи иловагидошта бо маблағи 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ аз тарафи намояндагони Ҷумҳурии Олмон сохта  истодаанд, ки дар арафаи анҷомёбист. Инчунин аз 6 июни соли 2016 сохтмони як бинои иловагӣ, иборат аз ду ҳуҷра, яке сехи дӯзандагӣ ва дигараш устохонаи дуредгарӣ барои бачагон дар саҳни МТМУ №22 сохтмонаш оғоз гардидааст.

Дар деҳаи Мардатсой чойхона ва утоқи кории раиси маҳалла, дар деҳаи Чоргултеппа бунёди бунгоҳи тиббӣ ва утоқи кории раиси маҳалла, дар деҳаи Боҳтуробод бунёди филиали МТМУ №80 сохтмони 5 синфхона, дар деҳаи Янгиер бунёди филиали МТМУ №8 сохтмони 4 синфхона, дар деҳаи Оқгаза бунёди боғчаи кӯдаконаи томактабӣ, дар деҳаи Оқгаза бунёди утоқи кории нозири минтақавии ШВКД, чойхона, дар деҳаи Навобод бунёди филиали МТМУ №48 сохтмони 4 синфхона, дар деҳаи Шаршар бунёди утоқи кории раиси маҳалла ва ду синфхонаи иловагӣ, дар деҳаи Ҳосилобод бунёди ду синфхонаи иловагӣ дар мактаби №72 ба анҷом расид. Дар деҳаи Боҳтуробод сохтмони дорухона аз тарафи шаҳрванд Ҳоҷӣ Валиев, дар деҳаи Навобод бунёди бунгоҳи тиббӣ аз тарафи шаҳрванд Тӯраев X. дар деҳаи Оқтеппа бунёди бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Қизилсой бунёди бунгоҳи тиббӣ (пеши насоси 3-юм), дар деҳаи Ленин бунёди китобхона, утоқи кории раиси маҳалла, дар кӯчаи Навоии маркази шаҳрак бунёди чойхона, дар деҳаи Ленин чойхона бунёд шудааст.

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров ду адад боғчаи бачагонаи доимоамалкунанда фаъолият мекунанд. Дар боғчаи №5, ки роҳбараш Мастона Султонова мебошад, 64 нафар кӯдак ва дар боғчаи №6, ки роҳбараш Шаҳноза Хоҷаева мебошад, 68 нафар кӯдак тарбия мегирад.

Иншоотҳои фарҳангӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров 5 адад мебошанд. Аз ҷумла, китобхона 4 адад, маркази ҷавонон 1 адад мавҷуд аст.

Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Киров 1 беморхонаи марказии  №3, 12 бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд. Коркунони тиббӣ дар ҷамоат ҳамагӣ 65 нафар, аз инҳо 5 нафар бо маълумоти олӣ, 31  нафар бо маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, 28 нафар коркунони техникӣ ва фаррошон мебошанд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top