Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи

Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш соли 1952 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 38000 км2 мебошад. Ҷамоат бо ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Бохтар ҳамсарҳад буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 18 км воқеъ мебошад. Ҷамоат 14 деҳа дошта, аҳолиаш  34306 нафар, аз ҷумла мардҳо 17994, занҳо 16312 нафарро ташкил мекунанд.

Дар ҳудуди ҷамоат 4130 оила мавҷуд буда, шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ мебошад.

Дар 2125 га заминҳои корами обии ҷамоат 1700 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, асосан ба истеҳсоли пахта, ғалла, меваю сабзавот ва боғдорӣ машғул мебошанд.

Мардуми меҳнатдӯсти ҷамоати деҳоти Тоҷикобод дар соҳаи кишоварзӣ ба комёбҳои калони меҳнатӣ ноил гардидаанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ба пахтакорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоту картошкаи барвақтӣ машғул буда, дар давоми сол натанҳо шаҳрвандони ноҳия, балки бозорҳои шаҳрҳои Бохтару Душанберо низ бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Аҳолии деҳаҳои Роҳи Нав, Пролетар, «1-уми май» ва Ҳаваскор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар гармхонаҳо ба парвариши сабзавоти барвақтӣ низ машғул мебошанд.

Симои зоҳирии маҳаллаҳои истиқоматӣ низ хуб гардида, биноҳои истиқоматии ҳозиразамон ва иншоотҳои маишӣ ва маданӣ сохта шудаанд. Роҳҳои ҳудуди ҷамоат қисман сангфарш ва қисми дигаре мумфарш карда шудаанд. Корҳои ободонию созандагӣ сол то сол зиёд гардида, барои ҳаёти хубу осоиштаи мардум шароитҳо муҳайё шудаанд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикобод 8 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 беморхона, 35 нуқтаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, 6 корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба мардум хизмат расонида истодаанд.

Дар ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ҷамоат 303 омӯзгор ба 6899 нафар хонандагон таълим медиҳанд. Омӯзгорони дорои маълумоти олии омӯзгорӣ 228 нафарро ташкил дода, аз онҳо 8 нафарашон бо категорияи олӣ мебошанд. Хизмати омӯзгорон Аҳмадов Садриддин, Мирзоев Сироҷиддин, Зайниддинов Ҷонмаҳмад, Солиев Алимаҳмад, Содиқов Саидбек, Азимов Ғайрат дар таълими насли наврас хеле намоён мебошанд.

Дар ободу зебо гардонидани ҷамоати деҳоти Тоҷикобод саҳми собиқадарони меҳнат: Зайниддинов Зиёвуддин, Мирзоев Мулло, Ҳомидов Мусофир, Турдиалиев Абдуҳалим, Тӯйчиев Ҳайдаралӣ, Додов Миркомил, Маҳмадуллоев Гурез, Сурхаков Умар, Мӯсоев Хайрулло бузург мебошад.

Дар ҳудуди ҷамоат муассисаҳои тиббӣ ба мардум ҳамарӯза хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин муассисаҳо 8 духтури калон ва 47 ҳамшираи шафқат хизмат расонида истодаанд.

Имрӯзҳо мардуми заҳматкаши ҷамоати деҳоти Тоҷикобод бо меҳнати ҳалол ба корҳои ободонию созандагӣ машғул буда, роҳу кӯчаҳои деҳаҳоро ободу зебо намуда истодаанд.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top