Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар аввал ҷамоати деҳоти Оқгаза ном дошт, ки он 7.04.1956 таъсис шуда буд.

25-уми августи соли 2010 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд ва дар кушодашавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур ҷойгир мебошад, иштирок намуда, зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки номи ҷамоати деҳоти Оқгаза бо номи ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иваз карда шавад. Дар асоси протоколҳои маҷлисҳои умумии сокинони деҳаҳои ҳудудии ҷамоат, ки 20 деҳаро дар бар мегирифт, мутобиқи моддаи 21, 23-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», маҷлиси ҷамоати деҳоти Оқгаза аз 21.09.2010,№15 қарор қабул кард, ки тибқи он номи ҷамоати деҳоти Оқгазаи ноҳияи Вахш ба ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» таъғйир дода шуд.

Аз соли 2012 ҷамоати мазкур номи ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-ро дорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 20 деҳае, ки дар ҳудуди ҷамоати мазкур қарор доранд, номи 9-тои он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ набуда, маънои онҳо ба сокинони он деҳа нофаҳмо буд. Аз ин рӯ, дар асоси протоколи маҷлиси умумии сокинони ҳамон деҳаҳо дар номи деҳаҳо низ ба тартиби зайл таъғирот дароварда шуд: деҳаи Сафедов ба деҳаи Сафедоб, деҳаи Роҳи Ленин ба деҳаи Баракат, деҳаи Янги-юл ба деҳаи Иттифоқ, деҳаи Чакалов ба деҳаи Меҳнат, деҳаи Комсомол ба деҳаи Чорбоғ, деҳаи Ленинград ба деҳаи Зархез, деҳаи Тошробод ба деҳаи Д. Зардов, деҳаи 70-солагии Октябр ба деҳаи Бӯстон.

 Шумораи аҳолии ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» зиёда 35700 нафар буда,зиёда аз 4300 хоҷагиро ташкил медиҳад.

Барои хубтару беҳтар гаштани зиндагии мардум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995-1997 ба мардум замини ёрирасонӣ ҷудо карда шуд, ки мардум аз ҳисоби заминҳои ҷудогардида шароити зиндагиашонро хубтар намуданд.

Дар ин давра мардуми ҷамоат тарзи коркард, кишт, истеҳсол ва рӯёнидани ҳосилро хуб дарк намуданд ва аз он самаранок истифода мебаранд ваандози замини хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ ва амволи дар ихтиёр доштаашонро сари вақт пардохт менамоянд. Мувофиқи иҷрои барномаи соҳаи кишоварзӣ дар бахшҳои хоҷагидорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, наслпарварӣ ва дигар соҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Тибқи дастури супоришҳои Роҳбари давлат пахтакорӣ дар ҳудуди ҷамоати мазкур яке аз соҳаҳои асосии бахши кишоварзӣ боқӣ монда, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ба парвариши пахта машғул шуда, аз он даромади зиёд ба даст оварда истодаанд. Айни ҳол сатҳи зиндагии аъзоёни хоҷагии пахтакор назар ба солҳои пешин баландтар гардидааст.

Соҳаи боғу токпарварӣ дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сол ба сол боғҳои кӯҳна барқарор гардида, боғҳои нав бунёд шуда истодаанд.       

Дар давоми 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур тағйирот ва пешравиҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар давраи аввал дар ҳудуди ҷамоат 4 хоҷагии калони кишоварзию чорводорӣ амал мекард. Дар ин давра, аз 4 хоҷагӣ 1 хоҷагии тухмпарварии «Кӯлоб» боқӣ монда, дигар хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурд тақсим карда шуданд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ то имрӯз 900-то мебошад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ саҳмдорон соҳиби замин гашта, аз он самаранок истифода мебаранд. Аз як замин дар давоми сол ду-се ҳосил рӯёнда, буҷети хоҷагиашонро мустаҳкам менамоянд.

Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаи асосӣ, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти гӯшту шири худӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ҷамоат саршумори чорво, паранда, оилаи занбӯри асал, истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир ва тухм то ин давра зиёд гардида истодааст.

Ҳамасола ҷиҳати таъмини нақшаи содиротии маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар имкониятҳои хело калон ба миён омадааст. Хоҷагиҳо аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсолкардаашон аз қабили пиёз, картошка, полезиҳо ва ғайраҳо ба хориҷӣ кишвар содирот намуда истодаанд, ки ин дастовардҳои давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Оид ба ташкили фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва воридотии технологияи муосир дар ҳудуди ҷамоат дар ин давраи як корхонаи хурди ҶДММ «Насими кӯҳсор»,

дар деҳаи Чорбоғ сехи навӣ замонавӣ ба коркарди меваю сабзавот машғул аст. Дар деҳаи Пахтакор корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Сомон- LTD» кор карда истодааст. Барои таъмини саривақтии аҳолӣ бо маводи хӯрокӣ, молҳои ниёзи мардум, маводи сӯхт, сӯзишвории нефтӣ ва ангиштсанг дар ҳудуди ҷамоат мағозаҳои замонавӣ, нуқтаҳои фӯруши сӯзишворӣ, нафту газ ва ангишт сохта ва ба истифода дода шудааст.

Бояд қайд кард, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» корҳои зиёд ба анҷом расид ва алҳол идома доранд. Аз 10 МТМУ-и ҳудуди ҷамоат МТМУ-и рақами №10 ба пуррагӣ аз нав ба таври замонавӣ сохта ва ба истифода дода шуд. МТМУ-ҳои №13, 4, 67 сохта ва ба истифода дода шуд. 2 маркази саломатии деҳотӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ сохта ва ба истифода дода шудаанд. Дар назди МТМУ-и №21, 19, 4 синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд. Инчунин 3 китобхона дар ин давра ба истифода дода шуд. Дар ҳудуди ҷамоат боғчаи кӯдакону наврасони «Офтобак» ва «Моҳтобак» амал мекунанд. 

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top