Сомонаи Президент

                                                               Веб сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Муфассал

Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

Маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ

Муфассал

Ҳисоботҳо

Ҳисоботҳо дар бораи фаъолияти кории мақомот...

Муфассал

Расмҳо

Расмҳои чорабиниҳо дар мақомот ва ноҳияи Вахш…

Муфассал

Тамос бо мо

Маълумот дар бораи  рақамҳои телефон ва суроғаи мо...

Муфассал

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МАШЪАЛ

Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш соли 1977 ташкил ёфта, он аз 15 деҳа иборат мебошад, ки дар онҳо 3317 оила бо теъдоди  20332 нафар сокинон истиқомат мекунанд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Машъал асосан ба чорводорӣ, пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва обчакорӣ машғул буда, соҳаи чорводорӣ дар ин ҷамоат хеле ривоҷу равнақ ёфта, шумораи чорвои майдаи шохдор ба 60 ҳазор ва чорвои калони шохдор ба зиёда аз 3, 5 ҳазор расидааст.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Машъал 56 ҳазор гектар замини чарогоҳ мавҷуд буда, дар ин замина ду хоҷагии калони чорводории «Машъал», «Чорводор» ва 60 хоҷагии хурди чорводорӣ амал менамояд. Дар ҷамоати деҳоти Машъал чорвопарварони бомаҳорат ва кордон зиёд буда, онҳо дар рушду тараққӣ додани намудҳои беҳтарини чорво саҳми арзанда гузоштаанд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд Саидқул Чориев, Тоҳир Донаев, Эргаш Рустамов, Расул Маҳмадназаров, Сулаймон Кенҷаев, Давлат Сафаров ва дигарон, ки эшон аз 1000 то 3000 сар гӯсфанди хушзоти ҳисорӣ, туркӣ ва қароқулиро парвариш карда, бозорҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Душанберо низ бо гӯшти хушсифат таъмин менамоянд.

 Дар ҳудуди ҷамоати мазкур 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби миёнаи нопурра, 6 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 2 маркази саломатӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 2 клуб ва 3 китобхона фаъолият мекунанд.

Майдони умумии заминҳои корами ҷамоат 2606 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 1430 гектараш заминҳои корами обӣ мебошанд. Дар миқёси ҷамоати мазкур 452 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ кор ва фаъолият менамоянд. Шуғли асосии аҳолии ҷамоат кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Дар ҷамоати номбурда 5 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 17 мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва 2 бозори савдои умумӣ мавҷуд мебошанд.

Дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷамоати деҳоти Машъал бисёр дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Сохтмони 12 мактаби замонавӣ ба анҷом расидааст, ки онҳо бо тамоми лавозимоти мактабӣ, мизу курсӣ ва компютерҳо таъмин мебошанд. Як маркази саломатӣ ва ду бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ин давра зиёда аз 10 мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва 1 бозори савдои умумӣ бунёд гаштааст, ки айни замон ба мардум хизмат расонида истодааст.

МИМҲД ноҳияи Вахш

Суроға: ноҳияи Вахш,
кӯчаи И. Сомонӣ.  
Телефон: +992 (3246) 2-32-33.
Индекс: 735140.

Scroll to top